Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Назарбоев низомеро боқӣ гузоштанист, ки аҳроми мавҷударо аз байн набарад" ВИДЕО


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Ин ҳафта вакилони порлумони Қазоқистон бо ислоҳи чанд қонун иштироки номзадҳои мустақил дар интихоботи президентиро манъ карда, айбдоршудагони терроризмро аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум намуданд. Мирҳат Шарифҷон – таҳлилгари масоили минтақавӣ дар Радиои Озодӣ – гуфт, ин тағйирот ҳалқаи як занҷир буда, бештар барои ҳифзи низоми ҳоким дар Қазоқистон равона шудаанд.

Суҳбати видеоӣ дар инҷост:

Шореҳ:Назарбоев мехоҳад низомеро мерос гузорад, ки аҳроми мавҷударо ҳифз кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:51 0:00

Ин таҷриба ҳатман нусхабардорӣ мешавад, вақте синни Шавкат Мирзиёев, Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба 70 бирасад.

Мирҳат Шарифҷон: “Тағйирот пеш аз ҳама ба Нурсултон Назарбоев рабт мегирад. Президенте, ки аз соли 1989-ум боз зимоми қудрат дар Қазоқистонро дар даст дорад. Ислом Каримов, аз президентҳои куҳансол ва дурозумри минтақа, даргузашт ва ҳоло Назарбоев танҳо мондааст. Аз нигоҳи ман, ислоҳот омодагӣ ба дигаргуниҳои бузург аст, ки шояд дар ду ё се соли наздик ба амал меояд. Бояд гуфт, ҳоло сиёсатмадорони зиёди бонуфузе ҳастанд, ки дар дохилу хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин, сиёсатмадорони мухолифи давлат ба мисли Мухтор Аблязов вуҷуд доранд. Аблязов чанд ҳафта пеш эълон дошт, ки акнун ҳадафи зиндагиаш бунёди Қазоқистони бидуни Назарбоев аст. Вай ҳатто ваъда дод, ки дар муддати се сол режими Назарбоевро аз байн мебарад.”

Мирҳат Шарифҷон
Мирҳат Шарифҷон

Радиои Озодӣ: Бештари мухолифин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин ҳарфҳоро мегӯянд, аммо муваффақ намешаванд...

Мирҳат Шарифҷон: “Мухтор Аблязов шахсияти дигар аст. Ӯ сармояи зиёд дорад ва ҳарифи тавоност.”

Радиои Озодӣ: Ҷузъиёти маҳрум кардан аз шаҳрвандии Қазоқистон чӣ гуна аст? Яъне, танҳо онҳое, ки ба терроризм айбдор шудаанд, ин ҳақро аз даст хоҳанд дод?

Мирҳат Шарифҷон: “Дар қонуни ислоҳшудаи марбут ба бекор кардани шаҳрвандии афрод як банди ҷолиб ҷой дорад. Дар ин қонун гуфта шудааст, нафароне, ки қасд ба саломатӣ ва ҷони президент низ мекунанд, аз шаҳрвандӣ маҳрум мешаванд. Чизи дигари ҷалби таваҷҷӯҳ ин аст: афроде, ки ба манфиатҳои миллӣ ва ҳаётан муҳими давлатӣ осеби сахт мерасонанд, низ шаҳврандиашонро аз даст хоҳанд дод. Ҳарчанд дақиқ гуфта нашудааст, ки зери ин мафҳум чиро дар назар доранд. Яъне, ба ин маъност, ки дилхоҳ амалро метавонанд чун кӯшиши зарар ба манфиатҳои ҳаётан муҳими давлатӣ арзёбӣ намоянд ва аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд. Ҳатто дар ғайби шахс. Дар ҳоли баррасии ин тарҳ дар Қазоқистон гуфтанд, ки он ҷилои сиёсӣ надорад. Вақте расман чунин гуфта мешавад, мо медонем, ки маъмулан баръакси ҳол аст.”

Мухтор Аблязов
Мухтор Аблязов

Радиои Озодӣ: Аммо тасмими маҳрум кардани номзадҳои мустақил дар интихоботи президентии Қазоқистон рӯшан нест...

Мирҳат Шарифҷон: “Айни замон ба ҷуз аз онҳое, ки дар хориҷи Қазоқистон ба сар мебаранд ва ба низоми сохтаи Назарбоев ба гунае таҳдид мекунанд, ба мисли онҳо дар дохили кишвар ҳам нафароне қарор доранд. Онҳо низ метавонанд, бо истифода аз ҳаққи худ ба ҳайси номзади худпешбар ё мустақил дар интихобот ширкат намоянд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин ҳолатҳо, акнун фақат аъзои ҳизб метавонанд номзад ба президентӣ бошанд. Ҳар нафари солимфикр хуб дарк мекунад, вақте раҳбар пиронсол аст ва ҳудуди 28 сол ҳукмронӣ намудааст, барои рафтани ӯ омодагӣ мегиранд ва муборизаҳои пасипардагӣ дар ин замина ҷой доранд.”

