Дар Туркманистон то камтар аз як моҳи дигар интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва аз ҳоло маълум аст, ки писари раиси ҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ҷойи падарашро мегирад.
Сардор Бердимуҳаммадовро номзад ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод шуд ва ҳамин мавзуъ баҳси зиёдеро дар вебсайти Радиои Озодӣ ва саҳифаи мо дар Фейсбук барангехт. Теъдоде гуфтаанд, чунин гузариши қудрат барои кишвар оқибати хуб надорад ва шояд дар оянда ҳам дар Тоҷикистон чунин шавад.
Як корбаре, ки номи худро дар вебсайти Радиои Озодӣ нанавиштааст ва чунин мегӯяд: “Агар ҳамин хел рафтан гираду, писарҳояшонро ба ҷойи худ президент монанд, Осиёи Марказиро буҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ фаро мегирад. Осиёи Марказиро тақдири Ироқ, Сурия, Либия, Афғонистон, Куриёи Шимолӣ интизор аст. Наход кадр набошад, ба ғайр аз писарони президентҳо.”
Айни шарҳро аз корбари дигаре гирифтем, ки худро “Назарсанҷ” номидааст ва мегӯяд, шояд сабаби ҷиддие бошад, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро маҷбур кардааст, курсиашро ба писараш бидиҳад.
Шарҳи Назарсанҷ чунин аст: “Ин навъи ҷойивазкунӣ оқибат надорад. Фақат барои тезтар халос шудан аз подшоҳии оилавӣ заминаи хуб мегузорад. Оқибаташ ба хайр бошад. Эҳтимоли дигар он ки Туркманбошии калонӣ гирифтори ягон беморӣ аст, вагарна ин хелҳо мансабро ба осонӣ намесупоранд. Ё воқеаҳои Қазоқистон кумак кардааст. Дар ин сурат чунин иваз кардани ҷой бефоида аст.”
Дар воқеъ раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, ки баъди 15 соли кор ба ҳайси раҳбари кишвар ба синни пайғамбар расидааст, хаста шудааст ва мехоҳад, мудирияти кишварро ба дасти раҳбарони ҷавон супорад. Писари Қурбонгулӣ, 40-сола ва худи ӯ 64 сола аст.
Инҷо шарҳи як корбари дигареро меорем, ки худро “Тоҷики Туркманистон” муаррифӣ кардааст: "Ба фикрам, Қурбонгулӣ аз аспсаворӣ, ронандагиву киштукор ва китобнависии бисёр монда шуд, ки ба писараш гуфтаст, биё ту кор кун, ман дам гирам, ки дигар наметавонам. Мумкин аз ғорати сарвати мардум ва ҳам беобрӯ кардани миллати туркман бо қарорҳои хандаовараш хаста шуда бошад. Баъди нафақа, меравад, муҷассамаи тиллоиашро дар Ашхобод тамошо карда мегардад, агар Сардор онро наканад."
Як корбари дигари вебсайти Радиои Озодӣ ҳам бо ишора ба онки фарзанди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳам ҳақ дорад, ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ шавад, навиштааст, ки “Дар Тоҷикистони ҳам ҳамин нақша тарҳрезӣ шудааст.
Ба қавли як корбари дигар: “Ин диктаторҳо ба якдигар дарс меомӯзанд. Баъд аз Туркманистон боз кӣ писарашро ба номзадӣ мегузошта бошад ?”
Дар ин миён корбаре бо номи Ҳошим Мелибоев дар саҳифаи мо дар Фейсбук навиштааст, ки дар ҳар коре як амри хайр низ ҳаст. Шарҳи мухтасараш ҳам чунин аст: “Хоҳ аз саҳна, хоҳ аз варзиш, хоҳ аз сиёсат сари вақт рафтан ба хайр мегӯянд.”
Шумо чӣ мегӯед. Дар вебсайти мо нависед, ки нишониашро инҷо мебинед. Роҳи дигар низ ҳаст, дар видео кутоҳ сабт кунед ва аз тариқи вотсаппу вайберу имову телеграм ба ин шумораи телефони Радиои Озодӣ бифристед: +420 607 900 808