Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Муллоҷонов: "Бо шиками гурусна демократия намешавад, бетартибӣ ва ноамнӣ мешавад" ВИДЕО


Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов
Тоҷикистон дар ҳоле аз 30-солагии истиқлол ҷашн гирифт, ки ҷонибдорони ҳукумат аз пешрафтҳо, вале мухолифон аз камбудҳои ҷиддие ба монанди мушкили иқтисодӣ, бекории афзун ва маҳдудияти озодиҳо суҳбат мекунанд. Аз сӯйи дигар, вазъ дар Афғонистони ҳамсоя тағйир ёфт, ҷое, ки гуруҳи тундрави “Толибон” пас аз бист соли сарнагунии ҳокимият дигарбора назоратро ба даст гирифт. Тоҷикистон бо ин кишвар беш аз 1400 километр сарҳад дорад.
  • Ҳоло Душанбе дар кадом роҳ аст?
  • Мушкилҳоро чӣ гуна мешавад ҳал кард?
  • Бархӯрди Тоҷикистон бо Толибон иваз хоҳад шуд ё не?

Посухи ин суолҳоро аз таҳлилгару сиёсатшиноси тоҷик, Парвиз Муллоҷонов, пурсидем.

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон таҷлили ҷашни истиқлолро рӯзи 7-уми сентябр бо парад ё гашти низомӣ дар саросари кишвар оғоз кард. Ба назари Шумо, ин тасмим паёме дорад?

Парвиз Муллоҷонов: "Ба назари ман, шояд паём дошта бошад, чун вазъ дар Афғонистон рӯз то рӯз печидатар мешавад. Дар пасманзари он вазъи минтақа ҳам дигаргун мегардад. Хатарҳо зиёд аст. Эҳтимоли барҳам зада шудани субот дар Осиёи Миёна ҳам афзоиш меёбад. Рафтори Тоҷикистон шояд як навъ посух ё ёдоварӣ ба ҳамсояҳо, шарикони стратегӣ ва рақибони эҳтимолӣ аст, ки Тоҷикистон ҳам нерӯву артиш дорад ва дар ҳолатҳои муайян метавонад аз он истифода кунад."

Радиои Озодӣ: Яъне, инро мешавад паёме ба Толибон ҳам номид?

Низоми иқтисодие, ки мо дорем, дар заминаи муҳоҷирати корӣ бунёд шудааст. Ин модел дигар куҳна шудааст, ба кор намеояд. Бояд муҳоҷиронро дар давоми (ба камияш) се соли оянда ба ватан баргардонем, ҷойҳои корӣ созем. Ин натанҳо ояндаи ҷомеаву кишвар, балки ояндаи ҳукумат аст.

Парвиз Муллоҷонов: "Фикр намекунам, ки ҳадафи асосӣ танҳо ин бошад. Таҳдидҳои дигаре ҳам дар Осиёи Миёна вуҷуд дорад. Чанд моҳ пеш низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯй дод. Ин ҳушдоре ба ҳамсояҳо низ ҳаст. Ва ёдоварӣ ба ҷаҳониён, ки Тоҷикистон як бозигар аст ва захираву имкониятҳои худро дорад."

Радиои Озодӣ: Гуруҳи "Толибон" ҳайати ҳукумати худро расонаӣ кард. Тоҷикистон гуфт, ҳар ҳукуматеро, ки "бе раъйпурсии мардумӣ ва намояндагони ҳамаи қавмҳо" ташкил мешавад, эътироф нахоҳад кард. Ба фикри Шумо, бо назардошти дигаргуниҳое, ки дар кишвари ҳамсоя аст, то куҷо мавқеъгириҳои Душанбе метавонад тағйир ёбад?

Парвиз Муллоҷонов: "Фикр намекунам, ки ҳукумати Тоҷикистон сиёсаташро ба зудӣ ва ба ин осонӣ тағйир диҳад. Албатта, агар ҳукумати нав дар Афғонистон мустаҳкам шавад, кишварҳои ҳамсоя ва қудратҳои ҷаҳонӣ кӯшиш хоҳанд кард, бо онҳо як навъ созиш кунанд. Ин воқеият аст. Шояд чораи дигаре нахоҳад буд. Дар ҳоли ҳозир аз омадани “Толибон” ба қудрат ба ҷуз аз Покистон ягон кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳисси хушҳолӣ надорад."

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон ҳатто дар зери чатри СПАД ва СҲШ наметавонад рӯзе мавқеашро дигар кунад?

Парвиз Муллоҷонов: "Ба ҳар ҳол, ба осонӣ наметавонад. Дар ин ҷо як далел аст. Мо бо Афғонистон ҳамсоя ҳастем ва робитаҳои қадимӣ дорем. Он чизе, ки дар Афғонистон мегузарад, дар муқоиса ба кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ беҳтару бештар дарк мекунем. Мо як назари мушаххас дорем. Ҳам сохторҳои қудратӣ, ҳукумат ва ҷомеаи коршиносон дар Тоҷикистон бовар надоранд, ки "Толибон" дигар шудааст ё дигар хоҳад шуд. Ин ҷунбиши ифротӣ аст, идеологияи ифротӣ дорад, дигар нашудааст ва намешавад. Бархурди Тоҷикистон аз ин нигоҳ аст."

