Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Путин хунрезӣ ва вайрониро интихоб кард." Вокунишҳо ба ҳамлаи Русия ба Украина. ВИДЕО, ХАРИТА


Ҳамлаи Русия ба Украина, ки Маскав "талоши ғайринизомӣ кардан"-и ҳамсояаш медонад, вале Киев "таҷовуз" мешуморад, вокунишҳои зиёдеро дар гӯшаҳои ҷаҳон ба бор овард. Кишварҳои ғарбӣ рафтори Русияро сахт маҳкум карда, хоҳони посухгӯйӣ ба он ва ҷорӣ кардани таҳримҳои сахттарин алайҳи Маскав шуданд.

Нерӯҳои Русия субҳи 24-уми феврал ба Украина ҳамла карданд. Киев бонги хатар зад ва вазъияти ҷангӣ эълон намуд. Дмитрий Клеба, вазири корҳои хориҷии Украина, гуфт, "ин як ҷанги таҷовузкорона аст. Украина аз худ дифоъ хоҳад кард ва пирӯз хоҳад шуд. Ҷаҳон метавонад ва бояд Путинро боздорад. Ҳоло вақти амал аст."

Кремлин рӯзи 24-уми феврал изҳороти пешинаи Владимир Путинро такрор кард ва ҳадаф аз ҳамлаи нерӯҳои Русия ба Украинаро "ғайринизомӣ кардани Украина ва мубориза бо идеологияи фашистӣ" номид.

Алексей Навалний, сиёсатмадори зиндонӣ ва мунтақиди сарсахти Кремлин, ҳамларо маҳкум кард.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, ҳамлаи Русияро ба Украина беасос хонд. Шӯрои НАТО дар эъломияе гуфт, "ҳамлаи ваҳшатангези Русияро ба Украина, ки комилан беасос аст, шадидан маҳкум мекунем. Беларусро низ барои имкон додани ин ҳамла маҳкум мекунем."

Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, гуфтааст, Владимир Путин ҷанги аз пеши барномарезишударо интихоб кард, ки талафоти фоҷеабор ва ранҷи инсонӣ дар пай хоҳад дошт.

Урсула вон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо, гуфт, Путин масъули ҷанг дар Украина ва бесуботӣ дар Аврупо аст ва хоҳони таваққуфи ҳарчи зудтари он шуд. Аз тарафи дигар, порлумони Аврупо гуфт, ҳамлаи Русия бар Украина ғайриқонунӣ аст ва ин таҳдиде ба суботи Аврупо ва минтақа мебошад.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса, тасмими Русияро барои оғози ҷанг бо Украина маҳкум кард ва хост, Маскав ин ҳамларо фавран боздорад.

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, ҳам аксуаламал нишон дод ва гуфт, Русия бо ин ҳамлаи бедалел масири хунрезӣ ва вайрониро интихоб кард.

Милош Земан, раиси ҷумҳури Чехия, изҳор дошт, ки замони ҷорӣ кардани таҳримҳои бештар ба Русия расидааст. Ӯ гуфт: "Вақти таҳримҳои қавитар аз тарҳҳои пешина расидааст, яъне ба болои ҳамаи онҳо таҳрим дар соҳаи ба истилоҳ SWIFT-ро дар назар дорам... Зарур аст, ки ин марди девона бояд радди маърака шавад ва худро аз ӯ на танҳо бо сухан, балки бо чораҳои мушаххас дифоъ кард."

Президенти Полша (Лаҳистон) Анджей Дуда гуфт, "ман ба қатъи амалиёти ҳарбӣ ва ба ҳоли худ гузоштани Украина даъват мекунам. Ман ҳама корро мекунам, то ончӣ дар Украина рух медиҳад, ҳарчӣ зудтар боздошта шавад."

Аннаалена Бербок, вазири корҳои хориҷии Олмон эълон кард, ки "мо бастаи пурраи шадидтарин таҳримҳоро зидди Русия ҷорӣ хоҳем кард ва амнияти худ ва ҳампаймонҳоямонро пурзӯр хоҳем кард."

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар як суханронии телевизионӣ ҳамлаи Русия ба Украинаро "зарбаи сахте ба сулҳу суботи минтақа" донист. Ӯ гуфт, "Туркия ба пуштибонӣ аз ваҳдати сиёсӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина идома хоҳад дод."

"Ҳамлаи Русия ба Украина нақзи ҷиддии назму тартиботи байнулмилалӣ аст. Исроил ҳамларо маҳкум мекунад," – гуфт вазири корҳои хориҷии Исроил Яйир Лапид.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон, гуфт, буҳрони Украина “реша дар таҳаррукоти НАТО дорад”, аммо афзуд, кишвараш ба ин бовар, ки ҷанг роҳ ҳал нест ва барқарории оташбас ва ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ ва демократӣ зарур аст.

Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар бораи рӯйдодҳои Украина ва ҳамлаи Русия ба он кишвар мавқеи худро ошкор накардаанд. Аммо баъзе аз коршиносони тоҷик назари худро дар бораи ҳодиса бо Радиои Озодӣ дар миён гузоштанд:

Сайфулло Сафаров: "Бояд аз роҳи дипломатӣ ин масъала ҳал мешуд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:27 0:00
Шералӣ Ризоён: "Мо тоҷикон набояд эҳсосӣ шавем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:51 0:00
XS
SM
MD
LG