Зеленский: "Мо аз сарзамини худ дифоъ мекунем". Ҳуҷуми Русия дар хоки Украина идома дорад. ВИДЕО

26 феврал, Киев

Президенти Украина Владимир Зеленский субҳи 26-уми феврал дар як паёме аз шаҳри Киев, ки нирӯҳои Русия ба он наздик шудаанд, гуфт, Украина таслим намешавад.

Зеленский, ки дар кӯча, дар назди қасри президенти Украина гап мезад, дар як паёми видеоӣ гуфт: «Ба хабарҳои сохта бовар накунед… Ман ҳаминҷоям, мо силоҳро ба замин намегузорем. Мо кишварамон, ҳақиқат, сарзамин, фарзандони худро дифоъ мекунем, ҳамаи ҳаминро дифоъ мекунем. Ман мехостам ҳаминро ба шумо бигӯям». Ин навор дар саҳифаи Twitter-и Зеленский нашр шуд.

Не вірте фейкам. pic.twitter.com/wiLqmCuz1p

— Володимир Зеленський (@ZelenskyyUa) February 26, 2022

Аз ин пеш Зеленский аз ҳамватанонаш хост, ки зидди ҳамлае бархезанд, ки шояд ояндаи кишварашонро муайян кунад. Ӯ пешниҳоди Амрикоро барои эвакуатсия ё берун рафтан аз кишвар рад карда гуфт: “Ҷанг дар ин ҷо аст”.

Баъди ҳамлаҳои ҳавоӣ ба шаҳру пойгоҳҳои низомии Украина, нерӯҳои ишғолгари Русия субҳи 26-уми феврал, тибқи хабарҳо, аз ҳар тараф ба дохилтари шаҳри Киев ворид мешаванд. Як шоҳид дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтерс аз мушакборони канораҳои шаҳр хабар дод.

Дмитро Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина аксе дар Twitter нашр карда хонаи баландошёнаи осебдида аз ҳамлаи мушакиро дар маркази шаҳри Киев намоиш дод. Ӯ менависад: “Киев, ин шаҳри бошукуҳ ва осоиштаи мо, шаби дигаре аз ҳамлаҳои нерӯҳои хушкигарди Русия ва мушакҳо эмин монд. Яке аз онҳо ба як манзили истиқоматӣ дар Киев бархӯрдааст. Ман аз ҷаҳон талаб мекунам: Русияро пурра дар инзиво гузоред, сафирҳоро берун кунед, эмбаргои нафтӣ ҷорӣ кунед, иқтисодашро хароб кунед. Пеши роҳи ҷинояткорони ҷангии Русияро бигиред!”

Stop Russian war criminals! pic.twitter.com/c3ia46Ctjq

— Dmytro Kuleba (@DmytroKuleba) February 26, 2022

Чанде баъд навори видеоии саҳнаи ҳамлаи мушакӣ ба манзили истиқоматӣ нашр шуд.

Video of the moment that the missile hit the high-rise in Kyiv, #Ukraine. pic.twitter.com/uhFmrGCte2

— Global: MilitaryInfo (@Global_Mil_Info) February 26, 2022

Як мушовири Вазорати корҳои дохилии Украина гуфт, ки дар ин ҳамла ҳеч нафаре кушта нашудааст. Ба гуфтаи як ходими идораи ёрии таъҷилӣ, касе кушта нашудааст, вале шаш нафар маҷрӯҳ гаштаанд. Антон Герашенко инчунин гуфт, иддаои Русияро, ки нӯё неруҳояш ба муассисаҳои осоишта зарба намезананд, дурӯғ номид. Ба гуфтаи ӯ, дастикам 40 макони ғайринизомӣ ҳадаф қарор гирифт ва нерӯҳои Русия биноҳои истиқоматиро низ тирборон мекунанд.

Мақомоти Украина гуфтанд, ки нерӯҳои Русия аз баҳри Сиёҳ ба шаҳрҳои Суми, Полтава ва Мариупол мушакҳои болдор партоб кардаанд ва дар наздикии шаҳри ҷанубии Мариупол даргириҳои шадид идома доранд.

