Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гурӯҳи 24" мегӯяд, Саиднуриддин Шамсиддинов ба ин созмон рабт надорад


Саиднуриддин Шамсиддинов
Саиднуриддин Шамсиддинов

Созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" рӯзи 9-уми июн бо пахши баёния ҳамкорӣ ё робита доштани вакилу судиҷрочии собиқ Саиднуриддин Шамсиддиновро бо ин созмон рад кард.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи "Гурӯҳи 24", мегӯяд, Шамсиддинов бо онҳо ҳеч иртибот надорад ва "ҳаргиз барои узвият дар созмон низ муроҷиат накардааст".

"Гурӯҳи 24", ки соли 2012 таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Раҳбарону пайравонаш дар хориҷ аз кишвар қарорро сиёсӣ медонанд.

Ҳоло парвандаи Саиднуриддин Шамсиддиновро Додситонӣ ва Раёсати амният дар вилояти Хатлон таҳқиқ доранд, вале тафсилот намедиҳанд.

Пайвандонаш гуфтанд, ӯ ба ҳамкорӣ бо "Гурӯҳи 24", як созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, гумонбар аст. Ӯ қаблан бо гуноҳи қаллобӣ, харидуфурӯши замин ва паҳн кардани иттилои дурӯғ ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум шуда буд.

Қамариддин Шамсиддинов, бародари Саиднуриддин Шамсиддинов, 9-уми июн гуфт, бародарашро дар доираи парвандаи нав аз маҳбаси маҳкумшудаҳои мақомоти қудратӣ ба боздоштгоҳи муваққатии Бохтар “кӯчондаанд”.

Парвандаи нав дар ҳолест, ки Саиднуриддин Шамсиддинов рӯзи 25-уми декабри соли гузашта дар мурофиаи охирини худ гуфта буд, иттиҳомҳои пешина, аз ҷумла харидуфурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти ғалатро низ намепазирад.

XS
SM
MD
LG