Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба таҳқиқи "ҳақситонӣ" дар "Фотеҳобод" рафтаанд, аммо мегӯянд, "расман даъвое нест" ВИДЕО


Гузаргоҳи "Фотеҳобод" (Ойбек) дар марзи Тоҷикистону Узбекистон, 28-уми июли 2021
Гузаргоҳи "Фотеҳобод" (Ойбек) дар марзи Тоҷикистону Узбекистон, 28-уми июли 2021

Дар ҳоле ки чандин нафар тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи “ҳақситонӣ” дар гузаргоҳи “Фотеҳобод” (Ойбек)-и байни Тоҷикистону Узбекистон шикоят карданд, мақомот мегӯянд, ҳанӯз ба онҳо муроҷиат нашудааст.

Шараф Аваззода, сардори раёсати Оҷонси зиддифасод дар Суғд, мегӯяд, дар шаш моҳи аввали имсол ба ин мазмун танҳо як ариза гирифтанд, ки бинобар набудани номи муаллиф баррасӣ нагардид.

Шараф Аваззода
Шараф Аваззода

“Дар ариза навишта буданд, ки шаҳрвандон аз гузаргоҳи “Фотеҳобод” маблағ дода мегузаранд. Мо санҷида баромадем, ариза беном аст. Тибқи моддаи 21 ва 22-и қонун дар бораи муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, аризаи афроде, ки беному суроға аст, баррасӣ намешавад”, -- гуфт Авваззода рӯзи 3-юми август дар суҳбат бо хабарнигорон.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 28-уми июл Радиои Озодӣ аз гузаргоҳи “Фотеҳобод” (Ойбек) гузориш дод, ки садҳо нафар дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ҷамъ омада, хоҳони гузаштан аз сарҳад ҳастанд. Вале, ба иддаои баъзе аз хоҳишмандони убури сарҳад, аз онҳо барои гузаштан “ҳақ” талаб мешавад.

Масъулони гузаргоҳ ҳанӯз дар ин бора вокуниш накардаанд.

Яке аз мусофирон бо номи Доро Ҳоҷиматов рӯзи 28-уми июл ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфта буд, “шунидем, ки баъзеҳоро бо пул гузаронида истодаанд, ба 1300 сомонӣ."

Мусофири дигар иддао дошт, "200 сомонӣ нафақа мегирам, аз куҷо ба инҳо 1000 сомонӣ ёбам? Дар соя нишаста пул карда истодаанд.”

"То шикоят нашавад, "ҳақистонӣ" дар Фотеҳобод таҳқиқ намешавад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Аз ин пеш чандин корбари сомона низ дар бораи мушкили гузаштан аз сарҳади Тоҷикистон шикоят карда буданд. Онҳо гуфтанд, ҳангоми рафтан ба Русия ё баргаштан аз онҷо "убури марзи Узбекистон осон аст", вале дар сарҳади Тоҷикистон "банд мемонанд".

Масъулони раёсати Оҷонси зиддифасод дар Суғд мегӯянд, пас аз гузориши Радиои Озодӣ гурӯҳеро барои таҳқиқи “ҳақситонӣ” дар гузаргоҳҳои марзӣ фиристоданд, вале ба иддаи онҳо, “аз ҷониби сокинону мусофирон ҳеч даъво нест”.

Шараф Аваззода гуфт, “як ҳафта мешавад, ки дар ҳамин самт кор карда истодаем. Аз шаҳрвандоне, ки дар марз истодаанд, хоҳиш мекунем, бо мо ҳамкорӣ кунанд. Афсӯс, розӣ намешаванд. Дар ин ҳолат мо ошкор карда наметавонем."

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Намояндагони расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин назар ҳастанд, ки нашри мақолаву гузоришҳо метавонад, барои гузарондани амалиёт асос шавад.

“Албатта, роҳҳои гуногуни пешгирӣ ё фош кардани ҷиноят вуҷуд дорад, аммо мардум низ бояд аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд. Телефонҳои боварӣ ё роҳҳои дигар ҳаст, ки шикояти онҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад”, -- гуфт Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон.

Аммо ин мушкил хоси танҳо гузаргоҳи “Фотеҳобод” набудааст. Хабаргузории “Азия-Плюс” менависад, рӯзи 4-уми август даҳҳо муҳоҷире, ки мебоист тавассути гузаргоҳи “Саразм” – “Ҷартеппа” ба Узбекистон рафтаву аз он ҷо ба Русия парвоз мекарданд, дар назди бинои ҳукумати Панҷакент ҷамъ омаданд.

Ба қавли онҳо, гузаргоҳи марзӣ шаби 3-юми август баста шуда, мусофироне, ки аксарият сокинони Панҷакент мебошанд, билети ҳавопаймо дар даст ҳайрон мондаанд. Сабаби баста шудани марзро шарҳ намедиҳанд. Раиси шаҳр ба ҷамъомадагон ваъда додааст, ки мушкилашонро баррасӣ мекунанд.

Бинобар баланд будани нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон аксар муҳоҷирон моҳҳои охир Узбекистонро ҳамчун кишвари транзитӣ истифода мебаранд.

Сокинон умед доштанд, пас аз сафари Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба Тоҷикистон, дар моҳи июни имсол гузаргоҳҳо пурра боз шуда, сафарашон ба кишвари ҳамсоя осон мешавад. Ба сабаби густариши бемории ҳамагир ҳанӯз гузаргоҳҳои сарҳадӣ бастаанд.

Бино ба қоидаҳои қаблӣ, он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки иҷозаи вижа доранд, метавонанд, тавассути роҳи заминӣ ба Узбекистон гузаранд. Роҳи ҳавоӣ ба кишвари ҳамсоя барои ҳама боз аст.

XS
SM
MD
LG