Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон хостааст, ҳуқуқдони зиндониро 7 соли дигар ҳабс кунанд


Саиднуриддин Шамсиддинов
Саиднуриддин Шамсиддинов

Додситони шаҳри Бохтар хостааст, вакили мудофеи зиндонӣ ва судиҷрочии собиқ Саиднуриддин Шамсиддиновро, ки дар гузашта бо имзои Саиди Садр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори баъзе додситону додрасҳо шикоят мекард, 7 соли дигар ҳабс кунанд. Мақомот ӯро ба ҳамкорӣ бо "гуруҳҳои ифротгаро" гумонбар медонанд, аммо худашу пайвандонаш рад мекунанд.

Саиднуриддин Шамсиддинов дар охири соли гузашта бо гуноҳи хариду фурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ ҳаштуним сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Як манбаъ дар Додгоҳи шаҳри Бохтар 22-юми ноябр гуфт, додситон рӯзи панҷшанбе, 18-уми ноябр, Шамсиддиновро бар асоси парвандаи нав ба ҳамкорӣ бо созмони дар кишвар мамнӯи "Гуруҳи 24" гунаҳкор донистааст. Масъулони "Гуруҳи 24" моҳи июни имсол дар эъломияе ҳамкорӣ ё робита доштани вакилу судиҷрочии собиқро бо созмон рад карда буданд.

"Додрас рӯзи ҷумъаи гузашта ба хонаи машваратӣ рафт. Қарор буд, ҳукм 22-юми ноябр эълон карда шавад, аммо додситон бемор шудааст ва мурофиаро ба вақти дигар монданд," – афзуд манбаъ.

Қамариддин Шамсиддинов, бародари Саиднуриддин Шамсиддинов, мегӯяд, дар мурофиа ҳузур дошт, аммо пешниҳоди онҳо дар мавриди иштироки хабарнигорон ва гузоштани дастгоҳи наворбардорӣ қабул нашуд.

"Навори кумакхоҳии Саиднуриддин аз президент ва раиси Маҷлиси Миллӣ барои одилона баррасӣ шудани парвандааш хашми додситонро бештар кард. Вай бо садои баланд гуфт, "ту чӣ ҳақ дорӣ, ки навор пахш карда, кумак пурсӣ?" Баъд аз ин, ба ҳамкорӣ бо "Паймони миллӣ" ҳам муттаҳам кард ва аз додрас хост, ҷазо диҳад," -- нақл кард Қамариддин Шамсиддинов.

Навори кумакхоҳии Саиднуриддин Шамсиддинов аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси Миллӣ рӯзи 19-уми ноябр дар Интернет ба гардиш даромад.

Саиднуриддин Шамсиддинов, ки дар гузашта ҳамчун судиҷрочӣ ва солҳои охир ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият дошт, се сол пеш дар бораи қазияаш ба Радиои Озодӣ муроҷиат карда буд.

Дар номааш навишта буд, ки пас аз муроҷиат ба сомонаи президенти Тоҷикистон масъулони Додситонии ноҳияи Вахш ӯро “чап гирифтанд” ва ба фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам медонанд. Дар ҳоле ки, ба иддаои ӯ, “чунин коре накардааст”.

Додситону додраси парванда борҳо ба ҳақ будани худу тафтишот таъкид карда, гуноҳҳои Шамсиддиновро собитшуда хондаанд.

XS
SM
MD
LG