Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯрабек Муродов: "Ягон бор барномаи ройгон баргузор накардаам". ВИДЕО


Ҷӯрабек Муродов, сарояндаи тоҷик
Ҷӯрабек Муродов, сарояндаи тоҷик

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ бар ин назар аст, ки буҷаи давлат барои сармоягузории арсаи фарҳанг кофӣ нест ва ҳунармандон ҳамвора дар фикри таъмини молии зиндагии худ ҳастанд.

Ҳамзамон ӯ аз он изҳори таассуф мекунад, ки мақомот барои ширкаташ дар барномаи “Шоми дӯстӣ” дар шаҳри Тошканд изҳори омодагӣ накардаанд. Ин нуктаҳоро овозхони маъруфи тоҷик дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ изҳор дошт.

Ҷӯрабек Муродов: 57 сол аст, ки дар саҳнаи ҳунар ҳастам ва умедворам минбаъд низ ҳамчунон дар хидмати мардум бошам. Ахиран ман шаби эҷодиямро баргузор кардам.

Барномаи наверо дар Хуҷанду Душанбе ва Панҷакенту Айнӣ иҷро кардам. Ҳамчунин ин барномаро дар шаҳри Киеви Украина, дар Масква ва Амрико низ иҷро кардам ва тамошобинон онро ба хубӣ қабул доштанд. Тӯли бист соли ахир дар Узбекистон барномаҳои консертӣ иҷро намекардем ва ҳамеша орзуи онро доштем, ки дарвозаҳо кушода шаванд ва мо тавонем озодона ба ин кишвар сафар дошта бошем. Дар ду соли ахир дар Самарқанду Бухоро ва Сурхандарёву Қашқадарё барномаҳои ҳунариро ба иҷро гузоштам.

Радиои Озодӣ: Ҳоло чӣ вазифаеро бар дӯш доред ва ин барномаҳое, ки иҷро кардед, ройгон буданд?

Ҷӯрабек Муродов: Дар посух ба саволи шумо ёдовар мешавам, ки дар шаҳри Хуҷанд роҳбарии гурӯҳи ҳунарии шашмақомхонии “Нури Хуҷанд”-ро ба зимма дорам. Бояд таъкид кунам, ки 56 барномаи ҳунарии худро дар тӯли ҳаёти эҷодиям боре ҳам ройгон баргузор накардаам. Чаро? Барои он ки барномаи бепул қадр надорад. Вақте ба консертҳои ройгон тамошобинро маҷбурӣ меоранд, онҳо дар нимаи барнома толорро тарк мекунанд, зеро эҳсос мекунанд, ки чунин барнома мақбулашон нест. Барои эҷодкор чунин вазъ бисёр риққатвор аст. Вақте тамошобин билети консертро харидорӣ мекунад, ба хотири ҳайф нашудани ҳатто як сомониаш то ба охир консертро тамошо мекунад. Муҳимтар ин аст, ки ба чунин консертҳо воқеан алоқамандони санъат меоянд. Дар нисбати гурӯҳи “Нури Хуҷанд” низ ҳамин меъёр риоя мешавад. Дар консерти нахустин тамошобин камтар буд, вале ҳоло ҳар моҳ мардум интизори баргузории консерти ин гурӯҳ мешаванд. Ҳоло мехоҳам риштаҳои кандашудаи фарҳангӣ бо Узбекистону Қирғизистон ва Туркманистонро барқарор карда, дар ин кишварҳо барномаҳои консертӣ иҷро кунам.

Ҷӯрабек Муродов консерти бепул намедиҳад. Чаро?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:58 0:00

Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳама сару калобаашро гум кард ва омаду рафтҳо аз байн рафтанд. Бояд иқрор шуд, ки ҳам русу украинӣ ва ҳам тоҷику узбеку қирғиз миллатгароӣ кардем. Ба ин натиҷа расидам, ки аз ҳама хуб дӯстиву омаду рафт аст.

Радиои Озодӣ: Шумо маъмулан дар сабки Шашмақом овозхонӣ мекунед ва гоҳо ба истилоҳ бо сабки модерн ё замонавӣ низ суруд мехонед. Феълан кадоме аз ин сабкҳо мақбулатон аст?

