Як зодаи Тоҷикистонро, ки ба иддаои низомиёни Русия дар сафи артиши Украина меҷангид, наздиконаш дар Душанбе шинохтанд.
Онҳо гуфтанд, ки Темур Шамсиев дар кӯдаки бо модараш ба Украина рафта буд ва солҳо боз бо пайвандонаш дар Душанбе тамос надошт. Аммо наздиконашон дар Тоҷикистон то имрӯз аксҳои кудакии Темурро дар даст доранд ва умед доштанд, рӯзе ӯро пайдо мекунанд.
Ниссо Шамсиева, сокини шаҳри Душанбе ва яке аз наздикони ин ҷавон мегӯяд, ӯро солҳо боз ҷустуҷӯ доштанд. "Ман ҳамеша ӯро бо ному насабаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷустуҷӯ мекардам, вале ҳеҷгоҳ пайдо накардам. Ин қадар солҳо гузаштанд, дируз вақте хабари расонаҳоро дар мавриди ба асорат афтидани як зодаи Тоҷикистон бо номи Темур Шамсиев хондам, дилам мегуфт, ин ҳамон писари тағои ман аст, ки солҳо боз ҷустуҷӯ мекардам,"--гуфт ӯ.
Ниссо Шамсиева дар як суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Темур писари тағояш аст ва замоне, ки ӯ ду сол дошт, волидонаш аз ҳам ҷудо шуданд. Модараш Наталия Самойленко украинӣ буд ва ӯро бо худ ба зодгоҳаш шаҳри Запорожеи Украина бурд. Ба нақли пайвандон, баъди аз Тоҷикистон рафтани Темур ва модараш онҳо боз чанд соли дигар бо ҳам тамос доштанд. Ниссо нақл мекунад, ки "ёдам ҳаст, вақте бибиям дар соли 1992 аз дунё гузаштанд, номаҳое, ки ба келинашон, яъне модари Темур менавиштанд, ҳар куҷо парешон шуданд. Замоне, ки модари ман (аммаи Темур) ҳамроҳ бо дигар хешовандон мехостанд, дубора онҳоро пайдо карда, тамосҳоро барқарор кунанд, дигар нусхаи номаҳо, ки дар он суроға навишта шуда буд, алакай гум шуда буданд".
Маълум нест, то куҷо Темур ва модари ӯ ҳам барои пайдо кардани хешонаш дар Тоҷикистон талоше кардаанд. Ба қавли Ниссо, падари Темур, то замони марг, писарашро ҷустуҷӯ мекард ва мехост ӯро пайдо кунад. Вақте дар соли 2004 аз беморӣ мефавтад ва ин ҷустуҷӯро маҳз Ниссо, духтари аммаи Темур идома медиҳад.
"Дар аввал ман зиёд кушиш намекардам, аммо баъдан, якбора як эҳсосе дар ман пайдо шуд, ки бояд писари тағоямро ёбам, чун ин васияти тағоям буд. Ҳамин тавр ман чандин маротиба барои пайдо кардани ӯ тавассути пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ва ҳамин тавр аз тариқи барномаи телевизионии "Жди меня" номаҳо навиштам, аммо ҳамааш беҷавоб буданд,"--гуфт ӯ.
Чанд рузи пеш низомиёни Русия иддао кардаанд, ки як зодаи Тоҷикистонро, ки дар сафи артиши Украина меҷангид, дар минтақаи ҷудоиталаби Донетск “асир” гирифтанд. Александр Сладков, хабарнигори низомии рус, рӯзи 3-юми май дар саҳифаи Телеграмаш мусоҳибаи ҷавонро нашр кард. Дар санадҳое, ки нишон доданд, номаш Тимур (Темур) Шамсиев, шаҳрванди Украина, навишта шудааст.
Худи ӯ мегӯяд, зодаи шаҳри Душанбе аст ва баъди ба “асорат” афтодан бо модараш тамос дошт. Тафтиши дурустии ҳарфҳои ин ҷавон дар асорат мушкил аст ва дар кадом шароит сабт шудани суҳбаташ низ маълум нест.
Дар ҷанги Русия бо Украина аз ду тараф зодагони Тоҷикистон низ ширкат мекунанд. Теъдоди онҳо маълум нест, вале далелҳои тасдиқшуда нишон медиҳад, ки онҳо аксаран шаҳрвандони ин ду кишвар ҳастанд.
То ин дам хабари марги наздик ба даҳ сарбози тоҷики артиши Русия дар Украина аз қавли наздиконашон тасдиқ шудааст. Русия рӯзи 24-уми феврали имсол бедалел ба Украина ҳамла кард. Ҷанг беш аз ду моҳ боз идома дорад.
Наздикони Темур мегӯянд, аз кору зиндагии ӯ дар Украина хабар надоранд ва дар ин ҳолат пайдо кардани ӯ барояшон чандон хушҳолкунанда нест, вале умед доранд, ӯ озод мешавад ва ба назди модару фарзандонаш бармегардад.