Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадафи амалкардҳои Душанбе дар муносибат бо ВМКБ чист?


Эътирози сокинон дар Хоруғ. Моҳи ноябри соли 2021
Эътирози сокинон дар Хоруғ. Моҳи ноябри соли 2021
Таниш дар робитаи мақомоти расмии Душанбе ва сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) моҳи дувум аст, ки рӯ ба нармӣ намеорад. Мақомот аз зарурати мубориза бо ҷинояткорӣ дар минтақа мегӯянд, сокинону фаъолон ба поймол шудани ҳуқуқи худ ишора мекунанд. Мақомоти расмӣ чӣ мехоҳанд? Ҳадафи сиёсат нисбати ин минтақа чист ва кадом пайомад хоҳад дошт?

Номи баъзе аз шахсони бонуфузи Бадахшон тайи ду ҳафтаи охир дубора дар сархати расонаҳои Тоҷикистон қарор гирифт. Мақомот аз Русия ба Тоҷикистон оварда шудани Амриддин Аловатшоев, яке аз фаъолони Бадахшонро тасдиқ карданд. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, "ӯ истирдод шудааст". Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, гуфт, Аловатшоев ихтиёрӣ ба кишвар баргашт ва боздошт шуд.

Роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ бидуни ном бурдан аз моддаи мушаххаси Кодекси ҷиноӣ мегӯянд, Амриддин Аловатшоев ба асир гирифтан, ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан ва "амалҳои дигари хусусияти ҷиноидошта" гумонбар аст.

Ғайр аз ин, додситонии ВМКБ рӯзи 2-юми феврал Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке дигар аз шахсони бонуфузи ин вилоятро бо чанд модда муттаҳам кард. Ӯро ба латукӯби Лутфулло Наврӯзов, сардори идораи маорифи ВМКБ, айбдор мекунанд. Мамадбоқиров 1-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ изҳороти Наврӯзовро рад кард ва гуфт, бо ӯ танҳо “суҳбати падарона” дошт.

Ба ин тартиб, рӯзҳои 3-4-уми феврал аз Телевизиони “Бадахшон” баёнияи сокинони Ванҷу Дарвозро нишон доданд, ки аз мақомоти интизомӣ дархости тасмимгирӣ алайҳи Мамадбоқирро мекарданд.

Муборизаи куҳнаи нав ва пайомадҳои он

Ду моҳ аст, ки мақомоти марказӣ ва сокинони норозии ВМКБ дар рӯёрӯӣ бо ҳам қарор доранд. Назари кормандони давлатӣ ба унвони садои мақомот аз телевизиони вилоятии “Бадахшон” баланд мешавад. Фаъолони норозӣ мавқеи худро тавассути расонаҳои иҷтимоӣ ба мардум мерасонанд. Ҳарчанд беш аз ду моҳ ВМКБ дар бунбасти иртиботӣ қарор гирифтааст.

Гулбиддин Зиёбеков 25-уми ноябри соли гузашта ҳангоми амалиёти мақомоти интизомӣ кушта шуд.
Гулбиддин Зиёбеков 25-уми ноябри соли гузашта ҳангоми амалиёти мақомоти интизомӣ кушта шуд.

"Ду моҳ аст, ки мардум шабу рӯз дар ташвиш ҳастанд. Аз телевизион вилоятро тақрибан минтақаи ҷинояткортарин меноманд ва сокинонро ба тундравӣ ва узвият дар гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ гунаҳкор мекунанд. То охири моҳи ноябри 2021, замоне ки ҳанӯз Гулбиддин Зиёбеков кушта нашуда буд ва мардум эътироз накарданд, чунин баҳогузориҳо шунида намешуданд. Чунин ба назар мерасад, ки мақомот барои анҷом додани амалиёти низомӣ заминаи иттилоотӣ фароҳам мекунанд," -- мегӯяд Расул, сокини шаҳри Хоруғ.

Пойгоҳи cabar.asia менависад, корзори иттилоотии мақомот боиси шикоф дар миёни сокинони ВМКБ шудааст. Онҳое, ки дар телевизион суханронӣ кардаанд, аз тарафи наздиконашон мавриди озору азият қарор мегиранд ва кормандони давлатӣ ба таври дастҷамъӣ аз кор дар ниҳодҳои ҳукуматӣ даст мекашанд. Ба далели суҳбат накардани мақомоти ВМКБ бо расонаҳо тасдиқ кардани ихроҷи кормандони давлатӣ номумкин мемонад.​

Мубориза бо "ҷинояткорӣ" ё "норозигӣ"?

Авзои ноором ва муборизаи мардум бо мақомоти қудратӣ дар Бадахшон қариб даҳ сол боз идома дорад. Аз моҳи октябри соли 2018 ба ин сӯ пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба беқонунӣ дар ВМКБ дар вилоят Ситоди байниидоравии таъмини амният ва қонун фаъолият мекунад. Эмомалӣ Раҳмон он замон аз ниҳодҳои қудратӣ дархост намуд, ки барои мубориза бо ҷинояткорон аз артиш истифода кунанд. Аз он замон ба ин сӯ, муноқишаи низомиён ва мардум авҷ гирифт.

Дар гузоришҳои телевизионӣ ба ташдиди муборизаи сохторҳои қудратии Тоҷикистон бо сарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии Хоруғу ноҳияҳои атроф ба омор ишора мешавад. Парвиз Орифзода, додситони ВМКБ дар гузориши ахири худ изҳор дошт, ки соли 2021 дар ҳудуди вилоят 746 ҷиноят сабт шудааст, ки дар муқоиса ба соле аз он пеш 156 маврид бештар аст.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахир гуфт, ки посгоҳҳои мавҷуд дар шаҳри Хоруғ аз соли 2021 бештар аз ҳазор ҳуқуқвайронкунии маъмуриро сабт кардаанд ва аз сокинон 367 силоҳ ҷамъоварӣ шудааст.

Охири моҳи ноябри соли гузашта сокинон чор рӯз дар Хоруғ эътироз карданд.
Охири моҳи ноябри соли гузашта сокинон чор рӯз дар Хоруғ эътироз карданд.

Аммо яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба далели амниятӣ аз бурдани номаш худдорӣ кард, баёнияи сохторҳои қудратиро самтӣ ва сиёсӣ гуфт: "Бале, дар вилояти мо ҳам мисли гӯшаҳои дигари кишвар ҳуқуқвайронкунӣ вуҷуд дорад. Аммо, инҷо амалан куштор, таҷовуз ба номус ва дуздии калон нест. Дар бораи ин касе чизе гуфтан намехоҳад. Бо кормандони сохтори қудратӣ ва давлатӣ, ки худро қувваи мутлақ ҳисоб мекунанд, даргириҳо сар мезананд. Аммо бештари вақт далели ин даргириҳо ин аст, ки сокинони маҳаллӣ медонанд, ки имкони талаби адолат дар додгоҳҳо имконпазир нест."

Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, мақомоти қудратӣ дар бораи супурдани теъдоди зиёди силоҳ мегӯянд, аммо номи соҳибони онро ифшо намекунанд. Ин боиси нобоварии мардум мешавад.

Суханронии сокинони Ванҷу Дарвоз аз телевизиони маҳаллӣ дар мавриди хориҷ шудани ин ноҳияҳо аз ҳудуди ВМКБ “ба хотири фишори сокинони Хоруғ” як падидаи куллан нав ба назар мерасад. Коршиносон қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ҳукумати марказӣ эҳтимол аз тариқи ҷудо кардани баъзе аз ноҳияҳо дар ҳоли тарроҳии лағви мақоми худмухтории ВМКБ аст. Мақомот ин изҳоротро на рад ва на тасдиқ мекунанд.​

Сиёсати барномарезишуда?

Алим Шерзамонов, зодаи шаҳри Хоруғ ва муовини раиси Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифин дар Аврупо (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст), бар ин назар аст, ҳукумат алайҳи минтақае, ки ба марказ ҳусни ният нишон намедиҳад, сиёсати барномарезишуда анҷом медиҳад.

"Ҳукумат ин дастгоҳи давлатиро алайҳи вилоят қарор додааст. Барои сохторҳояш хатту нишон таъйин кардааст ва онҳо бидуни андешидан дар бораи пайомадҳои он талош мекунанд, худро нишон бидиҳанд. Мехоҳанд, шаҳри Хоруғ ва тамоми вилоятро чунон бубинанд, ки ҳар корманди маъмулӣ онҷо худро аз ҷумла дар масъалаи фасод роҳат эҳсос кунад," -- мегӯяд Шерзамонов.

