Муҳоҷирони тоҷик дар Украина мегӯянд, роҳҳои заминию ҳавоӣ барои берун шудан аз ин кишвар баста аст ва онҳо дар шароити номаълуме зиндагӣ доранд.
Масъулини сафорати Тоҷикистон дар Украина мегӯянд, рӯйхати шаҳрвандонро таҳия кардаанд ва бо даст додани имкон онҳоро аз ин кишвар берун мекунанд.
Мақомоти Русия ва Украина аз талафоти зиёд хабар медиҳанд. Бо шиддат ёфтани ҷанг дар Украина кишварҳои аврупоӣ гуфтаанд, омодаи пазироии паноҳандагон ҳастанд. Маълум нест, ки тоҷикон низ дар қатори шаҳрвандони Украина ҳаққи паноҳанда шудан доранд ё не.
Ҷанг дар Украина субҳи 24-уми феврал бо фармони президент Владимир Путин оғоз ёфт.
Дар ин видео муҳоҷирони тоҷик аз шароити зиндагиашон дар Украинааз аз рӯзи дуюми ҷанг, 25-уми феврал, нақл карданд.