Парвандаи ҳуқуқдонеро, ки аз "говсуд" дар Тоҷикистон шикоят дошт, ба СММ бурдаанд

Саиднуриддин Шамсиддинов

Созмони Freedom Now ва Proskauer Rose LLP ба намояндагӣ аз Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеи зиндонӣ ва судиҷрочии собиқ, дархостеро ба гурӯҳи кории Созмони Милал дар мавриди боздоштҳои худсарона фиристодаанд.

Дар ин шикоят, ки 21-уми апрел пешниҳод шуд, гуфта мешавад, Саиднуриддин Шамсиддинов аз ҳаққи қонунии худ барои озодии баён истифода кардааст ва боздошти ӯ аз сӯи мақомоти тоҷик нақзи эъломияҳои ҷаҳонии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аст.

Адам Ледмат, як масъули созмони Freedom Now, дар эъломияе гуфт, “ҳукумати Тоҷикистон як силсила иттиҳомоти сохтаро алайҳи Саиднуриддин Шамсиддинов матраҳ кардааст, то монеи фаъолияти зиддикоррупсионии ӯ шаванд. Мо бовар дорем, Гурӯҳи кории СММ дар мавриди боздоштҳои худсарона ба ин натиҷа хоҳад расид, ки ҳуқуқи асосии вай поймол шудааст ва ӯ бояд фавран озод шавад."

Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеъ ва судиҷрочии собиқро дар оғози соли 2021 бо гуноҳи хариду фурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ ҳаштуним сол аз озодӣ маҳрум карданд. Дар охири ҳамон сол ӯро ба ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" муттаҳам дониста, ба ҳукмаш ҳашт моҳи дигар изофа карданд.

Худашу пайвандонаш ҳамагуна иттиҳомро рад мекунанд.

То замони боздошт Шамсиддинов ҳамчун судиҷрочӣ дар низоми додгоҳии вилояти Хатлон кор мекард. Ӯ дар соли 2017 тарки вазифа кард ва солҳои охир ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият дошт ва бештар бо имзои Саиди Садр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори баъзе додситону додрасҳо шикоят мекард.

Пештар гуфта буд, ки баъди як муроҷиаташ ба сомонаи президенти Тоҷикистон, масъулони Додситонии ноҳияи Вахш ӯро "чап гирифтанд" ва ба фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам карданд. Дар ҳоле ки, ба иддаои ӯ, “чунин коре накардааст”.

Додситону додраси парванда борҳо ба ҳақ будани худу тафтишот таъкид карда, гуноҳҳои Шамсиддиновро собитшуда хондаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Саиднуриддин Шамсиддинов ба 8 моҳи иловагии зиндон маҳкум шудДодситон хостааст, ҳуқуқдони зиндониро 7 соли дигар ҳабс кунанд"Гурӯҳи 24" мегӯяд, Саиднуриддин Шамсиддинов ба ин созмон рабт надорадДодгоҳи Хатлон ҳукми Саиднуриддин Шамсиддиновро бетағйир гузошт