Аз муовини дабири кулли СММ хостанд, масъалаи Бадахшонро матраҳ кунад

Амина Муҳаммад, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид барои ширкат дар конфронси байналмилалии об ба Душанбе сафар мекунад.

Як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ аз Амина Муҳаммад, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хостааст, зимни сафараш ба Тоҷикистон, бо мақомот масъалаи Бадахшон ва нооромиҳои ахир дар он вилоятро дар миён бигузорад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, бо нашри як баёния дар рӯзи 3-уми июн гуфт, сафари муовини дабири кулли Созмони Милал ба Осиёи Марказӣ дар замони бисёр муҳиме сурат мегирад, чун дар минтақа нигарониҳои зиёде аз нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла қатли ғайринизомиён ба дасти неруҳои амниятӣ, боздошти ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон, маҳдуд кардани озодии гирдиҳамоӣ ва ҳуқуқи занон вуҷуд дорад.

Қарор аст, Амина Муҳаммад рӯзи 6-уми июн ба Душанбе ҳам сафар кунад. Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, дастури кори Амина Муҳаммад бо панҷ ҳукумати кишварҳои минтақа бояд шомили расидагӣ ба масоили ҳуқуқи инсон бошад, зеро ҳимоят аз ҳуқуқи башар бахше аз талошҳои Созмони Милал барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияту сулҳ аст.

Дар Тоҷикистон ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, муовини дабири кулли Созмони Милал бояд аз ҳукумат бихоҳад, ки истифодаи нерӯ ба зидди тазоҳургаронеро таҳқиқ намояд, ки моҳи май дар ноҳияи Рӯшони Бадахшон сабаби марги на камтар аз 20 нафар шуд. Дар баёнияи Дидбони Ҳуқуқи Башар теъдоди қурбониёнро на камтар аз 40 нафар навишта ва гуфтаанд, ки фавқуллода муҳим аст, то пулис ҳангоми назорати тазоҳурот дар оянда хештандорӣ нишон бидиҳад.

Баъди як тазоҳуроти олуда бо хушунат дар Бадахшон дар рӯзи 16-уми май, ки бо марги як ҷавон анҷомид, ҳукумати Тоҷикистон ба Хоруғ нерӯҳои махсусро фиристод, то ба гуфтаи мақомот амалиёти “зиддитеррористӣ” анҷом диҳанд. Дар натиҷа рӯзи 18-уми май ҳангоми пароканда кардани гуруҳе аз сокинони ноҳияи Рӯшон, ки роҳи Душанбе-Хоруғро баста буданд, чандин нафар куштаву захмӣ шуданд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳамчунин бо муроҷиат ба Амина Муҳаммад гуфтааст, зимни мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон аз онҳо бихоҳад, ки Улфатхоним Мамадшоева хабарнигор ва фаъоли маданиро, ки моҳи май бо иттиҳоми барангехтани тазоҳуроту нооромӣ дастгир шуд, аз боздошт озод кунанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон Улфатхоним Мамадшоеваро яке аз тарҳрезони нооромиҳо дар Хоруғ номида, дар як филме намоиш доданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти далели собите дар ин бора надоранд ва “эътирофи” Улфатхоним, ки дар филм мегӯяд, дар барангехтани нооромиҳо нақш дошт бо зӯру таҳдид ҳосил шуда ва сохта аст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, ки Амина Муҳаммад, муовини дабири кулли Созмони Милал бояд ҳангоми сафар дар Қазоқистон масъалаи марги 230 нафар дар тазоҳуроту нооромиҳои моҳи январро баррасӣ кунад. Ба гуфтаи созмон, Созмони Милал метавонад, дар таъсиси як комиссияи мустақил барои таҳқиқи ин нооромиҳо нақши калидӣ дошта бошад ва ҳукумати Қазоқистон метавонад, бо истифода аз сафари Амина Муҳаммад як чунин комиссияро таъсис диҳад.

Созмони ҳомии ҳуқуқ аз Амина Муҳаммад хостааст, ки дар Туркманистон ба Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури нав бигӯяд, вазъи фалокатбори ҳуқуқи инсон дар кишварро ислоҳ кунад ва ба мардум иҷоза бидиҳад, ки аз ҳуқуқи бунёдии худ истифода баранд. Дар Узбекистону Қирғизистон ба қавли Дидбони Ҳуқуқи Башар, созмонҳои ҷамъиятӣ дар сабти ном мушкил доранд, матбуоти мустақил азоб мекашад ва Амина Муҳаммад ин масоилро бояд ба ҳукуматҳои ду кишвар гӯшзад кунад.