Қабл аз ӯ дар ин манзил падараш низ бо ҳунармандиаш шабҳои мусиқӣ доир мекардааст. Вале фарзандону набераҳои Ҳоҷӣ Абдулазиз пас аз чандин соли вафоташ ин хонаро тарк карда, қисме дар Тоҷикистон ва қисме дар дигар мамолики дунё зиндагиро ихтиёр кардаанд.
Баҳодур Раҳмонов, сардабири нашрияи "Овози Самарқанд" дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «25-уми августи соли 2019 осорхонаи Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов расман ифтитоҳ гардид. То он вақт бо ташаббуси зиёиён, вакилони маҳаллӣ ва ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов дар инҷо маҳфилҳо гузаронида мешуд. Вале ин хона хусусӣ буд ва мақомот аз онҳо харида давлатӣ гардониданд. Ҳоло зери ҳифозати фонди ҷойҳои таърихӣ нигаҳ дошта мешавад».
Дар ин осорхона як дутор ва нӯҳ қартаи сурудҳои ӯро аз даврони дар ҳаёт буданаш тавонистаанд ҷамъоварӣ кунанд. Дар авҷи оҳангофарии Ҳоҷӣ Абдулазиз техникаи садобардорӣ ривоҷ наёфта буд ва вай асосан дар Ригаву Лондон сурудҳояшро ба қарта сабт кардааст. Ҳоло ин қартаҳоро низ ба роҳатӣ гуш карда намешавад. Вале пайравону пайвандонаш мегӯянд, сурудҳои ӯро ҳунармандон аз гӯш ба гӯшу садо ба садо нигаҳ доштаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зулфия Маҳмудова, овозхон ва абераи Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов аст. Ӯ мегӯяд: “Ҳоло зиёда аз 400 суруди бобокалонамро ҳисоб кардаем ва ба мо расидаанд. Лекин аз сабаби он ки ҳамон давра масъалаи сабти мусиқӣ нағз набуда ва техника ривоҷ надоштааст, аксарияти сурудҳои он касро мо хуб гӯш карда наметавонем. Ҳаддал имкон сурудҳояшонро ҳифз намудаем”.
Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов асосан ба ду забон, тоҷикӣ ва узбекӣ суруд офаридааст, вале муҳаққиқони осораш мегӯянд, аксари онро ҳоло ҳунармандон ҳамчун моли халқ истифода мебаранд. Абдураҳмон Амонов оҳангсоз ва муҳаққиқи осори ӯ қасд дорад 21 оҳанги “Шашмақом”-ро ба шакли китоб ҳамчун моли Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов нашр кунад.
Оҳангсоз Абдураҳмон Амонов гуфт: “Дар урфият мегӯянд, ки Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов бештар аз 2,5 ҳазор сурудро азёд дониста бемалол мехондаанд. Лекин як одате доштаанд, ки дар вақти сурудан як сурудро бо шаклҳои гуногун иҷро менамудаанд. Масалан “Ушшоқи Самарқанд” ва “Гулъузорам”-ро дар чандин шакл сурудаанд”.
Аз хонаводаи Ҳоҷӣ Абдулазиз ду фарзандаш Абдулло ва Файзулло овозхониро пеша карда, вале дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳалок шудаанд. Духтаронаш Муътабар ва Муҳтарама дар театри ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе ба ҳайси дуторнавоз кор кардаанд. Абераҳояш Темур Ярашев ва Зулфия Маҳмудова ин ҷодаро идома додаанд. Зулфия Маҳмудова ҳоло дар ансанбли шашмақомхонони “Нури Хуҷанд” зери роҳбарии ҳунарманди Иттиҳодӣ Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ҳунарнамоӣ мекунад.
Зулфия Маҳмудова мегӯяд: “Шахсияти бобокалонам Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов дар эҷодиёти ман хеле таъсири калони худро расондааст. Зеро ман фаҳмидам, ки ин инсон дар ҷодаи худ хеле корҳои шоёнро ба анҷом расондаанд. Хеле асарҳои безаволи “Шашмақом”-ро дар таърихи мусиқии тоҷикӣ аз худ ба мерос гузоштаанд. Фахр мекунам аз бобокалонам. Ҳоло номи фарзанди худро ба хотири он кас ва давом додани касби авлодӣ Абдулазиз мондаам”.
Мусиқишиносону ҳаводорони ҳунари миллӣ дар ҳоле паи эҳёи дигарбораи сурудҳои Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ҳастанд, ки “Ушшоқи Самарқанд”-у “Қӯқанд”, “Гулъузорам”, “Бебокча”, “Қӯшчинор”-у “Муноҷот” ва даҳҳо таронаҳои дар ҳавои “Шашмақом” сурудаи ӯ мисли гули сари сабад тақрибан дар ҳама ҷашну маросимҳо ва барномаҳои давлатии Тоҷикистону Узбекистон садо медиҳанд. Сабки Ҳоҷӣ Абдулазиз ва пайравонаш дертар ба Тоҷикистон низ гузашта дар эҷодиёт ва ҳунарнамоии Акашарифи Ҷӯра ба қуллаҳои болотаре расидааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Духтари Тоҷикистон". Ёдворае аз Барно Исҳоқова. ВИДЕОШоҳиди садама гуфт, Дамирбек Олимов “маст набуд”. ВИДЕОҶӯрабек Набиев: "Ҳоло шавқи сурудхонӣ дар дилам намурдааст." ВИДЕО"Дар авҷи Баҳманмоҳи хунин сактаи дил шуд." Нигоҳе ба кору зиндагии Аҳмад Бобоқулов. АКСМастона Эргашева: "Ба касе суруд набахшидам ва мадҳия насароидаам". ВИДЕОҶӯрабек Муродов: "Ягон бор барномаи ройгон баргузор накардаам". ВИДЕОСироҷиддин "Шашмақом"-ро ба чеҳраи дигар менамояд.Консерти хайрияи Ситора барои муолиҷаи тифли бемори тоҷик. ВИДЕО"Баҳор ӯро бурд" Гулбек Саодатовро дар Душанбе дафн карданд. ВИДЕОМеҳдии Ҷомӣ: "Мо бояд истеъдодҳоро ҷазб кунем, на инки дафъ намоем"Шоираи Раҳимҷон: "Тоҷикон дар Амрико вазъи хуб доранд". ВИДЕОВИДЕО: “Зулфи парешон” – аз шоҳкорҳои Борис НаматиевМизроби алмосии "Шоҳи Шашмақом" ба Э.Раҳмон (ВИДЕО)Абдурашидов: "Шашмақом" мисли забон бояд умумимиллӣ бошадСитораҳоро ба нафақа гусел карданд