Ончӣ дар Туркманистон рӯй дод, дар Тоҷикистон ҳам шуданист? ВИДЕО

Сардор Бердимуҳаммадов

Таҷрибаи аввалини интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Осиёи Марказӣ амалӣ шуд. Сардор Бердимуҳаммадов, писари президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро рӯзи 15-уми март раҳбари нави ин кишвар эълон карданд. Ин хабар дар Тоҷикистон бо диққати тамом пайгирӣ мешавад. Мақомот зуд Бердимуҳаммадови хурдиро табрик карданд. Коршиносон такрори сенарияро дар кишвар аз эҳтимол дур намедонанд.

"Баъди Туркманистон навбати Тоҷикистон"?

Ба назари коршиноси масоили сиёсӣ, Абдумалик Қодиров, “пас аз Туркманистон навбати Тоҷикистон аст.” Ба бовари ӯ, қолаби ҳамин нақшаро дар Душанбе аллакай рехтаанд ва “бояд дар солҳои наздик мушоҳида кунем.”

Таҳлилгарони наздик ба мақомоти Тоҷикистон падидаи интиқоли қудрат аз падар ба писарро мусбат медонанд. Сайфулло Сафаров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, гуфт, “ҳамаи ин як мантиқи ба худ хос дорад. Дар Осиёи Марказӣ таъсири урфу одатҳо, анъанаҳои замони феодализм хеле зиёд ҳастанд ва онҳо ҳам ба равандҳои сиёсӣ таъсир мегузоранд. Аз ҷумла, ба фарзандон додани ҳокимият.”

Сайфулло Сафаров

Ҷаноби Сафаров ҳамзамон аз таҷрибаи Озарбойҷон мисол овард, ки ба гуфтааш “натиҷаи хуб додааст.” Ҳайдар Алиев, раисҷумҳури пешини Озарбойҷон, соли 2003 писараш Илҳом Алиевро ба курсии президентӣ расонд. Ӯро пайваста барои нақзи ҳуқуқи башар ва маҳдуд кардани озодиҳои бунёдӣ танқид мекунанд, вале Сайфулло Сафаров мегӯяд, “Алиеви хурдӣ тавонист, Қаробоғи Кӯҳиро ба ҳудуди кишвараш баргардонад.”

Бердимуҳаммадов хост ё тарсид?

Дар бораи интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 11-уми феврали имсол хабар дод. Ӯ дар порлумони Туркманистон гуфт, ният дорад, аз раҳбарии кишвар канор рафта, мудириятро ба дасти “раҳбарони ҷавон” бисупорад.

Наворро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Туркманистон қудрат аз падар ба писар гузашт. Акнун навбати кист?

Коршиносон фурсати воқеаро муҳим медонанд. Иддае ба ҷанг дар Украина бастагӣ медиҳанд, баъзеи дигар ба воқеаҳои аввали сол дар Қазоқистон. Албатта, ин фарзия ҳам вуҷуд дорад, ки Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов гуё сахт бемор аст ва аз ин рӯ қудратро ба писараш дод.

Марат Мамадшоев

Марат Мамадшоев, сардабири Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки тағйири зудҳангоми қудрат дар Туркманистон ба воқеаҳои аввали моҳи январи имсол дар Қазоқистон рабт дорад.

“Мо мебинем, ки ҳоло атрофиёни президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев зери фишор ҳастанд. Ин натиҷаи он аст, ки ҳоло қудрат дар дасти шахси берун аз клани ӯ қарор дорад. Ин вазъи пешомада роҳбарони дигарро дар ҳарос гузошт,” -- афзуд Мамадшоев.

Монандиҳо дар шеваи интиқоли қудрат

Таҳлилгарон бар инанд, ки дар Душанбе ҳам ба намунаи Туркманистон ва Озарбойҷон омодагӣ мегиранд. Онҳо дар байни ин се кишвар монандиҳои зиёд мебинанд. Аз ҷумла, ин ки соли 2003 Илҳом Алиев як муддат ҷойгузини падараш буд ва баъдан курсии ӯро соҳиб шуд. Дар Туркманистон ҳам Сардор Бердимуҳаммадов ноиби сарвазир ва баъди падараш шахси дувуми кишвар буд. Дар Тоҷикистон ҳам Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури феълӣ раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон ва амалан шахси дувуми ҷумҳурӣ аст.

Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, коршиноси масоили сиёсӣ бовар дорад, ки шеваи интиқоли қудрат аз падар ба писар пеш аз Туркманистон дар Тоҷикистон шуруъ шуда буд. Ба таъкиди ӯ, “тӯли 4-5 соли ахир Рустами Эмомалиро барои расидан ба мақоми баланд тайёр мекарданд. Ӯро дар сохторҳои гуногун ба ҳайси роҳбар мегузоштанд, то таҷриба гирад ва ба ҳамин васила тайёрӣ бинад. Дар Туркманистон ин чиз ҳамагӣ дар 1,5 - 2 соли охир сурат гирифт.”

Туркманистон аз низомҳои худкоматарин дар ҷаҳон аст, ки дар рейтингҳои вобаста ба озодии баён ҳамрадифи Кореяи Шимолӣ аст. Ҳоло ин ҳама мушкил аз Қурбонқулӣ Бердиҳмуҳаммадов ба писараш мерос мемонад. Ҳарчанд Сардор Берҳимуҳаммадов ваъдаи ислоҳотро додааст, аммо бисёриҳо ба тағйири авзоъ шубҳа доранд.