Гулбек Саодатов, мутрибу оҳангсози маъруфи тоҷикро, ки шаби 28-уми март дар 80-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе дафн карданд. Саодатов зодаи ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон буда, аз соли 1975 то дами марг ба ҳайси мутриби дастаҳои "Шашмақом" ва "Дарё" кор кардааст. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон буд.
Ӯ баҳорро дӯст медошт ва баҳор ӯро бурд. Зиндагӣ худаш ҳамин аст
Ҳамкоронаш мегӯянд, аз ӯ беш аз сад асари мусиқӣ ба ёдгор мондааст, ки ҳунармандони дохилу хориҷ иҷро кардаву сурудаанд. "Файзи саҳар", "Нозанин ёрам", "Гирён макун маро", "Гулдаста", "Ту ҳам медонӣ", "Мутриби хушнаво" аз ҷумлаи беҳтарин оҳангҳои Гулбек Саодатов гуфта мешавад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Шаҳобиддини Ҳақназар, муҳаққиқи соҳаи мусиқӣ, рӯзи 29-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Нозанин ёрам"-ро Улфатмо Мамаданбарова, Майсара Дилдорова ва Нуқра Раҳматова хондаанд. “Гирён макун”-ро, ки Абдул Саодташоев хондааст, яке аз сурудҳои барҷастаи ин мутрибу оҳангсоз аст."
Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони тоҷик мегӯяд, яке аз таронаҳои Гулбек Саодатовро вазири собиқи фарҳанги Озарбойҷон Пулод Булбул-уғлӣ иҷро кардааст. “Оҳангҳои устодро ҳатто машшоқони бузурги муосири эронӣ ҳам иҷро мекунанд”, - афзуд ӯ.
Ҳамкоронаш ба ҷуз инки ӯро чун мутриби варзида ва оҳангсози нозукбин муаррифӣ мекунанд, дар фарҳанги зиндагиаш ҳам фалсафаи хос медиданд. Саидқул Билолов, овозхони шинохтаи тоҷик мегӯяд, “шахсияти нотакрор буд. Лутфи сухан дошт. Ҳамин хел роҳ мегашт, ки ҳатто хок озор намеёфт.”
“Баъзан шӯхиаш мекардам, ки “эй акаи Мандалин”. Барои онки як умр сози мусиқиеро менавохт, ки мисли булбул садо медод. Дар миёни асбоби дигари мусиқӣ "Мандалин"-аш ҷудогона садо медод. Вай мусиқии суннатии миллии тоҷик, бахусус Бадахшонро дар сатҳи баланд овард ва ҷобаҷо гузошт", - гуфт Давлатманди Хол, раҳбари гурӯҳи фалаксароёни тоҷик.
Ҳамкоронаш мегӯянд, Гулбек Саодатов бо вуҷуди мутриб ва оҳангосзи маъруф будан хоксор буд ва аз ҳар нишаст қиссае ба ёдгор мегузошт. Ибодуллои Машраб, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, "зарофатгӯ, хушчақчақ буд. Аз суҳбат ва аз ҳамнишинӣ бо ӯ кас ҳаловат мебурд.”
"Ӯ баҳорро дӯст медошт ва баҳор ӯро бурд. Зиндагӣ худаш ҳамин аст", - хулоса кард Шаҳобиддини Ҳақназар.