Ҷӯрабек Муродов: Агар дар мисоли Тоҷикистону Узбекистон бигирем, дар водии Зарафшон ва водии Фарғона оҳангҳову сурудаҳо ба ҳам хеле наздиканд. Сабки сурудаҳои Хатлону Афғонистон бо ҳам наздиканд ва сипас Покистону Ҳиндустон низ ба ҳам монандӣ доранд. Овозхонии сокинони вилоятҳои Сурхандарёву Қашқадарёи Узбекистон низ ба сабки бахшӣ ё ғурӯғлихонии минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон ба ҳам наздиканд. Ба ин далел мо аз хурдсолӣ дар ҳавои Шашмақом бузург шудаем. Дар водии Зарафшон дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ рубоихониву дар Панҷакент нимрубоӣ ва гузариш ба мақом аст. Дар Самарқанд мақом ва дар Бухоро Шашмақом аст. Худи ноҳияи Ғиждувони Бухоро ба тамаддуни башарият се ҳадяи бузург кардааст – Абдухолиқи Ғиждувонӣ, ин устоди Баҳоваддин Балогардон, худи Шашмақом ва Садриддин Айниро. Шашмақом нахуст бисту чаҳор мақом буду сипас ба дувоздаҳ мақом табдил ёфт ва дар ниҳоят дар шакли шаш мақом мукаммал шуд. Агар мо тавонем ҳар як мақомро ба шакли ария ва опера табдил дода, ба кишварҳои ғарбӣ муаррифӣ созем, беҳтарин таблиғи санъати тоҷикон дар ҷаҳон хоҳад шуд. Вақте Тоҷикистон ҷумҳурии мухтор дар ҳайъати Узбекистон шуд, ҳунармандон ва мутахассисон аз Самарқанду Бухоро, Фарғонаву Сурхандарё ба пойтахти Тоҷикистон омада, ҳунари шашмақомхониро ривоҷ доданд. Ман дар ҳамаи консертҳо таъкид мекунам, ки санъати тоҷикон аз Шашмақом, Фалаки Хатлон, роки Бадахшон, рубоиёти Зарафшон ва сурудҳои замон иборат аст. Ҳарчанд санъати тоҷикон хеле бой аст, аммо то ҳол мо натавонистем онро ба ҷаҳониён ба таври зарурӣ муаррифӣ кунем. Вале ин кори шуданӣ аст, зеро вақте чизе ҳаст, он дар ниҳоят муаррифӣ мешавад.

Радиои Озодӣ: Шумо ҳоло ба робитаҳо бо Узбекистон ишора кардед. Дар “Шоми дӯстӣ”-и соли 2018 дар Душанбе шумо якҷо бо овозхони машҳури узбек Шералӣ Ҷӯраев овозхонӣ кардед, ки ин суруд ба рамзи дӯстии ду кишвар табдил шуд. Ҳама интизор буданд, ки шумо дар “Шоми дӯстӣ”-и ҷавобӣ дар Тошканд низ овозхонӣ мекунед. Аммо, мухлисон шуморо дар он барнома надиданд. Чаро?

Ҷӯрабек Муродов: Медонед, солҳои зиёд робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон қатъ шуда буд. Сабаби сафарҳои зиёди ҳунарии ман ба Узбекистон ба он хотир аст, ки дар ин кишвар миллионҳо нафар тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Ҳамин тавр дар Тоҷикистон низ миллионҳо нафар узбекҳо ба сар мебаранд. Албатта, ба назди дӯстам Шералӣ зиёд мерафтам ва тӯю маъракаҳо ширкат мекардам, аммо дар тӯли бист соли ахир сафарҳои расмии ҳунарӣ надоштам. Ҳама якдигарро пазмон шуда буданд. Вақте мо ҳарду дар Душанбе ба машқ шурӯъ кардем, худи санъаткорҳо аз шодӣ гиря мекарданд, ки мушкилиҳо паси сар шудааст. Ба сафари ҷавобӣ шояд ман ба он рӯйхати ҳунармандони тоҷик нағунҷидаам...

Радиои Озодӣ: Шӯхӣ мекунед?

