Ҳудудан 100 нафар намояндагони ноҳияҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ба қавли мақомоти тоҷик, сари дастурхон ва суҳбати дӯстона ҷамъ шуданд. Ин нишаст дар ҳоле барпо шуд, ки давоми як соли охир марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоҳиди ду даргирии пурхушунат гардид, ки дар натиҷа, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.
Баҳсҳои марзӣ миёни сокинони ду кишвари ҳамсоя, ки баъди суқути шӯравӣ ошкортар шуданд, бахусус солҳои охир шиддат мегиранд. Дастрасӣ ба захираҳои обу чарогоҳҳо, роҳҳову истифодаи муштараки муассисаҳои ҳаётан зарур дар марз гоҳо боиси ихтилофу баҳсҳо мешавад. Бори охир шаби 27 ба 28-уми январ дар марзи миёни Исфара ва Бодканд даргирии хунин сар зад, ки ба иловаи даҳҳо нафари аз ҳарду тараф маҷрӯҳшуда, ду шаҳрванди Тоҷикистонро ҳам кушта бар ҷой гузошт. Бархе сокинони марзӣ аз афзоиши хушунатҳову гӯё то рафт дур шудани шонси дастёбӣ ба созишу мувофиқаҳо ноумед мешаванд.
Мақомоти ду ҷониб оғози моҳи феврал ин мавзӯъро дар музокироти изтирории марзӣ бо иштироки раҳбарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ баррасӣ карда, барои азсаргирии музокираҳову иҷрои протоколҳои дар гузашта ҳосилшуда ва пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои иғвоангез мувофиқа ба даст оварданд. Чун бахше аз талошҳои дар сатҳи маишиву маҳаллӣ ба ҳам овардани мардум, инак бори сеюм аст, ки дар нуқтаи марзӣ маъракаи оши оштӣ барпо мешавад.
Рӯзи шанбе, дар ҷараёни як чунин маъракаи навбатӣ Зафарбек Давлатзода - раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Алмазбек Раҳмонқулов - раиси ноҳияи Лайлак иштирок доштанд. Ҳузури низомиёни ду кишвар ҳам мушоҳида шуд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ намояндагони ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд.
Ин мулоқот дар тарабхонаи “Раъно”, ки марзи ҷамоати Хистеварз ва Борбордукро ба ҳам мепайвандад, доир шуда, дар он асосан пиронсолон ва намояндагони мардумӣ ширкат кардаанд. "Бо ҳам як оши оштӣ хӯрданд ва сӯҳбатҳои дӯстона карданд. Маълум шуд, ки сокинони қирғизтабори ҳамсоя низ интизори сахти чунин дидорҳо будаанд,"- афзуд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Ин сеюмин вохурии дӯстона баъди муноқишаи мусаллаҳонаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки охири моҳи январ сурат гирифт.
Чунин маҳфилҳои дӯстонаву ҳамнишиниҳои гарм сари дастурхони ош бори аввал нест, ки миёни намояндагони ду сарҳад барпо мешавад, вале баъди як муддат оромиву субот ногаҳон ҳодисаҳои наве рух медиҳад. Бархе таҳлилгарон мегӯянд, то замони пурра ҳал нашудани масъалаи аломатгузории марз рӯй додани ҳама гуна ҳодисаҳо имконпазир аст. Сари кор омадани раҳбарони популисту миллатгаро ҳам як иллати дигари набуди пешравӣ дар ин ҷараён гуфта мешавад. "Оши оштӣ агар як қадам ба пеш бошад, аз иҷрои мувофиқаҳои бадастомада худдорӣ кардани ҷонибҳо пешрафт дар музокироти марзиро ду қадам ба қафо мезанад", мегӯянд нозирон.
Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ниме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад. Хунинтарин низоъҳо миёни ду ҳамсоя охири моҳи апрели соли 2021 рух дод ва дар давоми се рӯзи низоъҳо даҳҳо нафар аз ҳарду тараф куштаву захмӣ шуданд.