Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Вазъ дар Афғонистон содда нест." Ятимов: "15 000 паноҳҷӯ ба Тоҷикистон ворид шуд"


Владимир Путин
Владимир Путин

Хатар барои амнияти Тоҷикистон ва эҳтимоли ҷорӣ шудани сели паноҳҷӯён аз Афғонистон рӯзи 13-уми октябр дар Маскав баррасӣ шуд.

Ҳоло мақомоти расмӣ мегӯянд, рӯзона садҳо нафар мехоҳанд, аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаранд. Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфтааст, дар муддати ду моҳи гузашта 15 000 паноҳҷӯи афғон ба Тоҷикистон ворид шудаанд.

Саймуъмин Ятимов
Саймуъмин Ятимов

Ятимов ин суханонро дар нишасти раҳбарони идораҳои амниятии кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав ба забон оварда, афзудааст, ки рӯзона аз 500 то 600 нафар мехоҳанд, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, рӯзи 13-уми октябр дар муроҷиати видеоӣ ба ҳозирони нишаст гуфтааст, мумкин аст, вазъ аз ин ҳам бадтар шавад.

Ӯ афзуд: "Авзоъ дар Афғонистон содда нест. Шумо инро хуб медонед. Пас аз тарки комили нерӯҳои амрикоӣ, ҳукумат ба дасти “Толибон” гузашт, ки қонуну қоидаҳои худро ҷорӣ мекунанд. Айни замон дар кишвар, фаъолияти гуруҳҳои террористӣ ба мисли ДОИШ идома дорад. Аз Ироқу Сурия ҷангҷӯёни тамриндида меоянд. Барои ҳамин, истисно нест, ки террористон барои ноором сохтани кишварҳои ҳаммарзи муштаракулманофеъ то вуруди мустақим талош кунанд."

Чунин баёнияро мақомоти дигари Русия ҳам дар гузашта такрор кардаанд ва коршиносон онро баҳонае барои тақвияти ҳузури низомии Маскав дар Тоҷикистон медонанд.

Муъмин Аҳмадӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ, ки чанде пеш дар Тоҷикистон буд, мегӯяд, дар бораи қабули паноҳҷӯёни афғон дар кишвар назарҳо гуногун аст.

“Дар суҳбатҳои ошкору ниҳон мақомоти расмии Тоҷикистон ба мо мегуфтанд, ки кишвар имкони иқтисодии қабули муҳоҷирони афғонро надорад, чун мумкин аст, дар сурати боз кардани марз то 2 миллион паноҳҷӯ биёяд. Айни замон гуруҳе ба ин назаранд, ки Афғонистон дар солҳои ҷанги дохилӣ садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро сарпаноҳу нон дод ва бояд подоши некии онҳоро баргардонд”, - афзуд ӯ.

Навор аз бойгонии Озодӣ:

Ҳоли паноҳҷӯёни афғон дар марзи Тоҷикистон бадтар шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

Фаъолони ҷомеаи маданӣ ҳам барои ин кор мақомотро танқид кардаанд, ки бар хилофи уҳдадориҳои байналмилалии худ, мардумеро, ки барои наҷоти ҷони худ ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҷое бармегардонанд, ки мумкин аст, кушта шаванд.

Муъмин Аҳмадӣ гуфт: "Айни замон бояд гуфт, дар воқеъ теъдоди шаҳрвандони Афғонистон дар Тоҷикистон пас аз омадани "Толибон" зиёд шудааст. Дар Душанбе ҳузури зиёди онҳоро дидан мумкин аст. Бо баъзе аз онҳо суҳбат ҳам кардем, теъдоде пеш аз омадани "Толибон" бо раводиди сайёҳӣ омадаанд ва теъдоде ҳам пас аз омадани “Толибон”. Дар умум бар асоси иттилое, ки мо ёфтем, беш аз 350 паноҳҷӯи афғон дар ноҳияҳои атрофи Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд.”

Тоҷикистон бо Афғонистон 1300 километр марз дорад ва нигарон аст, ки нооромӣ аз он тарафи сарҳад ба кишвар ҳам сироят мекунад.

XS
SM
MD
LG