Радиои Озодӣ: Аз истиқлоли Тоҷикистон 30 сол гузашт. Аз назари Шумо, чӣ дастовард буд ва чӣ мушкилот мондааст?

Парвиз Муллоҷонов: "Нисбат ба дастовардҳо. Дар давоми сӣ сол дастовардҳо ҳастанд ва назаррас ҳам мебошанд. Аввал, дар солҳои 90-ум, ҳарчанд хатари ҷиддӣ вуҷуд дошт, давлатдории миллии тоҷиконро аз даст надодем. Дувум, суботи сиёсӣ устувор шуд. Севум, даврони қумондонӣ аз байн рафт. Ин дастовард аст. Мушкилоту душвориҳо то ҳозир вуҷуд доранд. Хеле ҷиддӣ ҳастанд. Мутаассифона, баъзе аз мушкилҳо ва таҳдидҳое, ки боис ба ҷанги шаҳрвандӣ шуда буданд, ҳанӯз ҳастанд, решакан нашудаанд. Ин дарди сар барои ҳукумат, мардум, ҷомеа ва хатар ба оянда аст. Пеш аз ҳама фасод, буҳрони иқтисодӣ ва сатҳи зиндагии мардум. Назорат кардан як чиз, идора кардан чизи дигар аст. Идора кардан ба маънои рушди иқтисод, рушди иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Парвиз Муллоҷонов: "Бо шиками гурусна демократия намешавад."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:53 0:00

Радиои Озодӣ: Аз назари бисёре таҳлилгарон ва мунтақидон, мушкили умдаи ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки як низоми худкома бунёд кардааст, дар кишвар фазои бисёрҳизбӣ вуҷуд надорад, интихоботҳо озоду одилона нестанд, бахши сармоягузориву соҳибкорӣ пур аз мушкил аст. Ҳамаи инро хилоф бо меъёрҳои демократӣ меноманд. Бо ин танқидҳо розӣ ҳастед? Ва агар ин мушкилҳо ҳал нашаванд, дурнамои кишвар чӣ хоҳад буд?

Парвиз Муллоҷонов: "Фикр мекунам, мо заминаҳои хуби давлатдорӣ дорем, вале масъалаи асосӣ барои ҳукумати ҳозира ислоҳот ва ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ аст. Ман мардумсолориро аз масъалаҳои иқтисодӣ ҷудо намедонам. Мардумсолориро якбора ба даст овардан номумкин аст. Бо шиками гурусна низоми мардумсолориро мустаҳкам карда наметавонед, бо шиками гурусна фақат бетартибӣ ва ноамнӣ ба вуҷуд меоред."

Радиои Озодӣ: Вале дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон созмонҳои қавии иҷтимоие буданд, ки масъалаҳои ҳуқуқи башарро мебардоштанд, ҳал мекарданд...

Парвиз Муллоҷонов: "Дар ин муддат вазъият дар дохилу атрофи Тоҷикистон дигар шуд. Мутаассифона, шабакаи ҷомеаи шаҳрвандӣ аз байн рафт, ҳоло он қадар тавонманд нест. Мо ду масъалаи асосӣ дорем. Бояд ислоҳотро ба роҳ монем ва заминаҳои мардумсолориро мустаҳкам кунем. Вақте ислоҳот тарҳрезӣ ва амалӣ гардад, натиҷаи хуб диҳад, синфи миёна (мардуме бо даромади миёна) дар Тоҷикистон ба вуҷуд хоҳад омад. Бе сохтани чунин қишр, синф ё табақа, ба фикрам, низоми мардумсолор дар Тоҷикистон ҳам он қадар оянда надорад."

Радиои Озодӣ: Дар охир, ба истиқлоли Тоҷикистон чӣ таҳдид мекунад?

Парвиз Муллоҷонов: "Набудани ҳаракат ва набудани ислоҳот. Барои мисол, низоми иқтисодие, ки мо дорем, дар заминаи муҳоҷирати корӣ бунёд шудааст. Ин модел дигар куҳна шудааст, ба кор намеояд. Бояд муҳоҷиронро дар давоми (ба камияш) се соли оянда ба ватан баргардонем, ҷойҳои корӣ созем. Шароите ба вуҷуд биорем, ки ҳар кас тавонад бо меҳнати ҳалол барои худу оилааш даромад ёбад. Ин натанҳо ояндаи ҷомеаву кишвар, балки ояндаи ҳукумат аст. Вазифаи калидии ҳукумат аст, чун тамоми воситаҳо ва имконот ҳам дар дасти ҳукумат аст."

XS
SM
MD
LG