Бердимуҳаммадов буд, Бердимуҳаммадов шуд. Интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Туркманистон

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бо писараш Сардор ва аъзои дигари хонавода. Акс аз соли 2017

Мақомоти Туркманистон рӯзи 15-уми март гуфтанд, ки дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар ин кишвари худкома Сардор Бердимуҳаммадов, писари раисҷумҳур Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, бо тақрибан 73 дарсади ройи мардум баранда шудааст. Интихобот 12-уми марти имсол баргузор шуд. Дар он 9 довталаб иштирок карданд. Номзадҳои дигар аз як то ёздаҳ дарсад овоз гирифтаанд. Ягон интихобот дар Туркманистон озоду демократӣ эътироф нашудааст.

Ба ин тартиб, дар қаламрави Осиёи Марказӣ, Туркманистон кишвари нахустине шуд, ки интиқоли қудратро аз падар ба писар таҷриба кард. То ин замон чунин таҷрибаро дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравии пешин ҳукумати Озарбойҷон татбиқ кардааст.

Овоздиҳии писари 11-сола ва…

Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Туркманистон, ки дар бораи баргузории он якуним моҳ пеш хабар доданд, ба навиштаи хабарнигорони бахши туркмании Радиои Озодӣ, "бо қонуншиканиҳои зиёд" гузашт.

Як манбаи радио дар маъмурияти яке аз вилоятҳои Туркманистон гуфтааст, шаби 13-уми март баргаҳоеро, ки ба зидди Сардор Бердимуҳаммадов ва ба ҷонибдорӣ аз "номзадҳои дигар" дода шуданд, иваз карданд. Манбаъ афзудааст: "Нуқтаҳои ройдиҳӣ соати 7-и шом баста шуданд. Аз ҳукумат супориш расид, ки то замони "ба даст омадани натиҷаи зарурӣ" маълумотро дар бораи овоздиҳӣ нафиристанд. Маълум шудааст, ки аксар овоздиҳандаҳо номи Сардор (Бердимуҳаммадов)-ро интихоб накарданд. Тамоми шаб баргаҳоро тағйир доданд."

Интихоботи президентӣ дар Туркманистон

Хабарнигорони бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми март аз чанд мавриди қонуншиканӣ гузориш доданд. Аз ҷумла, дар бораи ба мардум тақсим кардани шумори зиёди баргаҳои рой ё бюллетенҳо.

Гоҳе бюллетенҳоро на аз рӯи шиноснома, балки аз рӯи шумори аъзои оила медоданд. Дар ҳолатҳои дигар ба дасти як кас то се баргаи овоздиҳӣ додаанд. Дар вилояти Лебап (Лаби Об) манбаи Радиои Озодӣ дар бораи ба интихобот омадани писари 11-сола хабар дод, ки "ба ҷои падару модараш овоз додааст".

Ин писар гуфтааст, аз ҳавзаи интихоботӣ ба хонаашон телефон карда, талаб кардаанд, ки "ҳатман як нафарро фиристанд, то ба ҷойи аъзои оила овоз диҳад". Хабарнигорони радио мушоҳида кардаанд, ки баъд аз нисфирӯзии 12-уми март шумори ройдиҳандагон фавқулода кам шуданд.

Яке аз мушоҳидаҳои дигар ин буд, ки тамоми расонаҳои Туркманистон, ки дар он матбуоти мустақил вуҷуд надорад, ба ҷонибдорӣ аз Сардор Бердимуҳаммадов таблиғ мекарданд ва дар бораи ҳашт номзади дигар чизе намегуфтанд.

Ситоиши "муттафиқон", вале...

Дар беш аз 30 соли истиқлоли Туркманистон ҳеч интихобот дар фазои бозу демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ нагузаштааст. Вале аз дидгоҳи ҳайати нозирони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, созмони зери назари Чину Русия, ки Тоҷикистон ҳам узви он мебошад, "интихоботи Туркманистон мутобиқ ба қонунгузории миллии он кишвар ва шаффофу пуррақобат гузашт".

