"Назарбоев пуштибонии мардумӣ дошт, аммо кишварро барои сарватандӯзӣ истифода бурд"

Нурсултон Назарбоев бо домоди собиқаш Роҳат Алиев ва ҳамсараш Сара Назарбоева

Генерал-майор Алнур Мӯсоев аз соли 1997 то 2001 раёсати Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро бар уҳда дошт ва ёвари Нурсултон Назарбоев буд. Понздаҳ сол боз дар Австрия кору зиндагӣ дорад, вале равандҳои охирро дар кишвараш бодиққат назорат мекунад. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи президенти нахустини Қазоқистон ва хонаводаи ӯ, ки ҳафтаҳои охир камнамо шудаанд, суҳбат кард.

- Ҷаноби Мӯсоев, чаро Нурсултон Назарбоев чизе намегӯяд? Фарзияҳое ҳастанд, ки гуё дар Чин, Дубай ва ё Русия қарор дорад. Иддае мегӯянд, фавтидааст, бемори вазнин аст ва ё дар ҳабси хонагист. Оё ягон фарзияи дигаре доред?

- Аз рӯйи изҳороте, ки то ин дам пахш шудааст, метавон тахмин зад, ки ӯ дар шаҳри Нурсултон аст.

- Пас, чаро дар бораи воқеаҳои муҳимтарини кишвараш чизе нагуфт?

- Ба фикрам, вазъи ҷисмониаш имкон намедиҳад, ки бо чунин масъалаҳои печида машғул шавад.

- Дар ҳабси хонагӣ нест?

- Фикр намекунам, ки дар ҳабси хонагӣ бошад. Ин бештар ба синну сол ва вазъи ҷисмонияш вобастааст.

- Дариға Назарбоева, духтари Нурсултон Назарбоев, дар ҷаласаи порлумон набуд. Оё ба фарзияи расмӣ, киӯ бемор аст”, бовар мекунед?

- Не, эҳтимол чунин нест. Ба фикрам, тамоми аъзои хонаводааш дар хориҷа ҳастанд.

- Оё аз тарси он гурехтанд, ки инқилоб нобудашон мекунад ё аз Қосимҷомарт Тоқаев ҳарос доранд?

- Якум, аз револютсия метарсанд. Ҳарчанд гашти охири Қосимҷомарт Тоқаев ва Владимир Путин нишон дод, ки мақомот низ метавонанд, ба зидди онҳо чора андешанд. Дувум, ҳисобҳои хориҷӣ, хонаву дар ва сармояашон дар куҷое ҳаст, будани онҳоро дар онҷо талаб мекунад.

Алнур Мӯсоев

- Дар бораи амвол ва сарвати онҳо дар хориҷа таҳқиқ гузаронда шудааст. Шояд тафсилотеро медонед?

- Шумораи ҳисобҳои бонкии онҳоро намедонам, аммо шахсан дар Ҳонконг ҳамроҳ бо Карим Масимов, Нурсултон Назарбоев ва Дариға Назарбоева будам. Дар он ҷо Масимов (он вақт раиси Бонки Мардумӣ) ба Назарбоев суратҳисоб кушод. Ҳисоби эҳтимолӣ дар Макао кушода шуд. Дар ҳузури ману Масимов ва Дариға мулоқоти ошкорои шаҳрдори Макао ва Назарбоев баргузор гардид. Дар онҷо гуфта шуд, ки Назарбоев миллиарди аввалро то соли 2000-ум ҷамъ кардааст.

- Чӣ тавр як корманди Шӯравӣ миллиардер (бо ҳисоби доллар) шуд?

- Вай бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба қудрат расид. Дар асл барои президенти Қазоқистон шудан пуштибонии мардумӣ дошт, аммо дар солҳои 1998-1999 мансабдорони баландпоя, аз ҷумла ман, фаҳмидем, ки ӯ кишварро барои сарватандӯзӣ истифода мебарад. Гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба ба иқтисоди бозаргонӣ зери назорати шахсии ӯ сурат гирифт. Моликияти давлатӣ, конҳои нафту газ, корхонаҳои калонтарини истихроҷи маъдан дар байни шахсони мушаххас тақсим карда шуданд. Баъзе корхонаҳо, аз ҷумла “Қазоқмис”, ба ӯ тааллуқ доранд, албатта, тавассути чеҳраҳои пинҳонӣ. Ҳамаи ин дар аввал аз мо пинҳонӣ рӯй дод. Аксари онҳое, ки дар канори ӯ буданд, тарбиятдидаҳои Шӯравӣ буданд. Намедонистанд, ки ӯ метавонад, кишварро ғорат кунад. Вақте бисёре аз атрофиён инро дарк карданд, худро канор кашиданд. Сарвазир Кажегелдин рафт. Аз пайи ӯ Ҷандосов, Аблязов, сипас Роҳат Алиев ва Мӯсоев.

- Менависанд, яке аз сабабҳои муноқишае, ки боиси рафтани Шумо шуд, он буд, ки Роҳат Алиев ба зани аввали Назарбоев гуфтааст, оилаи дуюм дорад. Назарбоев аз ин сахт хашмгин шуда, қарор дод, ки гуруҳи Шумо бар зидди вай тавтеа мекунад...

- Бале, чунин гуфтан мумкин аст. Роҳат Алиев маҳз ба сабаби норозигӣ чунин корро кард. Бовар дошт, ҳокимият аз оилаи якум ба оилаи дуюм мегузарад, ки дар он аллакай муносибатҳои нав ба вуҷуд меомаданд ва клан тадриҷан аз ҳам ҷудо мешуд. Воқеан, ин сабаби асосиест, ки Роҳат Алиев барои аз қудрат канор рафтани Назарбоев чораҳо андешид.

- Дар бораи ҷиянҳои Назарбоев, махсусан дар бораи Қайрат Сатиболдӣ, ки гуё раҳбари салафиҳои қазоқ аст ва онҳо дар ошӯбҳо ширкат доштанд, бисёр навишта шудааст. Оё бо онҳо ошно ҳастед?

- Ман бо онҳо ошно будам, ҳарду дар замонҳои гуногун дар мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ хидмат кардаанд. Баъди рафтани ман Қайрат Сатиболдй ҷонишини раис оид ба кадрҳо шуд. Ӯ тафтиш мекардааст, ки ҳама дар вақташ намоз мехонанд ё не. Аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки ӯ пайрави чӣ гуна идеология буд.

- Чаро Карим Масимов, раиси Кумитаи амнияти миллӣ, боздошт шудааст? Барои наздик будан бо Назарбоев ё воқеан далеле ҳаст, ки ӯро дар ҷиноятҳои эълонкардаи Тоқаев гумонбар кунем?

- Ҳарду сабаб вуҷуд дорад. Сабаби асосӣ, албатта, наздикӣ ба Назарбоев аст. Масимов тамоми ҳисобҳо, молу мулк ва кори кланро медонист. Вай дар замони револютсия аз Тоқаев дида, ба худи Назарбоев хавфи бештар дошт. Ба эҳтимоли зиёд Назарбоев ба бастани даҳони Масимов манфиатдор аст. Вақте мо ба хориҷа мерафтем, Роҳат Алиев китобе нашр кард ва ҳамаи маводи компроматро дар он ҷо гузошт. Аммо он чизе, ки Масимов дорад, дар муқоиса бо маводи Алиев як кӯҳи азим аст. Сониян, Масимов дар ҳақиқат чораҳои зарурӣ наандешид ва бо беамалии худ сабаби хунрезӣ шуд.

Карим Масимов

- Чаро Назарбоев тасмим гирифт, ки қудратро ба Тоқаев диҳад, на ба касе аз хонаводааш, масалан, Дариға?

- Вай ният дошт, ки ҳукуматро ба Дариға бидиҳад. Вақте ки ҳамаи ин чизҳо баррасӣ шуданд, Ойсултон Назарбоев (писари Дариға Назарбоева ва Роҳат Алиев) дар Австрия буд...

- Бо ӯ дӯстӣ доштед?

- Аввал бо Роҳат Алиев робитаи бевосита доштам. Вақте Роҳат Алиев ба фаъолияти зидди Назарбоев шуруъ кард, Ойсултон аз ӯ дур шуд. Вай бештар бо ман буд. Бо тавсияи ман ба мактаби шоҳӣ ва баъд аз он ба контрразведкаи ҳарбии Қазоқистон дохил шуд. Вай пеш аз нашъаманд шудан ҷавони оқил буд. Пайваста ӯро мефиристодам, ки ба бобояш наздик шавад, ҳама дастурҳоро иҷро кунад. Вақте дар ин ҷо буд, соли 2019, музокирот барои интиқоли қудрат ба Дариға идома дошт. Модараш пайваста ба ӯ занг мезад ва зорӣ мекард, ки ба сиёсат дахолат накунад. Он вақт раиси палатаи болоии порлумон буд. Назарбоев тасмим гирифт, қудратро ба Тоқаев диҳад. Шахси рӯҳбаланд, ҳалим, дипломат, зиёӣ, ки мероси бузурги Назарбоевро дар бунёди давлат бо эҳтиром риоя мекунад ва идома медиҳад. Дар солҳои 2019-2020 Назарбоев кӯшиш кард, кишварро ба қадри имкон роҳбарӣ кунад. Нерӯи ӯ охири соли 2021 тамом шуд.