Мақомоти рус хабари марги як сарбози тоҷики артиши Русия дар Украинаро ба пайвандонаш дар ноҳияи Файзобод расондаанд.
Наздикони Алиҷон Сафарови 25-сола, сокини деҳаи Ҷонсӯзи ноҳияи Файзобод, гуфтанд, ки ӯ солҳо боз дар артиши Русия хидмат мекард, вале аз ҳузураш дар Украина хабар надоштанд.
Бар асоси хабаре, ки мақомоти рус ба наздиконаш расондаанд, ӯ рӯзи 8-уми май кушта шудааст. Дар кадом минтақаи Украина ва дар кадом шароит ӯ ҳалок шудааст, номаълум аст. Ҳанӯз нагуфтаанд, ки ҷасади ӯро ба Тоҷикистон меоранд ё на.
Аз ин пеш, рӯзи 23-уми апрел, ҷасади як низомии дигари тоҷиктабори артиши Русияро ба ватан наоварданд ва дар шаҳри Барнаули ин кишвар ба хок супурданд.
Ба гуфтаи пайвандонаш, Абубакр Нозимови 24-сола, рӯзи 12-уми апрел, дар шаҳри Харкови Украина кушта шудааст. Абубакр, рӯзи 15-уми феврал, барои ҷанг дар Украина сафарбар шуда буд.
Аз оғози ҷанги Русия бо Украина хабари марги беш аз даҳ зодаи Тоҷикистон ба наздиконашон расидааст.
Ҷанги Русия бо Украина беш аз ду моҳ боз давом дорад.
Як нашрияи украинӣ чанде пеш рӯйхати низомиёни Русияро расонаӣ кард. Дар ин феҳрист номи наздик ба 6 ҳазор нафаре омадааст, ки аз Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар бораи наздик ба 100 нафари онҳо гуфта шудааст, ки зода ва парвардагони Тоҷикистонанд. Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русияро доранд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ ҷорист.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Сарбози асири украиниро хешонаш дар Тоҷикистон шинохтандҶанги Украина. Сарбози кушташудаи Русияро дар Тоҷикистон дафн кардандЯк тоҷики дигар дар ҷанги Украина кушта шуд. ВИДЕО"Рӯйхат дуруст аст, аммо куҳна." Тоҷикон дар куштори Буча даст доранд ё не? ВИДЕОДу куштаи ҷанги Русия дар Украинаро дар Тоҷикистон дафн карданд. ВИДЕОХабари марги Хурсандмурод дар Украина "рад шуд", вале ташвиши волидонаш монд. ВИДЕОНавори боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Украина нашр шудГузоришҳо аз ҳалокати ду зодаи Дарвози Тоҷикистон дар ҷанги Украина. ВИДЕО