Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияҳо аз Бадахшон, аммо бе тасдиқи мустақилона


Шаҳри Хоруғ
Шаҳри Хоруғ

Мақомоти расмӣ дар Бадахшон мегӯянд, дар як ҳафтаи ахир дар вилоят чаҳор нафар, ки ба ҷиноятҳои гуногун муттаҳам мешуданд ва дар пайгарди қонунӣ буданд, ба идораи милиса омада, худро “супурдаанд”.

Азбаски иртиботи телефонӣ бо Бадахшон сахт аст, маълум кардани воқеияти ин баёния аз забони пайвандони ин афрод ғайриимкон аст.

Раёсати умури дохилии вилоят баёнияи расмӣ ном ва акси чаҳор нафареро дар як ҳафтаи ахир нашр кардааст, ки “ихтиёран омада, ба ҷиноятҳои худ иқрор шудааанд.”

Аз ҷумла, раёсат номи Мирзошо Айналишоев, як сокини шаҳри Хоруғро нашр кардааст, ки ба авбошӣ муттаҳам мешавад ва чаҳор сол боз дар пайгарди қонунӣ қарор доштааст.

Айни замон раёсат эълон кардааст, ки ду сокини Бадахшонро, ки ба ҷиноятҳои гуногун муттаҳам мешуданд ва ихтиёрӣ худро ба мақомот таслим карданд, бо назардошти ин корашон ҷазои сабук дод. Аз ҷумла Фирӯз Саидиброҳимовро, ки ба авбошӣ гунаҳкор дониста мешудааст, ба 8 моҳ зиндон маҳкум карда ва Гулмамад Бекмамадов, як сокини дигари Хоруғро барои айни гуноҳ ҷарима бастаанд.

Авзоъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар аз як моҳ аст, ки ноором аст ва дар тазоҳуроти олуда ба хушунат дар инҷо бештар аз 20 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG