Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саиднуриддин Шамсиддинов ба 8 моҳи иловагии зиндон маҳкум шуд


Саиднуриддин Шамсиддинов
Саиднуриддин Шамсиддинов

Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеи зиндонӣ ва судиҷрочии собиқро ба ҳашт моҳи иловагии зиндон маҳкум кардаанд. Додситон ҳафтаи гузашта ӯро ба ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24" муттаҳам карда, ҳафт соли иловагии ҳабс хоста буд.

Шамсиддинов дар аввали имсол бо гуноҳи хариду фурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ ҳаштуним сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Худашу пайвандонаш ҳамагуна иттиҳомро рад мекунанд.

Як намояндаи Додгоҳи шаҳри Бохтар 24-уми ноябр гуфт, мурофиа рӯзи чаҳоршанбе зери раёсати додрас, Ҳанифа Алимзода, баргузор шуд. "Шамсиддиновро иловатан ба 8 моҳ зиндон маҳкум карданд", -- тасдиқ кард ӯ, аммо ҷузъиёти дигар надод. Дақиқ нест, ки иттиҳоми ҳамкорӣ бо "Гуруҳи 24" аз парвандаи нави Шамсиддинов бардошта шудааст ё не.

Файзи Олӣ, вакили мудофеи Саиднуриддин Шамсиддинов, рӯзи 24-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиа бо пирузии ӯ ва зерҳимояаш анҷомид: "Ҳашт моҳе, ки додаанд, бо назардошти давраи нигоҳдориаш дар СИЗО-и Бохтар ба эътибор гирифта намешавад. Дар умум 8 солу 2 моҳи дигари ҳабсаш мондааст."

"Ман бо далелҳо пешниҳод кардам, ки ё Саиднуриддин сафед карда шавад, ё парванда қатъ гардад ва ё ба тафтишоти дубора фиристода шавад. Зикр кардам, иттиҳоме, ки нисбати зерҳимояи ман эълон шудааст, ҷиноят нест, касе зарар надидааст. Додгоҳ пас аз санҷидани ҳарфҳои мо ҳукмашро хонд," -- мегӯяд Файзи Олӣ.

Саиднуриддин Шамсиддинов, ки дар гузашта ҳамчун судиҷрочӣ ва солҳои охир ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият дошт, бештар бо имзои Саиди Садр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори баъзе додситону додрасҳо шикоят мекард.

Ӯ пештар гуфта буд, ки баъди як муроҷиаташ ба сомонаи президенти Тоҷикистон масъулони Додситонии ноҳияи Вахш ӯро "чап гирифтанд" ва ба фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам карданд. Дар ҳоле ки, ба иддаои ӯ, “чунин коре накардааст”.

Додситону додраси парванда борҳо ба ҳақ будани худу тафтишот таъкид карда, гуноҳҳои Шамсиддиновро собитшуда хондаанд.

XS
SM
MD
LG