Ӯ корзори сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷро бо талоши мақомот барои тарсонидани бахши норозии аҳолӣ ба манзури коҳиши фишори онҳо бар мақомот рабт медиҳад.

Алишер Мирзонабот
Алишер Мирзонабот

Аммо Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ҳангоми ҷаласаи ҳукумати вилоят изҳор дошт, ки “дар ҳама ҷо даст ба ҷиноят мезананд, аммо танҳо дар ВМКБ ва Хоруғ гурӯҳҳои ҷиноӣ ба ҳукумати маҳаллӣ фишор меоранд.”

Зимнан, ҷуғрофиёи тазоҳурот дар вилоят аз соли 2012 ба ин сӯ ба таври назаррас густариш ёфтааст. Агар қаблан танҳо бошандагони Хоруғ норизоиятии худро изҳор медоштанд, тадриҷан навоҳии Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа низ ба ин мавҷ ҳамроҳ шуданд.

Шореҳи сиёсӣ Марат Мамадшоев мегӯяд, ҳукумат нисбати ВМКБ стратегияи мушаххасе надорад ва амалкарди он хосияти замонӣ дорад. "Мо бисёрсамтии ин сиёсатро мушоҳида мекунем. Дар сатҳҳои роҳбарӣ чизи дигар мегӯянд, аммо низомиён барои нишон додани зарурати худ даст ба кори дигар мезананд," --мегӯяд коршинос.

Ба қавли ӯ, вазъият ба ин далел нисбатан босубот аст, ки то кунун бозигарони хориҷӣ алоқаи чандоне ба минтақа надоранд. Аммо дар сурати ингуна идома ёфтани вазъият ва пайдо шудани ҷонибҳои алоқаманд пайомадҳои ғайричашмдоштро интизор шудан имконпазир аст.

Бозигарони хориҷӣ

Эдуард Лемон
Эдуард Лемон

Эдвард Лемон, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, бурузи бесуботиро дар минтақа истисно намекунад, агар мақомот истифода аз "иқдомоти саркӯбгароёнаро барои боздошти гумонбарон ва мухолифон идома бидиҳад". Ӯ мегӯяд, мақомоти марказӣ дар Душанбе пас аз эътирози моҳи ноябр дастрасӣ ба интернетро барқарор намекунад, аз барчидани посгоҳҳо ва таҳқиқи хушунат ва кушторҳо худдорӣ мекунад.

"Эҳтимоли даргирӣ дар Хоруғ ва минтақаҳои атрофи он вуҷуд дорад," -- ҳушдор медиҳад коршинос.

Дар ҳамин ҳол, Виола фон Крамон, узви порлумони Аврупо ва алоқаманди масоили минтақа, дар мусоҳибааш бо маҷаллаи бонуфузи бритониёии “The Guardian” гуфтааст, Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли баррасии имкони ба даст овардани иттилооти дақиқ дар мавриди рӯйдодҳои ВМКБ аст.

"...Ҳукумати истибдодӣ дар Тоҷикистон ва набудани қонуният ба танишҳои қавмӣ доман мезанад. Истифода аз зӯри беш аз ҳад ва куштани эътирозгарон, ҳатто агар ба сангандозӣ ҳам даст зада бошанд, ғайри қобили қабул аст ва ба афзоиши хушунат кумак мекунад. Ин рӯйдодҳо бояд фавран мавриди баррасӣ қарор гиранд ва ҳамаи онҳоеро, ки аз салоҳият суистифода кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашид," --гуфтааст узви порлумони Аврупо.

Ба гуфтаи ӯ, Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли баррасии таҳқиқот ва қатънома дар иртибот ба воқеаи моҳи ноябри соли 2021 аст, ки метавонад пайомадҳои ҷиддие дошта бошад.

ВМКБ кулли қисмати шарқии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва бо масоҳати бештар аз 64 ҳазор метри мураббаъ бузургтарин минтақаи кишвар мебошад. Тибқи омори аввали соли 2021 аҳолии вилоят ҳудуди 250 ҳазор нафар будааст. Бештари сокинони ВМКБ бо забонҳои эронии шарқӣ (гуруҳи забонҳои помирӣ) гуфтугӯ мекунанд ва пайрави Исмоилия, яке аз шохаҳои мазҳаби шиа, мебошанд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон, Чин ва Қирғизистон ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG