Мақомоти Тоҷикистон ба тақрибан сад донишҷӯйи афғонистонӣ, ки дар донишгоҳҳои кишвар таҳсил мекунанд, иҷозаи даромадан надодаанд. Беш аз даҳ донишҷӯи афғонистонӣ рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз моҳи август ба ин тараф кӯшиши ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон натиҷа намедиҳад.
Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, масъала ба нерӯҳои марзбонӣ рабт дорад. Нерӯҳои марзбонӣ мавзуъро расман шарҳ надодаанд. Як марзбон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, барояшон супориш шудааст, ки ба касе иҷозаи гузаштан надиҳанд.
Ишкошим, Дарвоз, Ҳайратон...
Баъзе аз донишҷӯёни афғонистонӣ гуфтанд, ки мӯҳлати раводид ё визаашон тамом шудааст ва барои бархеи дигар муҳлати раводидашон камтар мондааст. Амируллоҳ Саноуллоҳ, сокини вилояти Бадахшони Афғонистон, донишҷӯйи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аст ва то поёни муҳлати раводидаш як моҳи дигар мондааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: СММ гуфт, Тоҷикистон "зӯран" 11 паноҳҷӯро ба Афғонистон фиристод. Мақомот ҳанӯз шарҳе надодаанд“Бештар аз даҳ бор аз чанд нуқтаи марзӣ талоши ворид шудан ба хоки Тоҷикистонро кардам, вале бенатиҷа аст. Тавассути Ишкошим, Дарвоз, Шерхон-Бандар ва ҳатто баъзе дӯстон тариқи Ҳайратон талоши гузаштан карданд, вале иҷозат надоданд. Санад дорем, лекин намегузоранд. Аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳем, иқдоми нек кунанд ва марзро ба рӯи мо кушояд,” -- гуфт ӯ.
Дар Тоҷикистон аз оғози соли нави таҳсил беш аз се моҳ гузаштааст. Дар миёнаи моҳи август, ним моҳ пеш аз оғози соли нави таҳсил, гуруҳи Толибон Афғонистонро тасарруф кард.
Абдуллоҳ Назарӣ, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, мегӯяд, онҳо барои таътили тобистона ба Афғонистон рафта буданд. Ӯ гуфт, ҳоло раводид ё визаи аксар донишҷӯёни афғон тамом шудааст.
“Бисёриҳоро раводидашон дар моҳи ноябр тамом шуд. Ҳоло намедонем, ки ояндаи мо чӣ мешавад. Бисёр хоҳиш мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон ба мо раҳм кунад ва роҳе барои вуруди мо ёбад,” -- гуфт ӯ.
Лоиқ Расулӣ, донишҷӯи афғонистонии Донишгоҳи политехникии Душанбе, мегӯяд, муҳлати раводиди ӯ тамом шудааст: “Ман панҷ сол дар Тоҷикистон таҳсил кардаам ва имсол бояд магистрро хатм мекардам. Бисёр хоҳиш дорем, ки моро бесарнавишт нагузоранд ва ин қадар таҳсиламон барҳадар наравад.”
Баъд аз омадани Толибон
Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки иҷозаи вуруди донишҷӯён ба дасти онҳо нест ва вазорат бо донишҷӯёни афғонистонӣ ҳеч мушкил надорад.
Як марзбон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 7-уми декабр гуфт: “Баъд аз омадани Толибон супориш гирифтем, ки дигар касеро аз марз гузаштан намонем. Гуфтанд, ба хотири бехатарӣ бояд марз баста бошад. Мо ҳам супоришро иҷро мекунем ва касеро намегузорем, ки ворид шавад.”
Дар ҳоле ки Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ба ин масъала дахл надорад, донишҷӯён мегӯянд, агар вазорат ба идораи марзбонӣ макутаб диҳад, онҳоро иҷозаи вуруд хоҳанд дод.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Тоҷикистон роҳ надод, Толибон таҳдид карданд." Вазъи паноҳҷӯёни афғон дар марзи Ишкошим. ВИДЕОТоҷикистон бо гуруҳи Толибон, ки тақрибан чаҳор моҳ боз назорат бар Афғонистонро ба даст дорад, ҳеч робита надорад. Душанбеи расмӣ гуфтааст, хоҳони ташкили ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон дар Афғонистон аст. Толибон чанд дафъа ҳушдор додаанд, ки Тоҷикистон ба кори дохилии онҳо дахолат накунад.
“Дар Афғонистон кӣ омад ва кӣ рафт, мо дахл надоштем. Мо фақат таҳсил кардан мехоҳем. Мо ва даҳҳо духтарон интизори бозшудани роҳ ҳастем,” – гуфт Муҳаммад Ҳайдарӣ, донишҷӯи донишкадаи эенергитаки шаҳри Бохтари вилояти Хатлон.
Дар се моҳи охир на танҳо донишҷӯён, балки садҳо паноҳандаи дигар низ аз Афғонистон натавонистанд вориди Тоҷикистон шаванд. Онҳое, ки ворид шуда буданд, аксаран дубора ба Афғонистон фиристода шуданд.