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, чаро ин тасмим дар ин шабу рӯз гирифта шудааст?

Дар акс: Нурсултон Назарбоев, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Дар акс: Нурсултон Назарбоев, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Мирҳат Шарифҷон: “Ба назари ман, Нурсултон Назарбоев мехоҳад, қабл аз маргаш низомеро боқӣ гузорад, ки аҳроми мавҷударо аз байн набарад. Ин хеле муҳим аст. Зеро нафари нав бо омаданаш метавонад, дар муддати чанд соат ҳамаи ин қонунҳоро бекор кунад, аз ҷумла дар мавриди дахлнопазирии хонавода ва президенти аввалини Қазоқистон. Назарбоев, ки тарбиятдидаи Шӯравӣ аст, инро хеле хуб дарк мекунад. Дар вақташ Сталинро дар як шабонарӯз аз Мавзолей берун оварда, хок карданд. Ҳоло чунин қонунҳо ба он хотир қабул мешаванд, то ҳангоми зинда буданаш нишон диҳанд, ки нафари баъди ӯ давомдиҳандаи роҳаш буда, суботи хонавода ва элитаҳоеро, ки дар ин аҳром манфиати худро доранд, кафолат медиҳад. Аҳром бояд ҳифз шавад. Яъне, барои намояндагони кланҳои рақобаткунанда, ки сармояи зиёд доранд ва дар дохили кишвар ҳастанд, ташкили ҳизб хеле мушкил хоҳад буд. Чунки онҳо бояд пеш аз ҳама ба Назарбоев садоқат дошта бошанд. Дар акси ҳол онҳо наметавонанд, худро ҳамчун номзад пешбарӣ кунанд.”

Радиои Озодӣ: Аз замони истиқлолаш Қазоқистон ҳамчун модели сиёсӣ аз сӯи кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода мешавад. Бахусус ислоҳи Қонуни асосӣ, ки дар Тоҷикистон сурат гирифт, аз Қазоқистон нусхабардорӣ шудааст. Аз нигоҳи шумо, дигаргуниҳои ахир то куҷо метавонад ба кишварҳои минтақа низ ба қавле “сироят” намояд?

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Мирҳат Шарифҷон: “Таъсир на танҳо рӯйи кишварҳои минтақа хоҳад буд. Кишварҳои ҳамсоя ҳамеша ба якдигар наздик буданд ва, мутаассифона, низоми диктаториро аз ҳам такрор мекунанд. Шуруъ аз қонун дар бораи президенти аввалини Қазоқистон то Пешвои миллат дар Тоҷикистон. Таҷрибаи тақлидкорӣ натанҳо хоси кишварҳои Осиёи Марказист. Дар Озорбойҷон ҳамсари президент муовини раиси ҷумҳур таъин шуд. Дар онҷо низ қонунҳое вуҷуд доранд, ки дахлнопазирии хонаводаи президентро таъмин мекунанд. Дар 16 соли охир ҳатто дар Русия ҳам низоме дар заминаи принсипҳои режими Назарбоев асос ёфтааст. Низоми Назарбоев аз низоми Туркманистону Узбакистон каме фарқ дорад. Дар инҷо чанд элитаҳои иқтисодиву молӣ фаъоланд, ки манфиатҳои зиёд доранд. Назарбоев ба ҳайси “орбитр” ва ё зинаи ниҳоиест, ки вазъро ба эътидол медарорад ва мухолифатҳоро ҳал мекунад. Аз ин хотир, ин кланҳо низ манфиатдоронад, ки Назарбоев дар сари қудрат бимонад. Албатта, ба назари ман, ин таҷриба ҳатман нусхабардорӣ мешавад, вақте синни Шавкат Мирзиёев, Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба 70 бирасад. Зеро ҳамаи онҳо барои ҳифзи низоми сохтаашон талош хоҳанд кард, аммо ин мушкил мешавад. Зеро тавре аз таърих мебинем, режими диктатурӣ дар як они воҳид аз байн меравад. Ҳатто агар ин низом ҳифз шавад, боз як диктатори дигар меояд. Дар Тошканд гузариш осон буд. Аммо дар Туркманистон дар аввал дигаргуниҳо зиёд буд. Дар онҷо пайкараҳои диктаторро аз байн бурданд ва дар борааш ҳатто ёд намекунанд, “Рӯҳнома”-ро низ, ки замоне баъд аз Қуръон китоби дувум шуда буд. Аз ин хотир, ҳар як диктатор кӯшиш мекунад, ё аҳромро ҳифз кунад, чун субот ва хушбахтии хоноводаи шахси аввалро таъмин мекунад ё то ҳадди имкон баҳам задани ин низомро ба дарозо кашанд.”

XS
SM
MD
LG