Мурофиаи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишкори муҳорибаҳои омехта, ки ба даъватҳои интернетии сарнагун кардани ҳокимияти Тоҷикистон айбдор мешавад, рӯзи 28-уми феврал дар Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия оғоз шуд.
Додрас Сафар Нурализода мурофиаро кушода ё боз эълон кард, аммо хабарнигори Радиои Озодиро ба он роҳ надоданд. Дар мурофиа вакилони мудофеъ ва хешовандони Чоршанбе Чоршанбиев иштирок доранд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз назди Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе мегӯяд, аввал бо талаби вакилони мудофеъ додрас иҷозат дод, ки хабарнигор вориди толори мурофиа шавад.
"Қариб ним соат мунтазир будем. Чоршанберо наоварда буданд, ки масъулини боздоштгоҳ гуфтанд, мурофиа ба соати 14 гузошта шуд. Моро аз бинои Боздоштгоҳ берун карда, гуфтанд, соати 13 биёед. Вақте дубора рафтем, масъулини Боздоштгоҳ дигар иҷозат надоданд, ки ба мурофиа ворид шавем," -- гуфт хабарнигори Радиои Озодӣ.
Вакилони мудофеи Чоршанбе Чоршанбиев баъди берун шудан аз мурофиа бо расонаҳо суҳбат накарданд. Яке аз ширкатдорони мурофиа бо шарти фош нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, додрас аввал Чоршанбе Чоршанбиев ва сипас падари ӯро пурсидааст.
"Чоршанбе дар оғози мурофиа гуфт, худро дар содир кардани ин ҷиноят (даъват ба сарнагунии ҳокимият) гунаҳкор ҳисоб намекунад. Ҳамчунин гуфт, ки дар ҳама мусобиқаҳо аз номи Тоҷикистон баромад мекард," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ширкатдори мурофиаи Чоршанбиев мегӯяд, дар рӯзи аввал ҳамчунин сиёсатшиносе баромад кард, ки қаблан ба навори суханронии Чоршанбе хулосаи манфӣ дода буд. Аз ин сиёсатшинос ном бурда намешавад. Аммо ба гуфтаи манобеи огоҳ аз тафтишот, ин сиёсатшинос дар ҷараёни тафтишот хулоса додааст, ки дар навори баромади Чоршанбе Чоршанбиев даъват ба сарнагунии ҳокимият ҷой дорад. Пештар вакилони дифои Чоршанбиев эътироз карданд, ки навори баромади варзишгарро на сиёсатшиносон, балки мутахассиси забони русӣ санҷад.
"Боз як нафар шоҳид пурсида шуд. Ин нафар видеои баромади Чоршанберо тамошо карда, ба гуфтаи худаш ба хулосае омадааст, ки дар навор Чоршанбе зидди давлат даъват кардааст," -- афзуд ҳамсуҳбати мо, ки дар мурофиа ширкат дошт.
Додрас мурофиаи навбатии Чоршанбиевро ба рӯзи панҷшанбеи 3-юми март таъин кард.
Авазхон Паҳлавонов, падари Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 28-уми феврал дар суҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, “писараш гунаҳкор нест ва аз додгоҳ мехоҳад, ки ӯро озод кунанд.”
Чоршанбиев 31-уми декабри соли гузашта аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот ӯро даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет муттаҳам карданд. Аммо худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро рад мекунанд. Аз рӯи иттиҳоми эълоншуда ба Чоршанбе Чоршанбиев аз 8 то 15 сол зиндон таҳдид мекунад.