Раиси ҷумҳури Туркманистон, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, писари 39-солааш Сардор Бердимуҳаммадовро муовини сарвазир ва раиси Палатаи олии назорат таъйин кард. Вай ҳамакнун бахши молияи ҳукуматро "контрол" ё назорат мекунад.
Ба иттилои телевизони давлатии Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов ба ҳайати Шӯрои амнияти давлатии он кишвар низ ворид карда шудааст.
Дар бораи таъйини Сардор Бердимуҳаммадов ба мансаби раиси Палатаи назорати олии Туркманистон қаблан хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ гузориш дода буд. Як корманди бахши амнияти президент гуфта буд, писари раиси ҷумҳур раҳбарии Палатаи олии назоратро ба уҳда хоҳад дошт.
Ҳамчунин қабл аз таъйини Сардор Бердимуҳаммадов ба ин мақом, дар бинои Палатаи олии назорат, воқеъ дар хиёбони Махтумқулии Ишқобод, таъмиру бозсозии фаврӣ сурат гирифт.
Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми феврал ба онҷо рафта буд ва мушоҳида кард, ки биноҳои истиқоматии наздик рангубор шудаанд. Илова ба ин, ба сокинони хонаҳои наздик ҳушдор дода шудааст, ки аз ин ба баъд гузоштани мошинҳои шахсӣ дар паркҳои наздики биноҳо мамнуъ хоҳад буд.
Писари 39-солаи президенти Туркманистон то ин замон дар мақоми вазири саноати Туркманистон кор мекард. Ӯ рӯзи 7-уми феврали соли 2020 ба ин мақом таъйин шуда буд.
Пеш аз ин ӯ раиси вилояти Аҳал буд. Пай дар пай боло рафтани писари раиси ҷумҳури Туркманистон дар мақомҳои давлатӣ, миёни коршиносон ин гумонзаниҳоро ба миён овардааст, ки Бердимуҳаммедови 63-сола ӯро барои ҷойнишинии худ омода мекунад.
Дар вазифаи нав Сардор Бердимуҳаммадов яке аз муовинони раиси кобинаи вазирон хоҳад буд, ки раҳбарии онро худи президент ба ӯҳда дорад. Ӯ ҳамчунин узви Шӯрои амнияти миллӣ хоҳад буд, ки маъмулан раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ шомили он мебошанд.
Фаъолиятҳои сиёсии писари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз охири соли 2016 шуруъ шуд. Вай он замон дар интихоботи миёндавраӣ ба порлумон роҳ ёфт. Аз он замон ба баъд Сардор Бердимуҳаммадов дар арсаи сиёсиву ҷамъиятӣ фаъол шуд.
Соли 2017 вай чанд сафари хориҷӣ анҷом дода, бо мақомҳои баландпояи кишварҳои хориҷ мулоқот кард. Сардор Бердимуҳаммадов ҳамзамон дар чанд чорабинии оммавӣ ҳамроҳи падараш ҳозир шуд.
Дар расонаҳои расмӣ писари президенти Туркманистонро "писари мардум" унвон мекунанд ва ҳозиршавиашро дар мазҳари ом ҳамроҳи падар "рамзи насли меросбар" медонанд.