Ҷӯрабек Муродов: Не, чӣ хеле ки ҳоҳед, ҳамон хел фаҳмидан гиред ин ҳарфҳоро. Фақат медонам, ки дар Тошканд ҳама сафари маро низ интизор буданд ва пайваста занг мезаданд, мепурсиданд, ки чӣ замоне ман вориди Тошканд мешавам. Хайр, зарур надонистанд, ки маро ба он ҳайъат ворид созанд. Ҳеҷ гап не... Ҳоло ба Узбекистон боз сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, дар хидмати мухлисонам хоҳам буд...

Радиои Озодӣ: Қабл аз сӯҳбат бо шумо тавофуқ кардем, ки дар бораи сиёсат ҳарф намезанем. Вале, шумо як чеҳраи саршиноси фарҳангӣ мебошед ва...

Ҷӯрабек Муродов: Сиёсӣ ҳам ҳастам.

Радиои Озодӣ: ... ва чеҳраи фарҳангӣ наметавонад аз сиёсат дур бошад. Дар хотир дорам, шумо замоне вакили порлумони Тоҷикистон низ будед. Фикр мекунед, ҳоло ихттисоси маблағ аз будҷа барои рушди фарҳанги Тоҷикистон кофӣ аст ё не?

Ҷӯрабек Муродов: ...Ман тақрибан сӣ сол дар Филармонияи Тоҷикистон фаъолият доштам ва он ба мисли акадмияи ҳунар буд, зеро дар он ҷо ман Шашмақомро ҳам омӯхтаму Фалак ва роки Бадахшонро. Ҳамзамон ба кишварҳои дигар сафар дошта, ҳунари худро сайқал медодем. Дар гузашта барои пахши сурудаҳои худ аз радио ва телевизион ҳақ мегирифтем ва бо маоши хубе, ки доштем, барои зиндагӣ кифоят мекард. Ҳоло бошад иқтисоди бозаргонӣ шудааст. Ҳарчанд, дар замони шӯравӣ ҳамин ҳунармандон буданд, ки иқтисоди бозаргониро пеш мебурданд. Мо бо баргузории консертҳо нақшаи даромади филармония ва дигар сохторҳои фарҳангиро ғанӣ месохтем. Дар сӣ соли фаъолияти худ дар Филармония мо ба фоидаи давлат миллионҳо сӯм суд овардаем. Бар иваз мо танҳо маош мегирифтем ва он барои зиндагӣ мерасид. Ҳоло бошад, қудрат надорем, ки ансамбли “Нури Хуҷанд”-ро бо сафари ҳунарӣ ба Самарқанд бубарем. Дар ин ансамбл ҳамагӣ сӣ нафар санъаткор ҳаст ва мо ҳатто наметавонем онҳоро ба Душанбе ё Бохтару Кӯлоб барем. Мегӯянд буҷа намерасад. Ин маошҳое, ки ҳоло ҳунармандон мегиранд, хандаовар аст. Дуруст аст, ки ҷанги тоҷиккушӣ буд ва шукри худо ҳоло ободкорӣ аст. Биноҳои баландошёна месозем, аммо бояд ботини инсонро нахуст ғанӣ кард. Инсон бо хӯрдани оше шиками худро сер мекунад, аммо аз лиҳози маънавӣ инсон набояд ҳаргиз сер бошад. Эҷодкор набояд ҳаргиз дар фикри картошкаву сабзӣ дар манзилаш бошад, вай бояд танҳо дар бораи эҷодиёти худ андеша кунад. Ин воқеият аст, ки ҳоло маоши ҳунармандон барояшон кофӣ нест, онҳо наметавонанд ба ҷое ба сафари ҳунарӣ бираванд. Дар барномаи нави консертии худ ман аз 24 суруд шонздаҳтояшро нав офаридам. Мехоҳам ин барномаи консертиро дар Душанбеву Ҳисор, Регару Бохтар ва Кӯлобу Хоруғ намоиш диҳам. Вале барои ба сафар бурдани ансамбл маблағ надорем.

Радиои Озодӣ: Пас, чӣ бояд кард?

Ҷӯрабек Муродов: Дар замони шӯравӣ мо худ спонсор будем, ҳоло бояд барои сафарҳои ҳунарӣ худ спонсор ҷустуҷӯ бикунем. Ман дар умри худ касеро дар бораи чизе хоҳиш накардаам. Ман намедонам бо кадом рӯй аз касе хоҳиш кунам, ки бароям пул диҳед, то ман ансамбли худро ба сафари ҳунарӣ ба Ҳисор ё Кӯлоб барам. Ин ҳама масъулияти Вазорати фарҳанг аст, аммо вақте ба онҳо муроҷиат мекунӣ, мегӯянд пул нест. Дар бораи сиёсат бошад, санъат худ сиёсат аст. Ҳунармандон баъзан ба саҳнаҳое мебароянд, ки аз 5 то 50 ҳазор тамошобин дорад. Байни онҳо ҳам академикҳо ҳастанду ҳам домуллоҳо ва нафарони оддӣ. Ҷалб кардани таваҷҷӯҳи онҳо дар тӯли ду ё соат кори содда нест. Ин ҳама заҳмат металабад, аммо барои чунин заҳмат бояд подоши хубе дошта бошиву дар фикри зиндагии оилаат набошӣ. Дар санъат ҳам бояд сиёсат бошаду ҳам дар сиёсат санъат бошад. Танҳо сиёсати оқилона метавонад миллатро ба пеш ҳидоят кунад. Санъати воло бошад миллатро дар назди миллатҳои дигар муаррифӣ мекунад.

Радиои Озодӣ: Мо бо ҳунари овозхонии Ҷонибек, писари шумо ошно ҳастем. Боз кадоме аз чаҳор писари шумо ба санъат моил аст? Ва овозхонии писаратон Ҷонибекро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Ҷӯрабек Муродов: Писари Зафар-ака (Зафар Нозимов), писарони Одина Ҳошимов ва Абдулло Назрӣ пешаи падарро интихоб карда, то ҷое муваффақ ҳам ҳастанд. Ба писарони худ дар хурдиашон мусиқӣ монда, гуфтам, ки агар роҳи санъатро интихоб мекунед, дониста бошед, ки ин ҷодда душвор аст. Хусравбек ҳоло машғули футбол аст, Фирдавсбек ба рассомӣ майл дорад, Парвизбек, ки се маълумоти олӣ дорад, феълан мудири кулли ширкати “JM” мебошад. Вай дорои маълумоти олии иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ мебошад. Аммо, дар 35 солагиаш тасмим гирифт маълумоти олии санъат дошта бошад ва Донишкадаи санъати Тоҷикистонро дар ихтисоси дутор хатм кард. Ҳамаи писаронам ҳам навозандагӣ ва ҳам овозхонӣ карда метавонанд. Барояшон шарт гузоштам, ки агар мехоҳед санъаткор шавед, бояд аз ман санъаткори хубтар шавед. Танҳо Ҷонибек рӯзе иқрор шуд, ки мехоҳад ба сабки эстрада овозхонӣ кунад. Гуфт, агар ман сурудаҳои Ҷӯрабек Муродовро бихонам, эътибори зиёдеро касб нахоҳам кард, бояд роҳи худро ҷустуҷӯ кунам. Нахуст каме нигарон шудам, вале дар ниҳоят розӣ шудам, ки бояд худро бисанҷад. Барномаи нахустинаш бароям писанд омад, зеро эҳсос кардам, ки ҳам аз Шашмақом огаҳӣ дораду ҳам аз Фалак...

Гузашта аз ин, вай ҳамеша дар сафарҳои ҳунарӣ ва косертҳо маро ҳамроҳӣ мекард. То ҳол аз фаъолияташ хурсандам. Соли гузашта дар аёлати Оҳайёи Амрико, ки дар он ҷо зодагони Самарқанд зиёд зиндагӣ мекунанд, хоҳиш карданд, ки дар он ҷо консерт баргузор кунем. Нахуст ба он ҷо Ҷонибек рафта, ҳунарнамоӣ кард ва сипас ман бо як торам озими он шаҳр шудам. Бо мусоидати тоҷикони самарқандӣ дар он ҷо консертҳои хубе баргузор кардем. Дар як вохӯрӣ дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ман ба донишҷӯён гуфтам, ки ҳамаи шумо дар оянда санъаткор мешавед, аммо, илтимос, ҳофизҳо ё навозандаҳои маҳалл нашавед. Бояд санъаткори миллату парчамбардори он бошед. Тоҷикистон шуморо хоҳад шинохт, бояд Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ошно кард. Мутаассифона, ҳоло дар барномаҳои радиоӣ гуфтори лаҳҷавӣ зиёд шудааст. Тааҷҷуб мекунам, ки чаро раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз минбарҳо ба забони Рӯдакиву Айнӣ сӯҳбат мекунад, аммо бархе аз вазирони тоҷик бо забони лаҳҷа гап мезананд. Ин амр таҳқирест нисбати миллат ва президент. Ҳар нафаре, ки ба кори давлатӣ қабул мешавад, вазифадор аст танҳо бо забони давлатии адабӣ гап занад.

Радиои Озодӣ: Ба иттилои мо, шумо феълан дар шаҳри Хуҷанд иқомат доред. Намехоҳед дубора муқими Душанбе шавед?

Ҷӯрабек Муродов: Ҳоло низ дар ду шаҳр – Душанбе ва Хуҷанд зиндагӣ мекунам. Маро аз Душанбе касе нарондааст, вале дар солҳои навадум истодан дар ин шаҳр сахт хатарнок буд. Президенти Тоҷикистон маро ба Душанбе даъват карданд, ман омадам, вале ҳамин ки ба хонаи худ даромадам, занги телефонӣ шуд ва касе таҳдид мекард, ки агар ба Хуҷанд наравам бояд фикри фарзандонамро бикунам. Он замон маро душмани халқ эълон карда буданд. Тӯли ҳафт моҳ дар Термезу Самарқанду Бухоро ва дар Исфараву Тошканд дарбадар будам. Дар ниҳоят дар Хуҷанд маскун шудам. Ҳоло агар фикри бозгашт бикунам, сарнавишти ансамбли “Нури Хуҷанд”-ро фикр мекунам. Агар ман ба Душанбе ҳол кӯч бандам, ин ансамбл убол мешавад.

Искандари Фирӯз, хабарнигори Радиои Озодӣ ҳангоми суҳбат бо Ҷӯрабек Муродов
Искандари Фирӯз, хабарнигори Радиои Озодӣ ҳангоми суҳбат бо Ҷӯрабек Муродов

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, нисбати ин гурӯҳ хиёнат мешавад?

Ҷӯрабек Муродов: Воқеан, хиёнате мешавад. Дар ҳоле, ки дар рушди санъати милли мо бе ин ҳам душвориҳо кам нестанд. Дар арсаи эстрада овозхонҳои ҷавони мо пешравиҳое доранд, аммо бояд дар бахши санъати миллӣ талошҳои бештаре кард. Дар асл, ман аз Душанбе ҳеҷ вақт нарафтаам, ҳамеша меоям ба пойтахт ва дар ин ҷо сабтҳомро анҷом медиҳам. Душанбе албатта бо биноҳои наваш зебо шуд, аммо ин биноҳоро ба хориҷи кишвар бурда наметавонем намоиш диҳем. Муаррифгари миллати мо танҳо фарҳангу илму адаб ва варзишгарон аст ва боз саноати пешрафта. Мо миллати фарҳангӣ ва эҷодкор ҳастем. Ҳазор сол аст, ки тоҷиконро куштанд, танҳо 800 сол пеш дар Балх як миллион ва дар Самарқанд 450 ҳазор тоҷикро куштанд, дар Бухоро боз як миллион ва дар Хоразм низ як миллион тоҷик кушта шуд. Агар ин миқдор талафот намедоштем, ҳоло теъдоди тоҷикон шояд ба як миллиард нафар мерасид. Қариб ҳазор сол давлат ҳам надоштем. Ҳоло бояд ҳама муттаҳид шуда, фикри маҳаллро аз мағзҳо дур созем ва барои пешрафти кишвар талош анҷом диҳем. Ҳарчанд тоҷикон миллатгаро нестанд, аммо моро метавонад маҳалгароӣ нобуд созад.

XS
SM
MD
LG