Дар давоми тақрибан се даҳсолае, ки Нурсултон Назарбоев дар курсии президенти Қазоқистон буд, бисёре аз хешовандонаш ба шахсони сарватманди ин кишвар табдил шудаанд. Бародари хурдии ӯ, Болат, низ истисно нест.
Дар бораи дороиҳо ва зиндагии шахсии Болат Назарбоев овозаҳо зиёданд. Боре худаш ба рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки "насаб кофист". Эҳтимол ӯ ҳақ буд. Бародари хурдии “элбаси” ё “пешвои миллат” дар Қазоқистон, ки то фурӯпошии Шӯравӣ (СССР) дар совхозе кор мекард, дар Қазоқистони соҳибистиқлол яке аз шахсони доро шуд. Ба монанди хешовандони дигари Назарбоев, ки дар хориҷа соҳиби қасру хонаҳои боҳашамат ва миллиардҳо доллар ҳастанд.
Аз совхоз – ба “ҷойҳои равғанӣ”
Нурсултон Назарбоев соли 1984 раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Қазоқистон шуд ва дар 44-солагӣ раиси ҷавонтарини ҳукумат гардид. Корманди ҳизбии вилояти Қарағанда бо пуштибонии Динмуҳаммад Кунаев, раҳбари бонуфузи Қазоқистони Шӯравӣ, ба зинаҳои болои мансаб баромад, аммо зуд ба “устодаш” пуш гардонд.
“...Ҳама гапро ба боло мерасонданд, ҳар қадамам зери назорат буд. Бародарам дар совхоз челонгар шуда кор мекард. Ҳамсару фарзандонаш дар ошхона кор мекарданд. Ба хонааш одам фиристоданд, то ҳар сантиметри онҷоро чен кунанд. Исбот карданӣ мешуданд, ки хонааш ғайриқонунӣ аст; меъёри сохтмон риоя нашудааст; гуё аз мансаби ман суистифода карда, қонунро поймол намудааст. Ҳама чиз мувофиқи қонун буд, бародарам як метри иловагӣ надошт,” – нақл карда буд Нурсултон Назарбоев ба хабарнигорон.
Карйераи Болат Назарбоев, албатта, ба монанди бародараш босуръат пеш намерафт, вале ӯ ҳам дар як ҷой намеистод. Вақте Нурсултон Назарбоев дар соли 1989 раҳбарии ҶШС Қазоқистонро ба уҳда гирифт, бародари хурдиаш дар Каскелен, як шаҳраки хурде дар наздикии зодгоҳаш деҳаи Чемолган, аллакай ҳамчун муовини мудири корхонаи нонпазӣ (хлебзавод) кор мекард.
Назарбоев соли 1991 раиси ҷумҳурии Қазоқистон шуд, аммо дар ҳеч ҷойи таърихи ин кишвар гуфта намешавад, ки бародари ӯ дар он вақт чӣ кор мекард. Аммо пас аз даҳ сол Болат Назарбоев молики бисёре аз иншоот ва ширкатҳо шуд.
Молики бозорҳо
Дар бораи шахсияти бародари раисҷумҳури собиқи Қазоқистон сару садо зиёд аст. Мардум хеле барвақт мегуфтанд, ки Болат Назарбоеви 68-сола бозорҳои бузурги хӯрокворӣ, либос ва ҳатто мошинро дар Алмаато ва атрофи он зери назорат дорад.
Бозорҳо маъмулан тиҷорати пинҳонӣ ё соягӣ ҳастанд. Ҳисоб кардани пулҳои дар ҳоли гардиш дар онҷо мушкил аст. Пули нақд аз як ҷайб ба ҷайби дигар меравад ва дар ҳисобот нишон дода намешавад. Ҳамин тавр, ҳатто даромади тахминии соҳибони марказҳои калони савдоро ҳисоб кардан душвор аст.
