Ба бовари коршиносон, истифода аз зӯр дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву сиёсӣ аз дер боз ба як суннати сиёсӣ дар Тоҷикистон табдил шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 31-уми май аз “идомаи амалиёти зиддитеррористӣ” хабар дод, ки дар пайи он панҷ сокини дигари ноҳияи Рӯшон кушта шуданд. Мақомоти қудратӣ онҳоро “аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва террористӣ” ном бурданд. Мардуми маҳаллӣ, аз ҷумла наздиконашон, онҳоро “шаҳрвандони бесилоҳ” меноманд.
Гузориши ВКД бахше аз корзорест, ки мақомоти қудратӣ онро “амалиёти зиддитеррористӣ” ва ё “мубориза ба зидди гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ” дар ВМКБ меноманд. Сокинони маҳаллӣ, таҳлилгарони мустақил ва созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар онро ҳамчун “саркӯби эътирозҳо” ё “истифодаи номуносиб аз зӯр алайҳи тазоҳургарони норозӣ” мегӯянд.
Ба ҳар ҳол, аз рӯйи иттилои аввалия, дар натиҷаи амалиёти мақомоти қудратии Тоҷикистон дар Бадахшон даҳҳо кас куштаву захмӣ ва даҳҳо нафари дигар, аз ҷумла фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, боздошт шудаанд.
Қатъи интернет дар ВМКБ ва набудани тамоси телефонӣ бо ноҳияи Рӯшон барои дарёфти иттилои қобили эътимод монеа мешавад. Расонаҳои дигар дар Тоҷикистон, ба ҷуз аз Радиои Озодӣ, аз тарси фишори мақомоти рӯйдодҳои ахири Бадахшонро бозтоб намедиҳанд.
Зӯр алайҳи тақозо
Танишҳо дар ВМКБ пас аз қатли Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, дар моҳи ноябри соли 2021 ба миён омада, шаш моҳ боз идома доранд. Қатли ӯ боиси тазоҳурот ва истодагарӣ алайҳи нерӯҳои қудратӣ шуд, ки дар пайи он ду сокини маҳаллӣ кушта ва 17 тани дигар захмӣ шуданд.
Дар муддати ним соли охир намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ (Комиссияи 44) ба дасти адолат супурдани сабабгорони марги Зиёбеков ва оташ кушодан ба тазоҳуротгаронро талаб мекарданд. Ҳукумат танҳо иштиркодорони тазоҳуроти моҳи ноябр, хусусан онҳоеро, ки бо нерӯҳои қудратӣ даргир шуда, талош карданд роҳҳоро бибанданд, ба ҷавобгарӣ кашиданд. Телевизионҳои давлатӣ лидерони ғайрирасмиро раҳбарони гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ донист ва ба ташкили тазоҳурот гунаҳкор донист.
Дақиқан пас аз ним соли таниш Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии минтақа дар як вазъияти мармуз кушта шуд. Мақомот ӯро сабабгори тазоҳуроти ахир гуфтанд. Намояндагони фаъоли “Комиссияи 44” дастгир шудаанд ва масъалаи қатли Гулбиддин Зиёбеков аз дастури кори мақомоти қудратӣ ва расонаҳои минтақаӣ дур шуд.
Ангезаи мақомот
Дмитрий Гудков, шореҳи сиёсии рус, мегӯяд, ҳалли мусаллаҳонаи муноқиша барои Душанбе шеваи муассир ва содда мебошад, зеро гуфтугӯ ба маънои имтиёз додан ва созиш кардан аст.
