Бонки марказии Қазоқистон дар нимрӯз барои дастгирии қурби пули миллӣ 104 миллион доллар сарф кардааст. Ба огаҳии бонк, қурби доллари амрикоӣ дар давоми як рӯз дар Қазоқистон ба 465,9 танга расидааст. Дар ҳоле ки субҳи 24 феврал он 437 тангаи қазоқӣ буд.
Бонки миллии Қирғизистон низ вазъи асъори хориҷӣ ва пули миллиро шарҳ додааст. Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷаи ҳаводиси Украина ва таҳримҳои Амрикову Аврупо бар зидди Русия қурби доллар дар баробари пули миллии он кишвар боло рафтааст.
Бонкҳои Қирғизистон 24 феврал қурби долларро якбора боло бурдаанд. Он аз 84,9 соми қирғизӣ то ба 95 сом боло рафтааст.
Рӯзи 24-уми феврал, пас аз ҳамлаи Русия ба Украина, қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон низ якбора поин омад.
Дар чанде аз бонкҳои Тоҷикистон (Эсхата ва Амонатбонк) рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки 1000 рубли русӣ ба 128 сомонӣ баробар шудааст. Дар чанд бонки дигар онро то 120 сомонӣ фаровардаанд.
Дар ҳоле ки як рӯз пеш 1000 рублро ба 141 сомонӣ иваз мекарданд. Дар оғози ҳафта ин рақам ба 149 сомонӣ баробар буд.
Бонки Миллии Тоҷикистон поин рафтани қурби рубли русиро дар кишвар тасдиқ кард. Дар сомонаи расмии Бонки Миллӣ ҳазор рубл ба 133 сомонӣ баробар аст.
Сокинон дар Тоҷикистон поин ва болоравии қурби рубли русиро ҷиддӣ мегиранд. Беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва бахши аъзами онҳо ҳаққи кори худро бо рубли русӣ ба кишвар мефиристанд.