Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сироҷиддин Муҳриддин: Тоҷикистон аз вазъият дар марз "хеле нигарон аст". ВИДЕО


Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, пас аз ишғол шудани минтақаҳои марзии Афғонистон аз сӯи Толибон, Душанбе аз вазъи сарҳад "хеле нигарон аст". Изҳороти вазир дар ҳоле садо медиҳад, ки гуруҳи Толибон гуфтааст, барои ҳамсояҳои Афғонистон ноамние эҷод нахоҳад кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, рӯзи 27-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "дар ҳоли ҳозир барои мо аз ҳама муҳим мустаҳкам кардани сарҳад бо Афғонистон аст".

"Дар ин масъала мо бо ҳукумати Афғонистон, бо ниҳодҳои қудратии ин кишвар ва шарикони стратегӣ ҳамкориҳои хуб дорем. Новобаста аз он ки изҳороти Толибон аст, ки аксарияти минтақаҳои Афғонистонро гирифтанд, мо ба сиёсати дохилии ин кишвар ягон чиз надорем. Нигаронии мо пеш аз ҳама ба вазъият дар хати сарҳади мо аст", -- афзуд ӯ.

Як далели Сироҷиддин Муҳриддин барои нигаронӣ аз вазъи марз он будааст, ки ба гуфтаи ӯ давоми зиёда аз 40 соли ҷанг дар Афғонистон, ҳеч гоҳ сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон дар дасти дигар гуруҳҳо набуд. "Хатти сарҳад аз тарафи гуруҳи Толибон гирифта шудааст ва мо хеле нигаронӣ дорем", -- изҳор дошт вазир.

Нигаронии вазири корҳои хориҷӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки гуруҳи Толибон борҳо гуфтааст, ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон таҳдид намекунад ва таъмини амниятро дар марз кафолат хоҳад дод. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи гуруҳи Толибон, аввали моҳи июл дар суҳбат бо расонаҳои русӣ аз Тоҷикистон ҳамчун кишвари дӯст ном бурда, гуфта буд, "мо муносибати хуб хоҳем дошт".

Вале Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 27-уми июл гуфт, Тоҷикистон то ин дам дар сатҳи сиёсӣ бо гуруҳи Толибон "ягон мулоқоту ҳамкориҳо" надошт ва аз мавқеи расмии Кобул ҳимоят мекунад. Додгоҳи олии Тоҷикистон Толибонро гуруҳи террористӣ донистааст.

Ба дунболи садо додани нигаронии вазири корҳои хориҷӣ аз вазъияти марз бо Афғонистон, хабарнигорон аз Сироҷиддин Муҳриддин пурсиданд, ки оё Тоҷикистон нақшаи дубора овардани марзбонони русро ба хати сарҳад дорад?

Вазири корҳои хориҷӣ ба ин суол посухи рад дод ва гуфт, масъалаи дубора овардани марзбонон аз Русия ба марзи Афғонистон "дар баррасӣ нест". Муҳриддин танҳо гуфт, дар Тоҷикистон гуруҳи мушовирони марзбонии Русия фаъолият мекунанд ва Душанбе ҳамчунин бо кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ дар масъалаи ҳифзи марз ҳамкорӣ дорад.

Марзбонони рус дар соли 2006 дидбонии марзи Тоҷикистону Афғонистонро пурра ба ихтиёри марзбонони тоҷик гузоштанд. Вале то ҳоло мақомоти гуногуни Русия борҳо масъалаи бозгашти онҳоро ба сарҳади Афғонистон баррасӣ ва эълом кардаанд.

Навор дар инҷост:

Вазир мегӯяд, Тоҷикистон бо Толибон ҳеҷ робитаи сиёсӣ надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00

Баъд аз он ки Толибон минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистонро гирифтанд, масъалаи сарҳад ва амнияти қаламрави Тоҷикистон барои мақомоти тоҷик муҳим гашт. Аз ҷумла, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми июл дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон супориш дода буд, ки 20 ҳазор афсари эҳтиётӣ ба марзи ин кишвар бо Афғонистон фиристода шаванд. Ҳамчунин субҳи 22-юми июл дар саросари Тоҷикистон санҷиши омодагии ҷангии артиш баргузор шуд.

Тоҷикистону Афғонистон бо ҳам беш аз 1400 километр марз доранд, ки беш аз 900 километри он акнун дар дасти Толибон аст. Дар гузашта Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Русия ва созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон дар таҳкими марз ёрии зиёд расондаанд ва низ гуфтаанд, ин кӯмакҳоро идома хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG