Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Гулбиддин аз навори видеоӣ саҳнаи куштори писарашонро шинохтанд


Пуле бар фарози рӯди Нудҷ. Наздикони Гулбиддин Зиёеков мегӯянд, тири туфанги нирӯҳои интизомӣ ба тани фарзанди онҳо дар ҳамин ҷо расид
Пуле бар фарози рӯди Нудҷ. Наздикони Гулбиддин Зиёеков мегӯянд, тири туфанги нирӯҳои интизомӣ ба тани фарзанди онҳо дар ҳамин ҷо расид

Пайвандони Гулбиддин Зиёбеков, ҷавони кушташуда дар як амалиёти нирӯҳои интизомии ВМКБ мегӯянд, навори видеоие, ки ахиран дар шабакаи YouTube нашр шуд, ҳақиқати лаҳзаи захмию  боздошти Гулбиддинро аз тарафи кормандони интизомӣ нишон медиҳад. 

Рӯзи 23-уми декабр сомонаи Pamir Daily News навореро нашр кард ва навишт, ки ин саҳнаи боздошту куштори Зиёбеков аст. Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа рӯзи 25-уми ноябр кушта шуд ва ин ҳодиса боиси эътирози чоррӯзаи сокинон дар Хоруғ гардид. Дар натиҷа, мақомот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мувофиқа расиданд, ки ин ҳодисаро одилона тафтиш мекунанд.

Дар навори видеоие, ки як моҳ баъди ин ҳодиса ба интернет роҳ ёфт, дида мешавад , ки гурӯҳи низомипӯше як нафарро бо зӯр кашола карда ӯро аз болои як пули чубин ба деҳа мебарад. Яке аз наздикони Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 24-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, пуле, ки дар навори видеоӣ дида мешавад, дар назди деҳаи Тавдеми Роштқалъа мебошад. Наздикони Зиёбеков мегӯянд, дар лаҳзаҳои амалиёти боздоши Гулбиддин ӯ ба тарафи кӯпруки чубине, ки бар фарози сойи Нудҷ сохта шудааст, гурехт, вале дар байни ин кӯпрук ҳадафи тир қарор гирифт. Мақомот ин қазияро дигаргуна шарҳ медиҳанд. Аз ҷумла, додситонии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар баёнияи расмӣ гуфт, Гулбиддин Зиёбеков "дар натиҷаи оташи ҷавобӣ […] захмдор гардид". Мақомот гуфтанд, Зиёбеков ба гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ гумонбар буд ва ҳангоми амалиёт муқобилият нишон доду захмӣ шуд ва дар роҳ ба бемористон ҷон дод.

Аммо шоҳидони айнӣ ва хешовандони Зиёбеков гуфтаанд, ин гуфтаҳо воқеият надоранд ва худсарии мақомоти интизомӣ дар Бадахшонро нишон медиҳад.​

Як узви ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон гуфт, бинобар набудани интернет онҳо чунин наворро надидаанд, вале шоҳидон ҳангоми пурсиши гуруҳи тафтишотӣ нақл кардаанд, ки кормандони интизомӣ баъди тир задан ба Гулбиддин тани нимҷони ӯро тариқи пули деҳа оварда ба сардхона супоридаанд.

Мақомоти ҳукумати вилояти Бадахшон то кунун дар робита ба нашри ин навор изҳори назар накардаанд. Ин нахустин навори видеоие аст, ки пас аз куштори Гулбиддин ба шабакаи интернетӣ роҳ ёфт.

Диловар Хуррамов, сокини деҳаи Тавдем бо ёдоварӣ аз он лаҳза мегуяд, он замон каме дуртар аз пул қарор дошт, ки Гулбиддин ба самти он фирор дошт. "Ман лаҳзаи паррондани Гулбиддинро дидам. Ӯ ба болои кӯпрук медавид, ки садои тир баланд шуд. Як бор афтид ва боз хест. Мехост, ҳаракат кунад, ки боз садои тир шунида шуд ва ӯ якпаҳлӯ бо дастонаш панҷараи бари пулро дошта, як паҳлӯ шуд. Ҳафт силоҳбадаст ба тарафаш омаданд. Ҳанӯз зинда буд, чун вақте мехостанд, ӯро бардоранд, бо ду дасташ панҷараро дошта буд ва дастонашро ба зӯр боз карданд," -- гуфт ӯ.

Ин ҷавон мегӯяд, пас аз ин аввалин нафаре буд, ки ба маҳалли тир хӯрдани Гулбиддин расид ва он ҷо ба ҷуз осори хун дигар силоҳеро надид.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ акси ин кӯпрукро қаблан дастрас карда буданд ва рӯи пул осори хун дида мешавад.

Пас аз нашри ин навори видеоӣ дар шабакаи Pamir Daily News мақомоти интизомии Тоҷикистон изҳори назар накардаанд.

XS
SM
MD
LG