Субҳи 26 феврал низомиёни украинӣ гуфтанд, ки як ҳавопаймои низомии онҳо ҳавопаймои дуюми русии навъи "ИЛ-76"-ро сарнагун кард. Ин ҳавопаймои ҳарбии боркаш мебошад. Ду мақоми амрикоие, ки аз вазъ дар Украина иттилои дасти аввал мегиранд, гуфтанд, ки як ҳавопаймои низомии русӣ дар наздикии Белая Серков, дар 85-километрии ҷануби Киев суқут дода шуд.

Рӯзи 25-уми феврал низомиёни украинӣ гуфтанд, ки дар 50-километрии ҷануби Киев дар наздикии шаҳри Василков ҳавопаймои навъи "ИЛ-76"-ро, ки неруҳои ҳавобурд ё десантро интиқол медод, сарнагун карданд. Тарафи Русия инро шарҳ надод ва феълан имкони тасдиқ кардани ин хабар вуҷуд надорад.

Хабаргузории Интерфакс гуфт, ки ҳарбиёни Русия нерӯгоҳи барқи обии шаҳри Киевро гирифтанд, вале Михайло Подоляк, мушовири дафтари президенти Украина гуфт, ки вазъият дар Киев ва канораҳои он таҳти назорати ҳарбиёни украин мебошад.

Подоляк гуфт, “дар дохили шаҳр бархе гурӯҳҳои вайронкору ҷосус ошкор шудаанд, полис ва нерӯҳои худдифоъ ба таври муассир алайҳи онҳо кор мекунанд”.

Мақомоти дифоии амрикоӣ бовар доранд, ки ҳуҷуми нерӯҳои Русия бо муқовимати сахте рӯбарӯ шудааст ва ба ҳамин хотир суръати ҳаракаташ костааст, вале ҳама чиз метвонад зуд дигар шавад. Дар се рӯзи ҷанг, ба қавли низомиёни украин, онҳо тавонистанд 14 ҳавопаймо, 8 чархбол, 102 тонк, 536 мошини низомӣ ва инчунин 3 ҳазор низомии русро нобуд кунанд. Дар ин бора дар як изҳороташ рӯзи 26 феврал вазорати дифои Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Вале санҷиш ва тасдиқи ин хабар номумкин аст.

pic.twitter.com/NTpd6WvXTL

— OSINTtechnical (@Osinttechnical) February 26, 2022

Русия ҳеҷ оморе дар бораи талафот нашр намекунад. Вазири беҳдошти Украина Виктор Ляшко рӯзи 26 феврал гуфт, ки дар паи ҳуҷуми нирӯҳои Русия ба Украина 198 украинӣ кушта ва зиёда аз ҳазор нафар захмӣ шудаанд. Вай шарҳ надод, ки чӣ шуморе аз онҳо ҳарбиён будаанд. Идораи паноҳандагони СММ гуфт, то рӯзи шанбе 120 ҳазор паноҳҷӯи украинӣ кишварро тарк кардаанд.

Келли Клементс, муовини раиси Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон дар сӯҳбат бо CNN гуфт, ки эҳтимолан вазъ аз ин бадтар шавад. Ӯ гуфт, “ҳоло мо мебинем, ки беш аз 120 ҳазор нафар ба ҳамаи кишварҳои ҳамсоя рафтаанд. Ин мардумро ҷомеаву ҳукуматҳои маҳаллӣ ба дараҷаи олӣ қабул мекунанд. Вале ҳодиса босуръат тағйир меёбад”.

Аксар паноҳҷӯён ба самти Полшаву Молдова мераванд, вале инчунин Руминия, Словакия ва Венгрия ҳам ба макони қабули паноҳандагони украинӣ табдил шудаанд.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки “ҷанг дарозмуддат” хоҳад шуд ва пешбинӣ кард, ки ҳуҷуми Русия ба Украина барои аврупоиҳо паёмадҳои сангине хоҳад дошт. Макрон, ки рӯзи 26 феврал дар як намоишгоҳи кишоварзии шаҳри Париж сӯҳбат мекард, дар муроҷиат ба кишоварзони кишвараш гуфт, ки дар натиҷаи ҷанги Русия дар Украина нархҳо – аз май сар карда то меваву сабзавот ва баҳои содироти маҳсулот ва нархи энержӣ осеб мебинанд.