Дар изҳороти созмон аз 13-уми март гуфта шуд, ки ҳайат "ҳеч мавриди поймолшавии муқарраротро, ки қонунмандии натиҷаҳо зери суол барад, сабт накард".

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Дар зимн, рӯзи овоздиҳӣ дар Туркманистон сафири Русия дар Ишқобод дар суҳбат бо хабаргузории русии ТАСС гуфтааст, Туркманистон узви СҲШ нест ва шояд дар фурсати наздик чунин қароре қабул накунад, вале “метавонад ба ҳайси нозир ба узвияти созмон шомил шавад”. Ба гуфтаи Александр Блохин, Туркманистон кишварест, ки ба ҳавзаи манфиатҳои “минтақаи Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Ҷанубиву Шарқӣ дохил мешавад”.

Мақомот дар Туркманистон, ки дар тамоми солҳои мустақилӣ худро “кишвари бетараф ё нейтрал” дар баробари ташкилоти байнулмилалӣ номидааст, ҳанӯз ба ин даъват вокунише накардаанд.

Дар бораи баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Туркманистон рӯзи 11-уми феврали имсол дар ҷаласаи порлумони ин кишвар хабар доданд. Дар шарҳи расмӣ гуфта шуд, ки президенти 64-сола роҳро ба “ҷавонон боз мекунад”. Аксарият ин изҳоротро чун ҳамвор кардани роҳ ба писари президент, Сардор Бердимуҳаммадов, қабул карданд.

Ваъдаи ислоҳот. Чӣ гуна?

Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола, муовини нахуствазири Туркманистон, дар барномаи интихоботиаш ваъдаи “ислоҳот” дод, ки ба “беҳтар кардани мудирияти давлатӣ, навсозии соҳаи хусусӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ, сармоягузорӣ ба соҳибкории хурду миёна” равона мешавад.

Таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ Брюс Паннир мегӯяд, зикри ин мушкилот аз сӯе ба маънои эътирофи вуҷуди ин масоил аст, ки дар ҳукумати баставу ношаффофи Туркманистон ҳамеша амри сахт будааст. Вале ин таҳлилгар ба тағйири ҷиддии вазъ дар давраи Бердимуҳаммадови хурдӣ шубҳа дорад.

Таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ дар 15 соли раҳбарии Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз мушкилоти асливу доғ гардид ва таҷрибаи танзими ин маҳсулот ва ҷорӣ кардани маҳдудият дар фурӯши орду гандум, шакару нон мавриди интиқоду нигаронии пайвастаи чанд соли охир будааст.

То куҷо ин мушкилот дар давраи Сардор Бердимуҳаммадов, президенти ояндаи ҷумҳурии ғанӣ аз гази Туркманистон, ҳалли худро меёбад, суоли ҷиддӣ мемонад.

Сардор Бердимуҳаммадов

Ба андешаи таҳлилгарон, зоҳиран тасмими Бердимуҳаммадов ин аст, ки бо сари кор омадани писараш пурра аз қудрат канор наравад ва аз паси ӯ дар "раҳбариву таҷрибаомӯзиаш" мадад кунад. Аз ин рӯ, ба гуфтааш, эҳтимол аст, ки чизе тағйир ёбад.

Аз сӯи дигар, баъзе таҳлилгарон замони тағйири қудратро дар Туркманистон ҳам аз лиҳози шароити сиёсии байнулмилалӣ махсус интихобшуда меноманд. "Ҳисобу китобҳои Бердимуҳаммадов тасодуфӣ набуд, чун дар пасманзари ҷанги калоне, ки Русия дар хоки Украина ба роҳ монд, таваҷҷӯҳ ва интиқод аз таҳаввулоти Туркманистон ночиз шуд ва Ишқобод тавонист, барои худ бедарду осон маъракаи аз солҳо пеш тарҳрезишударо анҷом диҳад," -- гуфт яке аз онҳо.