Диловар Хуррамов, сокини 40-солаи ноҳияи Роштқалъа, ки қаблан иддао дошт, шоҳиди амалиёти зидди Гулбиддин Зиёбеков буд, дастгир шудааст.
Дар Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздошти Диловар Хуррамовро тасдиқ карданд. Як манбаъ бе зикри ном рӯзи 17-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "ӯ сардори ШКД-и Роштқалъаро таҳқир ва таҳдид кардаааст." "Парвандаашро Прокуратури вилоят бар асоси моддаи 328 қисми 2, яъне "истифодаи зӯр ба муқобили намояндаи ҳокимият таҳқиқ мекунад," – афзуд мусоҳиби мо.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Диловар Хуррамов ду ҳафта пеш дастгир шудааст. Вай рӯзи 29-уми ноябри соли гузашта гуфта буд, ки шоҳиди амалиёти зидди Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа, буд.
Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта, ҳангоми амалиёти маъмурони интизомӣ, ҳалок шуд. Сокинон бо талаби таҳқиқи марги ӯ чаҳор рӯз дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, эътироз карданд. Мақомот гуфтанд, Зиёбеков барои таҳқири корманди додситонӣ ҷустуҷӯ мешуд ва "ҳангоми муқобилияти мусаллаҳона" кушта шуд. Чизе, ки пайвандонаш беасос медонанд.
Хуррамов чӣ гуфта буд?
Диловар Хуррамов пас аз ин ҳодиса ба Радиои Озодӣ нақл карда буд, ки Гулбиддин он рӯз силоҳ надошт. Вай он замон лаҳзаеро тасвир карда буд, ки ду моҳ баъд навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд. Ба гуфтаи ӯ, Гулбиддин лаҳзае парронда шуд, ки “ба болои пули деҳа, ба самти дигар мегурехт”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Наздикони Гулбиддин аз навори видеоӣ саҳнаи куштори писарашонро шинохтанд"Лаҳзаи паррондани Гулбиддинро дидам. Ӯ ба болои пул медавид, ки садои тир баланд шуд. Як бор афтид ва боз хест. Мехост, ҳаракат кунад, ки боз садои тир шунида шуд ва ӯ бо дастонаш панҷараи бари пулро дошта, якпаҳлӯ шуд. Ҳафт силоҳбадаст ба тарафаш омаданд. Ҳанӯз зинда буд, чун вақте мехостанд, ӯро бардоранд, бо ду дасташ панҷараро дошта буд ва дастонашро ба зӯр боз карданд," – нақл карда буд ӯ.
Наздикони Диловар рӯзи 17-уми феврал боздошти ӯро тасдиқ карданд, аммо аз суҳбат худдорӣ намуданд. Як сокини деҳаи Тавдем, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, "ӯ гуноҳе надошт, танҳо рӯзи ҳодиса аз мақомот пурсида буд, ки чаро Гулбиддинро парронданд? Дертар ӯро боздошт карданд."
Боздошти ин сокини деҳаи Тавдем дар ҳолест, ки вазъ дар Хоруғ нигаронкунанда мондааст. Сокинон мегӯянд, мақомот зоҳиран ба анҷоми як амалиёт барои боздошти Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, як чеҳраи шинохтаи минтақа ва чанд ҳамроҳаш омодагӣ мегиранд. Мақомот онҳоро ба даст доштан дар ҷиноят гумонбар медонанд, вале худи ӯ ва тарафдоронаш қабул надоранд.
Мақомот омодагӣ ба амалиётро дар Бадахшон расман тасдиқ ва ё рад накардаанд.