Ду рӯз баъд аз тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳалокати як сарҳадбони тоҷик, мақомоти ду кишвар паси мизи гуфтугу нишаста ва роҳҳои пешгирӣ аз такрори ин гуна ҳодисаҳоро баррасӣ кардаанд.
Гуфтушунид рӯзи 12-уми март дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" дар ноҳияи Исфара сурат гирифт ва соати 16 вақти маҳаллӣ ба поён расид. Дар поёни мулоқот Раҷабалӣ Раҳмоналӣ сардори Раёсати сарҳадбонии Тоҷикистон ва Уларбек Шаршеев, ҳамтои қирғизаш як санаде имзо кардаанд, вале ба хабарнигорон ҷузъиёти онро ошкор накарданд.
Як намояндаи ҳайати Тоҷикистон бидуни зикри номаш гуфт: "Фармондеҳони неруҳои сарҳадӣ изҳори боварӣ намуданд, ки амнияти ҳарду кишвар дар хатти марзи давлатӣ ҳифз карда мешавад. Минбаъд сарҳадбонони ҳар ду кишвар натиҷаи созишномаро риоят мекунанд, то мардум орому осуда дар хатти сарҳад зиндагӣ кунанд.”
Дар мулоқот ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раиси шаҳри Исфара, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва аз Қирғизистон раиси вилояти Боткент, раиси ноҳияи Лайлак, ва дигар намояндагони расмӣ ширкат доранд.
Яке аз намояндагони ҳайати Тоҷикистон ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Суғд гуфт, “Муроду мақсади ин дидору гуфтушунид пешгирӣ аз муноқиша дар марз, таъмини зиндагии осудаи мардум дар хатти марзи давлатӣ ва риояи одоби неки ҳамсоядорӣ мебошад.”
Ду рӯз пештар аз ин гуфтугу дар натиҷаи тирандозӣ дар наздикии як деҳаи марзӣ дар ноҳияи Исфара, Суннатулло Самадов, як марзбони тоҷик дар маҳалли ҳодиса кушта шуд. Мақомоти ду тараф ҳамдигарро ба барангехтани муноқиша муттаҳам карданд. Тирандозӣ шаби 11-уми март ҳам идома кард ва чанде аз хонаҳои сокинони ҷамоати Чоркӯҳ осеб диданд.
Чандсад километр дуртар аз маҳалли тирандозӣ ва дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар Хатлон рӯзи 12-уми март маросими дафни Суннатулло Самадов, марзбони тоҷике сурат гирифт, ки ҳангоми низоъ кушта шуд.
Дар ҳукумати Исфара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса дар марзи Чоркӯҳ ва Бодканд рӯх додааст. Яке аз ҳамсуҳбатони мо аз мақомоти маҳаллӣ бе зикри ном гуфт, "ҳодиса ҳангоми иваз шудани қисми навбатдории сарҳадбонони тоҷик рух додааст. Вақте ҳайати нави сарбозон омадааст, аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз радду бадалҳое сурат гирифтааст ва онҳо беогоҳӣ ба ҷониби марзбонон тир андохтаанд. Дар натиҷа сарбози мо дар ҷойи ҳодиса мефавтад.”
Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ҳодиса пас аз он рух додааст, ки марзбонони тоҷик ба хатти номушаххаси марз рафта, аз сарҳадбонони қирғиз хостаанд, маҳалро тарк кунанд. "Аммо марзбонони қирғиз иҷоза надоданд, ки низомиёни тоҷик нияти худро амалӣ кунанд ва тирандозӣ оғоз шуд." - омадааст дар изҳорот.
Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон нисфе аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад. Низои хунбортарин миёни ду ҳамсоя охири моҳи апрели соли 2021 рух дод ва дар давоми се рӯзи низоъҳо даҳҳо нафар аз ҳарду тараф куштаву захмӣ шуданд.