Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоршанбе Чоршанбиевро аз Русия ронданд, дар Душанбе ба куҷо бурданд?


Чоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев

Чоршанбе Чоршанбиев, размкори муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА, аз Маскав ихроҷ шуда, ба қавли баъзе аз шоҳидон, дар Фурудгоҳи Душанбе аз тарафи шахсони низомипӯш "бурда шудааст". Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Чоршанбиев субҳи 30-юми декабр ба пойтахти Тоҷикистон расид.

Наздикони Чоршанбе Чоршанбиев мегӯянд, аз макони будубошаш хабар надоранд. Яке аз наздиконаш рӯзи 30-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дақиқ намедонанд, ки Чоршанбиев дар куҷост ва ба сараш чӣ омадааст.

Ба гуфтаи пайвандонаш, мақомоти Русия танҳо як рӯз пеш онҳоро огоҳ карданд, ки Чоршанбиев ба Душанбе фиристода мешавад.

"Мо ҳатто намедонистем, ки ӯро кадом рӯз ба Душанбе мефиристанд. Дар роҳ ба фурудгоҳи Домодедово фаҳмидем, ки шаби 29 декабр Чоршанберо аллакай аз Русия берун кардаанд. Хешу табор ба пешвози ӯ ба фурудгоҳи Душанбе рафтанд, то ӯро гирифта ба хона баранд. Вале Чоршанбе аз фурудгоҳ берун нашуд. Аз кормандони фурудгоҳ фаҳмидем, ки ӯро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо худ бурдаанд,"-гуфт ин хешованди Чоршанбиев.

Сомонаи PamirDailyNews, ки хабарҳои вобаста ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 30-юми декабр навишт, ки Чоршанбиев дар бинои Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ аст. Манбаъ аз қавли наздикони блогер навишт, мақомот бо Чоршанбиев "корҳои фаҳмондадиҳӣ" мегузаронанд ва баъдан раҳо хоҳанд кард.

Мақомот дар ин бора ҳеч хабари расмӣ нашр накарданд. Дафтари матбуотии ВКД дар суҳбат ба хабаргузории "Азия-Плюс" хабари гӯё боздошти Чоршанбиевро рад карданд. Вале мақомот дар бораи макони ҳозираи ин размкори шинохта чизе намегӯянд.

"Дар бораи вазъи саломатии Чоршанбе мо ягон хабар надорем, умед дорем, ки аҳволаш хуб аст,"-гуфт яке аз хешовандони ин варзишгар.

Чоршанбе Чоршанбиев бо қарори додгоҳ аз Русия ронда шудааст. Ӯро рӯзи 3-юми декабри имсол бо иттиҳоми ҳаракати хатарнок бо мошин дар дохили нақб ё туннели Лефортово дар Маскав дастгир карданд ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд.

Худи Чоршанбиев дар бозпурсиҳо ҳаракат бо суръати баландро эътироф кард, аммо гуфт, ки навори видеоии саҳнаи ронандагиашро шояд бародаронаш дар Интернет гузоштаанд. Ӯ ба тафтишот гуфтааст, навор нав нест ва тобистон сабт шудааст.

Чоршанбиев зодаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикисттон аст ва аз соли 2016 бо муҳорибаҳои бидуни қоида машғул буда, чор бор ғалаба ба даст овардааст.

Ӯ замоне шинохта шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳарфҳои зидду нақизаш дар бораи тоҷикону тоҷикистониён ҷанҷол барангехт. Баъдан барои ин амалҳои ҷанҷолбарангезаш узр хост.

XS
SM
MD
LG