Вале ба назар мерасад, ки дороиҳои бародари “элбаси” ё "пешвои миллат" дар Қазоқистон танҳо бо бозорҳову марказҳои савдо маҳдуд намешавад. Насаби ӯ дар рӯйхати соҳибон ва мансабдорони ширкатҳои давлатӣ, ҳадди ақал дар ҳуҷҷатҳои Биржаи фондии Қазоқистон, пайдо шудааст.
Саҳмдори бонкҳову ширкатҳо
Болат Назарбоев соли 2000 узви шӯрои мудирони ширкати “Казахмис” шуд. Ин корхонаи бузургтарини истеҳсоли мисро дар Қазоқистон расман ба Владимир Ким мутааллиқ медонанд (Forbes сарвати ӯро 4,6 миллиард доллар арзёбӣ кардааст), вале мухолифин ба Болат Назарбоев пайванд медиҳанд. Дар як пажӯҳиши Маркази таҳқиқоти ҷиноятҳои созмонёфта ва фасод (OCCRP), Владимир Ким "шахси боварноки Назарбоев" номида шудааст.
Номи Назарбоеви хурдӣ моҳи сентябри соли 2014 дар феҳрасти саҳмдорони бонки RBK пайдо шуд. Ин бонкро низ ба Владимир Ким вобаста медонанд, вале дар сомонаи Биржа навиштаанд, ки Болат Назарбоев 7,83 дарсади саҳмияҳоро ба даст дорад. Соли 2017, вақте бонк дар вазъияти вазнин қарор гирифт, ширкати Ким, KSS Finance, ба бонк 160 миллиард танга дод ва Бонки Миллии Қазоқистон тақрибан 243 миллиард танга ҷудо кард. Дар ниҳоят, бонк "наҷот" ёфт, аммо чанд нафар аз раҳбарони собиқ ба зиндон маҳкум карда шуданд.
Расонаҳо дар солҳои гуногун навиштаанд, ки Болат Назарбоев гардиши молро дар сарҳади Қазоқистону Чин назорат мекунад. Нашрияи kz.expert дар соли 2019 навишт, бародари “элбаси” Маркази байнулмилалии ҳамкориҳои наздисарҳадии “Хоргос”-ро зери назорат дорад. Тасдиқи мустақилонаи маълумот ғайриимкон аст.
kz.expert дар соли 2017 навишта буд, ки Болат Назарбоев ба ғасби рейдерӣ машғул аст, яъне "ба маблағи ночиз амволи каси дигарро соҳиб мешавад”.
“Марди хайрхоҳ”
Аммо дар соли 2020 сомонаи "Информбюро"-и Қазоқистон Болат Назарбоевро ҳамчун марди хайрхоҳ ва муассиси бунёде тавсиф кард, ки ҳадафаш "дастгирии қишрҳои осебпазири аҳолӣ" гуфта мешавад. Назарбоеви хурдиро ситоиш карданд, ки ба ниёзмандон хона месозад; дар мубориза бо COVID-19 кумак мекунад; гуруҳи эҷодиро сарпарастӣ менамояд; масҷид месозад.
Дар он матлаб дар бораи фаъолиятҳои тиҷоратии ӯ танҳо чанд ҷумла гуфтаанд: “Болат Назарбоев қабл аз фурӯпошии СССР ба хариду фурӯши пӯсти ҳайвонҳо машғул буд. Чӣ тавре мебинед, вай тасмими дуруст гирифт ва кор муваффақона пеш рафт. Баъд аз ин, Болат ходими намоёни ҷамъиятии вилояти Алмаато гардид. Ӯ дар соли 1992 аллакай ҳамаҷониба ба тиҷорати кишоварзӣ машғул шуд.”
“Султон”-и соҳиби “ҳарам”
Муаллифи матлаби таблиғотӣ ба ҳаёти шахсии Назарбоев таваҷҷуҳ карда, суол гузоштааст, ки “Оё дуруст аст, ки Болат Назарбоев худро султон тасаввур мекунад ва ҳарами шахсӣ дорад?” Ва якбора ҷавоби манфӣ додааст. “Дарвоқеъ, зани қонунӣ ва ягонаи Болат Назарбоев Гулҷон Назарбоева ном дорад, ки тақрибан 50 сол якҷоя зистаанд. Мутаассифона, ӯ ба наздикӣ даргузашт,” – гуфта мешавад дар дар сомонаи "Информбюро".
Аммо расонаҳои хабарии дигар, бахусус нашрияҳои хориҷӣ, дар бораи чанд зани Болат Назарбоев менависанд. Аз ҷумла, дар бораи Майра Қурманғалиева. Онҳо дар додгоҳҳои Амрико дар мавриди хонаҳои боҳашамат дар Манҳеттен, Флорида ва Ню-Ҷерсӣ баҳс доштанд. Даъвои тарафҳо дар матбуот бозтоб ёфтааст. Бино ба санадҳои додгоҳӣ, аксар биноҳо дубора ба ихтиёри Болат Назарбоев гузошта шудаанд.
Болат Назарбоев ва Майра Қурманғалиева як фарзанд доранд. Хонболат Назарбоев соли 2002 таваллуд шудааст. Дониёр Кесикбоев, писари Майра Қурманғалиева ва фарзанди угайи Болат Назарбоев, соли 2015 бо духтари сарвазири Малайзия Наҷиб Раззоқ хонадор шуд. Ҳамсари нахуствазири Малайзия гуфта буд, аз хостгоре аз Қазоқистон ба маблағи 24 миллион доллар ангуштарӣ гирифтааст. Вақте Раззоқ дар соли 2018 ба фасод гумонбар шуд, аз хонаи ӯ пули нақд ва ҷавоҳирот ёфтанд.
Ба иттилои расонаҳо никоҳ бо Майра Қурманғалиева соли 2011 бурида шудааст, аммо, бино ба маълумоти сершумори сарчашмаҳои боз, Болат Назарбоев танҳо намондааст. Гулнур Назарбоева, зани ҷавоне, дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд навор гузошта, Болат Назарбоевро "шавҳар" хонд. Вай дар Instagram акси либосҳои гаронбаҳо, пойафзолу сумкаҳояшро нашр карда, дохили хонаашро ҳам нишон дод.
Эрмурод Бапӣ, рӯзноманигори мухолиф, мегӯяд, "тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, Болат Назарбоев ҳудуди 20 зан дорад". Аммо бар асоси манобеи расмӣ Гулҷон Назарбоева, ки ҳоло барҳаёт нест, ҳамсари ягонаи ӯ зикр шудааст.
Бемансаб, аммо бологузар
Болат Назарбоев аз камшумор пайвандони раисҷумҳури пешини Қазоқистон аст, ки дар мансабҳои баланди давлатӣ кор накардааст, вале фарзандонаш дар идораҳои давлатӣ буданд ё ҳастанд.
Нурбол Назарбоеви 38-сола дар вазифаҳои раҳбарии Додситонӣ ва Раёсати корҳои дохилии вилояти Алмаато кор кардааст. Тибқи иттилои сарчашмаҳои боз, ӯ соли 2017 ба тиҷорат рӯй овард ва раиси Фонди сармоягузории Prime Capital Holding шуд.
Гулмира Абишева, духтари 46-солаи Болат Назарбоев, муовини раиси Идораи адлияи Алмаато буд. Вай ба ҳайси додраси Додгоҳи шаҳр ва вилояти Алмаато фаъолият дошт. Раиси Додгоҳи ноҳияи Жетису буд. Бино бар маълумоти дастрас, ҳоло раиси Додгоҳи маъмурии байниноҳиявии Қарасайи вилояти Алмаато аст.
Нурсултон Назарбоев, вақте президенти Қазоқистон буд, гуфта буд, ки пайвандонаш мисли шаҳрвандони дигар ҳақ доранд, аз рӯи ихтисоси интихобкардаашон кор кунанд, ба фаъолияти ҷамъиятиву сиёсӣ ё тиҷорат машғул шаванд.”