Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи "ноҳамвор"-и интиқоли қудрат дар Осиёи Марказӣ


Вақте президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 19-уми март эълони бознишастагӣ кард, мусаллам буд, ки элитаи сиёсии Қазоқистон нақшаи интиқоли қудратро кашидааст.

Рӯзи дигараш раиси Сенат Қосимҷомарт Тоқаев, сиёсатмадори собиқадор ва як шарики дарозмуддати Назарбоев ба унвони президенти муваққат савганд ёд кард. Тоқаев аз Назарбоев ситоиш ва исми пойтахтро аз Остона ба Нурсултон гардонд.

Моҳи апрел рӯзи баргузории интихоботи зудрас ҳам эълон шуд: 9-уми июни соли 2019. Дар анҷумани ҳизби ҳоким худи Назарбоев аз 600 вакил ва ҳамаи аъзои ҳизб хост, ки номзадии Тоқаевро пешбарӣ кунанд. Касе зид набаромад.

Аз миёни шаш номзаде, ки то имрӯз барои иштирок дар интихобот сабтином шудаанд, ҳеч кас шанси мағлуб кардани Тоқаевро надорад. Вале боз ҳам маълум мешавад, ки на ҳама чиз бар асоси нақшаҳои пешакӣ ҷараён дорад.

Бархе аз сокинони Қазоқистон аз таҳаввулоти сиёсии кишвар норозианд ва бо баргузории намоишҳои эътирозӣ аз ҷараёни маъракаи интихоботӣ интиқод мекунанд.

Ин нахустин ҳодисаи интиқоли қудрат дар таърихи Қазоқистони соҳибистиқлол аст, вале бо нигоҳ ба дигар гӯшаҳои Осиёи Марказӣ мешавад гуфт, чунин шеваи интиқоли қудрат ба нафари мавриди эътимоди раҳбари пешин хатарҳои худро дар пай дорад.

Ин намунаро ду кишвари дигар – Тоҷикистону Туркманистон, ки эҳсос мешавад, раҳбаронашон қудратро дар доираи оилаҳои худ нигоҳ доштаниянд, бодиққат мушоҳида мекунанд.

Дар кишварҳои дигар чӣ гузашт?

Дар давоми 28 соли истиқлоли ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон, танҳо дар ду ҳолат интиқоли сулҳомези қудрат аз президенти барҳаёт ба ворисе мушоҳида шудааст. Ин кишвар Қирғизистон аст.

Роза Отунбоева соли 2010 дар пайи инқилоби моҳи апрел президенти муваққатии Қирғизистон шуд. Ин ҳодисаи нодир буд. Аввалан, ӯ нахустин зане буд, ки раҳбарии як кишварро дар ин минтақа ба ӯҳда гирифт ва дигар ин, ки дар интихоботи октябри соли 2011, тавре ваъда дода буд, номзадиашро пешбарӣ накард.

Роза Отунбоева, президенти пешини Қирғизистон.
Роза Отунбоева, президенти пешини Қирғизистон.

Моҳи декабри соли 2011 бо сари кор омадани Алмосбек Отамбоев, Роза Отунбоева ба истеъфо рафт. Бар асоси конститутсияи соли 2010, президент ҳақ дорад танҳо як дафъа ва дар муддати шаш сол раҳбарии кишварро ба ӯҳда бигирад. Отамбоев дар охири мӯҳлати раёсати ҷумҳуриаш канор рафт, вале пеш аз ин номзади мавриди назари худро ба мақоми президентӣ омода кард.

Ин аввалин намунаи омода кардани вориси курсии президентӣ аз ҷониби раисҷумҳури амалкунанда буд. Вале таҷрибаи Қирғизистон натиҷаи хуб надод.

Отамбоев ба ҷойи худ Сооронбой Ҷеенбековро интихоб кард. Интихоби Ҷеенбеков, ки дар мақоми раҳбари вилояти ҷанубии Ӯш кор кардааст, муҳим буд, чунки дар ин кишвар мушкили ҳифзи тавозун дар миёни ҷанубу шимол вуҷуд дорад. Худи Отамбоев намояндаи шимол аст.

Ҷеенбеков моҳи апрели соли 2016 нахуствазир ва узви Ҳизби сотсиал-демократи зери раҳбарии Отамбоев шуд. Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ Отамбоев ишора кард, ки дар сурати пирӯзӣ, Ҷээнбеков сиёсати ӯро идома медиҳад. Ин замоне буд, ки баъзе овозаҳо дар бораи эҳтимоли дар қудрат мондани Отамбоев вуҷуд дошт. Агар ҳам Отамбоев чунин нақшае дошт, пас ҳисобаш хато баромад.

Сооронбой Ҷеенбеков (аз чап) ва Алмосбек Отамбоев (аз рост).
Сооронбой Ҷеенбеков (аз чап) ва Алмосбек Отамбоев (аз рост).

Ҷеенбеков октябри соли 2017 сари қудрат омад ва шаш моҳ баъди ин ҳама дастнишондаҳои Отамбоевро аз маъмурияти ҳукумат дур кард. Бархе мақомдорони даврони раисҷумҳури пешини Қарғизистон датсгир ва дар фасоди молӣ айбдор шуданд. Отамбоев чанд дафъа Ҷеенбековро танқид кард ва дар дохили ҳизб ҳам миёни тарафдорону мухолифони ҳарду ихтилоф ба миён омад.

Ҳоло мунтақидон ва ҷонибдорони Ҷеенбеков ҳадди ақал ҳамин чизро эътироф мекунанд, ки ӯ ба бозии дасти Отамбоев табдил нашуд.

Дар Қирғизистон нахустин таҷрибаҳои тағйири қудрат бо инқилобҳои соли 2005 ва 2010 бастагӣ дорад. Дар ҳолати аввал норозигии мардум аз президент Аскар Оқоев ва дар ҳолати дуюм – шеваи раҳбарии Қурмонбек Боқиев ва талоши ин ҳарду барои тақвияти қудрат ва пурзӯр кардани мавқеи фарзандон сабаби инқилобҳо шудааст.

Онҳое, ки баъди ин президентон сари қудрат омаданд, табъан ваъда супурданд, ки дар сиёсат тағйирот ҷорӣ мекунанд.

Интиқоли қудрат дар Узбекистону Туркманистон танҳо баъди марги президентон имконпазир шуд. Замоне ки президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов моҳи декабри соли 2006 даргузашт, ба ҷои ӯ вазири он замон комилан ношиноси тандурустӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов сари қудрат омад ва то имрӯз маълум нест, пушти саҳна чӣ гузашт ва чӣ гуна ин шахс раҳбари аввали кишвари ғанӣ аз газ шуд.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Баъди эълони расмии марги президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримов дар таърихи 2 сентябри соли 2016, нахуствазир Шавкат Мирзиёев сари қудрат омад ва ин ҷараён ҳам зиёд шаффоф набуд. Бо ин ки ҳам Бердимуҳаммадов ва ҳам Мирзиёев аъзои тими президенти кишварашон буданд, ҳеҷ кас онҳоро ба унвони ворис арзёбӣ намекард.

Мушкилоти Тоқаев

Ҳолате, ки Тоқаев дар Қазоқистон дорад, фарқ мекунад. Ӯ метавонад президент шавад, вале аз он ҷо, ки Нурсултон Назарбоев ё Элбосӣ (Пешвои миллат) ҳанӯз зинда аст, ҳарфи ниҳоиро дар тамоми масоили сиёсӣ ӯ мезанад.

Баъдан, чунин андеша вуҷуд дорад, ки Тоқаев (рӯзи 17 май 66-сола мешавад), танҳо як шахси муваққатӣ аст ва ин мақомро барои як шахси дигар нигаҳ медорад. Дар маҳфилҳо гуфта мешавад, ки бархе хешовандони Назарбоев ба мақоми раёсатҷумҳурӣ баргузида мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов.
Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов.

Ва ниҳоят сеюм ё омили муҳим ин аст, ки Тоқаев ба идомаи сиёсати Назарбоев ваъда супурдааст ва ба таъбири дигар, ӯ чизеро тағйир доданӣ нест.

Вале он чӣ, ки ки барои сари қудрат омадани Мирзиёев, Бердимуҳаммадов, Боқиев ва Отамбоев мусоидат кард, ин умеди мардум барои тағйирот буд ва аз ҳамин назар ҳам мавриди пуштибонӣ ваё ҳадди ақал пазириши ороми онҳо дар ин мақомҳо сабаб шуд. Ҳамаи онҳо дар мақомҳои худ дар моҳҳои аввали кор бархе тағйироти мусбат анҷом доданд.

Тоқаев то замони зинда будани Назарбоев нахоҳад тавонист ба унвони як раҳбари мустақил даст ба тағйирот занад ваё хатоҳои сиёсати ӯро ислоҳ кунад.

Вале чанд эътироз дар Қазоқистон, ки дар онҳо ҷавонон ҳам зиёд иштирок мекунанд, баёнгари онанд, ки ҷомеаи ин кишвар ташнаи навоварӣ ва тағйирот шудааст. Шиорҳои эътирозгарон баёнгари ин андешаанд: "Нурсултон – интихоби ман нест, Тоқаев – президенти ман нест ва Дариға раҳбари Сенати ман нест!" ваё "Мо интихоби худро дорем"...

Дар Қазоқистон бархе мегӯянд, ки эҳтимолан интихоби ниҳоӣ ба сари духтари Назарбоев – Дариға Назарбоева ваё наберааш Самат Абиш биафтад ва яке аз онҳо президент шавад. Пешгӯӣ мешавад, ки норозигии ҷомеа аз сари қудрат омадани хешовандони Назарбоев назар ба худи Тоқаев бештар хоҳад буд.

Ин мушкили калидӣ барои Тоқаев аст.

Вале чунин мушкилро дар оянда метавонад ҳам Сардор Бердимуҳаммадов ва ҳам Рустами Эмомалӣ дошта бошанд, агар ки талош кунанд вориси курсии падарҳои худ дар Туркманистон ва Тоҷикистон шаванд.

XS
SM
MD
LG