Кишварҳои ғарбӣ нисбати Русия як бастаи калони таҳримҳо ҷорӣ карданд, чандин бонкро ба феҳристи сиёҳ ворид ва содироти фанновариҳоро манъ намуданд. Вале ба таҳрими низоми бонкии SWIFT, ки дар муомилаҳои пулии байналмилалӣ роиҷ аст, нарафтанд.

ИМА дар қарори 25-уми февралаш Путин, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири дифоъ Сергей Шойгу ва сарфармондеҳи ситоди кул Валерий Герасимовро таҳрим кард. Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва Канада ҳама гуна дороиҳои Путину Лавровро дар қаламрави худ масдуд карданд.

Шоми 25-уми феврал президенти ИМА Ҷо Байден санадеро имзо кард, ки 500 миллион доллар ёрии изтирории низомӣ ба ҳукумати Украинаро пешбинӣ мекунад. Вале маълум нест, ки ин кӯмакҳо кай вориди Украина мешаванд.

Аксар бозори саҳҳом дар вокуниш ба таҳаввулоти ахир баҳои эътимод ба Русияро ба сатҳи поин фароварданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ Русия нагузошт қатъномаи маҳкумкунандаи ҳуҷум ба Украина қабул шавад. 11 кишвар ба тарафдории қабули қатънома овоз доданд, вале Чину Ҳинд ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз овоздиҳӣ худдорӣ намуданд.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Зеленский гуфт, ки соатҳои наздик Украина ва Русия замону макони ташкили муколамаро баррасӣ мекунанд. Кремлин чанде пештар пешниҳод кард, ки мулоқот дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус барпо шавад. Украина Варшаваро интихоб намуд ва ин чиз, ба қавли сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков боиси “танаффус” дар тамосҳо шуд.

Сухангӯи Зеленский – Сергей Никифоров дар Фейсбукаш навишт, ки “Украина ба музокирот дар бораи оташбас ва сулҳ омода мебошад”. Ӯ гуфт, “мо ба пешниҳоди президенти Федератсияи Русия омода ҳастем”.

Нед Прайс, сухангӯи департаменти давлатии ИМА гуфт, ки пешниҳоди Русия талоши барпо кардани дипломатияи “зери мили туфанг” аст ва муҳимтарин чиз барои муколамаҳо ин аст, ки низомиёни Путин бомбафкании Украинаро хотима диҳанд.

Субҳи 25-уми феврал Путин аз низомиёни Украина хост, ки таслим шаванд. Ӯ гуфт: “Барои мо осонтар аст, ки назар ба як гурӯҳи нашъаманду неонасистҳое, ки дар Киев нишаста, ҳамаи мардуми украинро гаравгон гирифтаанд, бо шумо муколама кунем”. Иттиҳомоти бедалели Путин бори дигар ба он ишора мекунад, ки ҳадафи ниҳоии ӯ сарнагун кардани ҳукумати ба таври демократӣ интихобшудаи Зеленский мебошад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

На ҷойи рафтан, на ҷойи мондан. Тоҷикон дар Украина чӣ ҳол доранд? ВИДЕОСММ ба қабули 4 миллион паноҳҷӯи украин омода мешавад Муҳоҷирони тоҷик аз аҳволи мардуми Украина мегӯяндСҶТ бӯҳрони башарӣ дар Украинаро пешбинӣ кард Зеленский гуфт, дар Украина 137 нафар кушта шуд Ҷанг дар Украина ба қурби пулҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ таъсир расонд"Путин хунрезӣ ва вайрониро интихоб кард." Вокунишҳо ба ҳамлаи Русия ба Украина. ВИДЕО, ХАРИТА