Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Аз шаҳрвандони Узбекистон дар марзи кишварҳои ҳамсоя пора мегиранд


Расонаи узбекии Kun.uz дар бораи мавридҳои тамаъҷӯӣ дар марз бо кишварҳои ҳамсояи Узбакистон хабар додааст. Хабарнигори нашрия, ки аз нуқтаҳои марзӣ бо Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дидан кардааст, мегӯяд, ҳақситонии аз ҳама баланд дар гузаргоҳи “Фотеҳобод”- и Тоҷикистон бо “Ойбек” -и Узбакистон мушоҳида мешавад.

Ба қавли манбаъ, шаҳрвандони Узбекистон, ки аз марзи Тоҷикистон гузаштанд, нақл карданд, ки марзбонони тоҷик онҳоро се соат дар хати байн мунтазир нигоҳ дошта, аз ҳар нафар 150 -200 cомонӣ талаб намудаанд. Нашрия менависад, марзбонони қирғизу қазоқ низ барои убури сарҳад пул мегиранд, аммо мабалағи тақозо мекардаи онҳо камтар аст.

Мақомоти тоҷик то кунун дар робита ба ин хабари расонаӣ узбекистонӣ вокуниш нишон надодаанд.

Моҳи августи имсол дар пайи шикоятҳои пайиҳами мусофирон аз "ҳақситонӣ" дар гузаргоҳи "Фотеҳобод" дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон, раиси бахши марзбонии гузаргоҳи мазкур ва муовинонаш аз мансаб барканор шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мусофирон, марзбонони тоҷик на танҳо аз зодагони Узбакистон, балки аз тоҷикон низ маблағ меситонанд. Ба гуфтаи онҳо, агар тобистон марзбонон аз 500 то 1000 сомонӣ талаб мекарданд, ҳоло бошад аз 100 то 200 сомонӣ.

Ба сабаби боло будани нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия аксар муҳоҷирон моҳҳои охир Узбекистонро ҳамчун кишвари транзитӣ истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG