Пас аз тирпарронии ҳафтаи гузашта дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, ҳанӯз ҳам сокинони деҳаҳои марзӣ эҳсоси ноамнӣ доранд. Бошандагони деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ мегӯянд, ин вазъ низоми зиндагиашонро ба ҳам задааст. Онҳо нигаронанд, ки фарзандонашон аз таҳсил дур мемонанду заминҳояшон нокишта.
"Сездаҳ дандонамро аз даст додам"
Алибой Аббосов, сокини деҳаи Сомониён, охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "се рӯз бачаҳоро худам ба мактаб бурдам. Дигар намераванд. Боз овози тиру ҷангу ҷанҷол ва ғурбату кулфат шунида мешавад. Як бор як одами калонро бурда заданд, як кас напурсид. Ман ҳам сездаҳ дандонамро дар ин ҳодисаҳо бой додаам."
Роҳи хонандагони мактаб аз наздикии кӯчаҳое мегузарад, ки сокинони Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Баъд аз ҳодисаҳои 10 ва 11-уми марти имсол аз 200 хонандаи мактаби деҳаи Сомониён нафареро дар синфхонаҳо надидем.
Робия Асламова, сокини деҳаи Сомониён, гуфт, "ҳамин шабу рӯзҳо, умуман аз моҳи декабри соли 2021 боз таҳсили фарзандонамон хуб нест. Як набераам дар синфи дувум мехонад. Ба мактаб намеравад. Як бор рафт, дар роҳ дармонд. Муаллим бо роҳи дигар ба хона овард. Шавҳарам чанд бор бо мошин бурда овард. Як рӯз меравад, чаҳор рӯз намеравад."
Дар мактаби деҳаи Сомониён низ набудани хонандагонро тасдиқ карданд. Ба қавли Камолиддин Собиров, муовини мудири мактаб, "дар маҳаллаи поёни деҳаи Сомониён занҳо намондаанд. Ҳамаашон рафтаанд. Вақте модар равад, мактаббачаҳо ҳам мераванд."
Деҳқонҳо мегӯянд, метарсанд
Дар сари киштзор кушта шудани як сарбози тоҷик аз ҷониби сарҳадбонони Қирғизистон дар ҳафтаи гузашта аксар деҳқонони ин минтақаро тарсондааст. Ин ҳодиса дар замини хоҷагии деҳқонии тухмипарварии рақами 4-и Чоркӯҳ ҳангоми ниҳолшинонии кишоварзони тоҷик рух дод.
Саид Ҳайдаров, кишоварзи деҳаи Хоҷаи Аъло, мегӯяд, имсол ба сабаби халал расидан аз ҷониби Қирғизистон наметавонад 60 садяк заминашро кишт кунад. "Дар ин вазъият кор карда намешавад. Трактор дароварда кишту кор кардан лозим. Имкон нест. Агар оромӣ шавад, трактор оварда, корро сар мекардем. Қирғизистон сарбозҳояшро оварда инҷо гузоштааст, намегузоранд, ки кор кунем," – гуфт ӯ.
Уғул Солиева, сокини Чоркӯҳ, ҳам мегӯяд, "ҷанг бисёр шуд. Аз хона омада, кор мекунем. Ягон овоз барояд, гурехта меравем. Ба халқ бениҳоят ҷабр шуд. Аз мо хостанд, ки эҳтиёт кунем, вале зиндагиамон хароб мешавад. Фарзандонамонро таъмин карда наметавонем."
Мақомот нишастанду имзо карданду рафтанд. Мардум чӣ мехоҳанд?
Ду рӯз баъд аз тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳалокати як сарҳадбони тоҷик, мақомоти ду кишвар паси мизи музокирот нишаста, роҳҳои пешгирӣ аз такрори ин гуна ҳодисаҳоро баррасӣ кардаанд.
Дар поёни мулоқот сардорони Раёсати сарҳадбонии Тоҷикистону Қирғизистон санаде имзо кардаанд, вале сокинон аз тирпаронии дигарбора дар марз хабар дода, эҳтимоли такрори чунин ҳодисаҳоро баён доштанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Саид Ҳайдаров, сокини Хоҷаи Аъло, мегӯяд, "бигзор, биёянду маҷлис кунанд ва гӯянд, ки фалон одам фалониро кушт ва ҷазояшро гирифт. Баъд, мумкин аст, каме ором шавем. На шаб хоб дорем, на рӯз. Мо мехоҳем, ки як бор ҳаминҳоро ошкоро гӯянд, баъд мо дар бораи дӯстӣ гап занем. Ҳоло барои дӯстӣ кардан виҷдонамон иҷоза намедиҳад."
Марзи дақиқнашудаи Тоҷикистону Қирғизистон ҳар чанд вақт боиси даргирие мешавад, ки куштаву захмӣ ва акнун ҳолати ваҳмро аз худ ба ҷой мегузорад. Ду кишвар 970 километр марз доранд ва тақрибан ниме аз онро таъину нишонагузорӣ накардаанд.