Боздошти "танҳо як зан" бо гумони "ҳақситонӣ" дар марз. Қазияи Фотеҳобод набуд? ВИДЕО

Масъулони Идораи мубориза бо коррупсия дар Суғд гуфтанд, ки дар соли 2021 танҳо як нафарро бо гумони қаллобӣ дар марз дастгир карданд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта чандин мусофир аз пулситонӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳобод ба Радиои Озодӣ шикоят карда буданд. Он замон баъзе аз марзбонҳо аз мақом барканор шуданд. Ҳоло танҳо дар бораи як мавриди ришваситонӣ хабар дода мешавад.

Шараф Аваззода, сардори Идораи мубориза бо коррупсия дар Суғд, моҳи феврали имсол гуфт, як зан, ки ба мусофирон ваъдаи бе мушкил гузаштан аз марзро медод, бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуд.

Ӯ шарҳ дод: "Мунавварҷон Бобоҷонова моҳи августи соли 2021 аз шаҳрвандон, Ашӯрматов ва Болтаев, бо баҳонаи бенавбат гузаронидан аз гузаргоҳ 3500 сомонӣ гирифтааст. Баъдан маълум шуд, ки вай на ба сарҳадбонҳо, барои худаш пул ситонидааст. Парванда боз шуд."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши шикоятҳо аз ришваситонӣ дар марз

Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, ҳарчанд тибқи аризаи шаҳрвандон тафтишоти аъмоли Мунавварҷон Бобоҷонова идома дошт, вале бино бар қонуни афв ӯ аз ҷавобгарӣ озод гардид. Аваззода таъкид кард, ки соли 2021 ҳеч корманди Раёсати сарҳадбонӣ дар минтақаи Суғд ба порагириву фасод гумонбар нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки соли 2021, ки пандемияи коронавирус идома дошту бо ин сабаб марзҳо пурра боз набуданд, чандин нафар тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи “ҳақситонӣ” дар гузаргоҳи “Фотеҳобод” (Ойбек)-и байни Тоҷикистону Узбекистон шикоят карданд.

Чанде аз корбарон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ҳангоми рафтан ба Русия ё баргаштан аз онҷо "убури марзи Узбекистон осон аст", вале дар сарҳади Тоҷикистон "банд мемонанд". Ин мушкил хоси танҳо гузаргоҳи “Фотеҳобод” набуда, балки дар дигар гузаргоҳҳо, аз ҷумла “Саразм-Ҷартеппа” низ мусофирон ҳолатҳои ришваситониро мушоҳида кардаанд.

Масъулони гузаргоҳ ба ин ҳеҷ вокунише накарданд.

Миёни Тоҷикистону Узбекистон 16 гузаргоҳи марзӣ амал мекунад. Бинобар баланд будани нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон аксар муҳоҷирон моҳҳои охир Узбекистонро ҳамчун кишвари транзитӣ барои парвоз ба Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ истифода мекунанд.

Гузаргоҳи Фотеҳобод. Соли 2021

Дар пайи коҳиши бемории ҳамагир рафту омад байни Тоҷикистону Узбекистон зиёдтар шуд ва мусофирон мегӯянд, аз гузаргоҳи Фотеҳобод дар шимоли кишвар бидуни иҷозатномаи махсус ҳаққи гузаштан доранд. Пас аз якунимсоли таваққуф ҳаракати мусофирбарҳои ду ҷониб низ аз сар гирифта шуд.

Ҳарчанд ҳоло шикояти сокинон аз пулситонии марзбонҳо камтар шудааст, аввали ҳамин моҳ хабаргузории Cabar.asia бо нашри як мақола гуфт: “Таҳқиқоти рӯзноманигорӣ ошкор кард, ки шикояти сокинон дар мавриди ришвахорӣ дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон ҳақиқат дорад. Мақомоти Тоҷикистон низ вуҷуди ҳолатҳои коррупсиониро дар баъзе гузаргоҳҳои марзӣ қисман эътироф карда, изҳор доштанд, ки гунаҳкорон аллакай ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд”.

Аммо таҳқиқоти рӯзноманигории Cabar.asia нишон додааст, ки исбот кардани ҳолатҳои фасод дар гузаргоҳҳои марзӣ хеле мушкил аст. Мақомот истифодаи телефонҳоро ҷиддӣ назорат мекунанд ва ба касе иҷозат намедиҳанд бо телефон суҳбат кунад. Инчунин дар даромадгоҳи гузаргоҳҳо навишта шудааст, ки гирифтани аксу навор ва сабт кардани садо мумкин нест.

Коршиносон гуфтаанд, ки пурзӯр кардани назорат аз ҷониби мақомоти зидди фасод ҳангоми убур аз марз, аз ҷумла фаъол кардани телефони боварӣ яке аз қадамҳои дигари шаффофтар шудани кори гузаргоҳҳои марзӣ шуда метавонад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Роҳ бастааст", вале як ширкати сайёҳии Тоҷикистон барои сафар ба Узбекистон иҷоза гирифтРасонаҳо: Аз шаҳрвандони Узбекистон дар марзи кишварҳои ҳамсоя пора мегирандДаст ба киса бурдан чӣ маъно дошт? Баҳси ришвагирӣ дар марз бо Узбекистон. ВИДЕО Тағйирот дар гузаргоҳи байни Тоҷикистону Узбекистон баъди шикоятҳо аз "ҳақситонӣ" ВИДЕОБа таҳқиқи "ҳақситонӣ" дар "Фотеҳобод" рафтаанд, аммо мегӯянд, "расман даъвое нест" ВИДЕО"То шикоят нашавад, "ҳақистонӣ" дар Фотеҳобод таҳқиқ намешавад"Таҷаммӯи садҳо кас дар Фотеҳобод (Ойбек). Мардум хоҳони боз шудани роҳи заминӣ ба Узбекистон ҳастанд. ВИДЕОЧаро мусофирони тоҷик наметавонанд озодона ба Узбекистон сафар кунанд?Гузаргоҳи Фотеҳобод баста аст. На ҳама ба Узбекистон роҳ меёбанд. ВИДЕО