“Пас аз соли 2015 саркӯби мухолифин ба шиддат афзоиш ёфт. На танҳо сиёсатмадорони фаъоли мухолиф, балки аъзои хонаводаи онҳо низ канор зада шуданд. Вазъият дар ВМКБ солҳои охир аз рӯи хати кашидаи Душанбе пеш намерафт. Ҳукумати марказӣ мехоҳад, Помирро комилан таслимшуда бубинад, на мустақил. Аммо, мардум аз ҳисоби одамони аз назари ҳуқуқи огоҳ ситоди ҳамоҳангсоз таъсис дод. Бори нахуст аз ҳукумат талаботи мушаххас дархост шудаанд. Онҳо моҳияти мавридӣ доштанд. Ба монанди таъмини тадқиқоти воқеии куштор ва вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ,” -- мегӯяд коршинос.
Ба гуфтаи вай, Душанбе хоҳони субот дар ВМКБ аст, аммо на ба қимати додани ихтиёроти густурда. Аз ин рӯ, ҳукумат тасмим гирифт, бо умеди нигоҳ доштани субот то анҷоми интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ мардуми норозиро битарсонад.
Доктор Сюзанна Леви-Санчез, коршинос аз Амрико, низ бар ин назар аст, ки мақомот дар тӯли 15 сол талош дошт, бар минтақа назорати комил дошта бошанд. “Ҳадафи ҳукумат, ба назари ман, назорат бар иқтисоди маҳаллӣ, тиҷорати ҷаҳонӣ, ки аз минтақа убур мекунад, роҳҳои гардиши маводи мухаддир ва нишон додан ба Русия ва Чин, ки онҳо тавони назорати минтақаро доранд,” -- шарҳ медиҳад коршинос.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Гапи Озод": Чаро кор дар Бадахшон ба хунрезӣ кашид? ВИДЕОСайфулло Сафаров, муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, амалкарди ҳукуматро мубориза бар зидди гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ ном мебарад, ки дар тӯли ин ҳама сол ба таълиқ уфтода буд. “Ҳукумат наметавонад душмани мардумаш бошад. Ҳаргиз. Хусусан ҳукумати мо, ки пас аз ҷанги дохилӣ ба сулҳ расид,” – изҳор дошт Сафаров дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ.
Амал аз рӯи барнома?
Аммо амалиёти махсус дар даврони пас аз ҷанг дар Тоҷикистон пайваста сар мезананд. То соли 2006 ҳамразмони ҳукумати феълӣ – “Фронти халқӣ” – хунсо шуданд.
Чунин амалиёт
- соли 2008 дар шаҳри Кӯлоб алайҳи Лангариевҳо;
- соли 2009 дар ноҳияи Сангвор, Тавилдараи собиқ (дар пайи он вазири пешини ҳолатҳои фавқулода ва фармондеҳи собиқ Мирзо Зиёев кушта шуд)
- соли 2010 дар ноҳияи Рашт, Ғарми собиқ (бо кушта шудани намояндагони исломи сиёсӣ Алӣ Бедакӣ ва Абдулло Раҳимов анҷомид) баргузор шуд.
- Соли 2012 дар пайи амалиёти махсуси мақомот дар Хоруғ лидери ғайрирасмии минтақа Имомназаров Имомназар дар вазъияти норӯшан кушта шуд.
Сиёсатшинос аз Душанбе, ки ба далели амниятӣ аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, тарафдорони аз роҳи зӯр ҳал кардани масоил ҳамеша дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳузур доштанд ва ҳоло дар шароити буҳронии ВМКБ ин гуруҳ худро нишон доданд.
“Дар шароити интиқоли эҳтимолии қудрат, вазъияти норӯшан дар Афғонистон, мушкилиҳои иқтисодӣ ва тазоҳурот дар ВМКБ элитаи сиёсиро ба хашм меорад. Аз ин рӯ, тазоҳурот бо чунин вокуниш рӯ ба рӯ мешаванд. Аммо ВМКБ танҳо қадами аввал барои шиддат гирифтани низоми сиёсӣ аст,” -- мегӯяд сиёсатшинос.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, пас аз воқеаҳои ВМКБ ва бенатиҷа мондани тазоҳурот дар Тоҷикистон эҳтимоли пинҳонӣ ва ифротӣ шудани тазоҳурот вуҷуд дорад.