Ҳуқуқшиноси тоҷик Абдуқаюм Юсуфов даргузашт

Абдуқаюм Юсуфов соли гузашта ба Русия сафар кард ва бо шурӯи пандемия дар Тамбов, макони зисти чанд фарзандаш дармонд. Ният дошт барои шурӯи кори нав ба Душанбе баргардад

Ҳуқуқшиноси тоҷик Абдуқаюм Юсуфов, ки бо ҳимояташ аз парвандаҳои пурсарусадои мисли генерал Ғаффор Мирзоев маъруф буд, дар синни 61-солагӣ дар Русия даргузашт.

Ин хабарро ба Радиои Озодӣ Фаридун Юсуфов, писари ҳуқуқшинос аз шаҳри Душанбе тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки сабаби марги падар дарди дил буд, ки чанд соли ахир ӯро азият мекард. Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, фарзандон, ки як қисмашон дар шаҳри Тамбови Русия ба сар мебаранд ва падарашон ҳам дар ҳамон ҷо буд, дар фикри ба Тоҷикистон интиқол додани ҷасад мебошанд. Ӯ гуфт, ба эҳтимоли зиёд ҷасадро дар фурсати наздик тавассути Маскав ба Душанбе интиқол хоҳанд дод. Ӯ аз ин беш сӯҳбат накард, танҳо гуфт, ки "ду сол шуд он касро надида будам".

Қабл аз ин дӯсти наздики Юсуфов - Раҳмонбердӣ Қенҷаев ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари марги ӯро дар Фейсбук нашр шавад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки «ду рӯз пеш ӯро бо нишонаҳои сармохӯрдагӣ ба як беморхонаи Тамбов интиқол доданд» ва гӯё ӯ «баъди якбора боло рафтани фишори хунаш ҷон додааст».

Ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон дар ин бора иттилое надодаанд.

Пешниҳоди кори нав

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 22-юми октябр Юсуфов бо хабарнигори Радиои Озодӣ Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Тамбов сӯҳбат каод карда буд ва дар ин сӯҳбаташ гуфт, ки «каме дарди дил» азияташ мекунад. Вале ба гуфтаи Холиқзод, рӯҳияаш хуб буд ва ӯ дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки бар асоси як озмун пешниҳоди кор ба ҳайси ҳуқуқшинос дар идораи як созмони байналмилалӣ дар Душанберо пазируфтааст ва ният дорад базудӣ ба Тоҷикистон рафта аз паи кори нав шавад. Ӯ гуфтааст, ки «бо созмони адвокатҳо дигар ҳамкор нест».

Абдуқаюм Юсуфов хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон замоне дар мақоми муовини раиси коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон «Сипар» кор кардааст.

"Яке аз беҳтарин шогирдонам буд"

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, ки аз хабари марги Юсуфов бисёр андӯҳгин шуд, гуфт, "ӯ яке аз шогирдон ва ҳамкорони беҳтарин" буд. Бобназарова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Душанбе гуфт, "ӯ яке аз беҳтарин шогирдони азизам буд. Хеле дар ҷумҳури адвокати машҳур ҳам буд. Бо бисёр парвандаҳое машғул буд, ки дигарҳо ҷуръати машғул шудан бо онро надоштанд. Ман ҳатто ба ин хабар бовар надорам. Ба наздикӣ, вақте як дӯсти ҳамкораш Абдураззоқ Алимардонов - як ҳуқуқшиноси дигари бисёр хуб даргузашт, як гап гуфт ва ҳамин гап ҳоло дар сарам мечархад: "Дӯсти азизам, дидор дар қиёмат". Бисёр афсӯс мехӯрам".

Бобоназарова афзуд, ки Юсуфов барои бисёр дармондаҳо ёриҳои ройгони ҳуқуқӣ медод.

Ҳукми Иззат Амонро "сиёсӣ" меҳисобид

Абдуқаюм Юсуфов ҳуқуқшиноси ботаҷриба буд ва дар баробари кор бо парвандаҳои ҳассос, ҳеҷ гоҳ дархости матбуотро барои шарҳу тавзеҳи қонуну қарорҳои ҳуқуқӣ рад намекард. Аз ҷумла, ба гуфтаи Мирзонабии Холиқзод, рӯзи 22-юми октябр, дар сӯҳбати телефонӣ аз Русия қарори додгоҳ дар Тоҷикистон дар робита бо фаъоли муҳоҷирон Иззат Амонро, ки бо иттиҳоми тақаллуб ба 9 соли зиндон маҳкум шуд, "ноодилона" ва "ғайриқонунӣ" хонд. Ӯ дар ин сӯҳбат шарҳ додааст, ки аз рӯи қонуни афв парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад, ки имсол ба муносибати 30-солагии истиқлолият ҷорӣ шудааст. Ӯ гуфтааст, "додгоҳ қарори сиёсӣ баровард, вагарна Иззат Амон баъди пардохти ҳама қарзҳо бояд озод мешуд".

Абдуқаюм Юсуфов аз ҳуқуқшиносони ҷонибори ёрии ҳуқуқии ройгон ба аҳолӣ буд ва мегуфт, ки ба кори адвокатҳо набояд танҳо аз назари фаъолияти тиҷоратии онҳо баҳогузорӣ кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ба адвокатҳои тоҷик ӯҳдадории нав "медиҳанд"Садҳо зиндонӣ дар пайи тасвиби Қонуни афв озод шуданд. АКС. ВИДЕОҚонуни афв. Киҳо бахшида мешаванд, киҳо не? ВИДЕОДаъват ба кумаки бепули вакилони дифоъ дар Тоҷикистон. ВИДЕОАфви подполковник. Муфаттиши Бузургмеҳр Ёров озод шуд"Зайд Саидов, Ғаффор Мирзоев ва Искандаров афв намешаванд"Ҳуқуқшинос: Шанси Зайд Саидов барои афв ба 0 баробар аст (3 ВИДЕО)"Сипар" барҳам хӯрд", "Кафолат" рӯи кор омад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Зайд Саидов, Ғаффор Мирзоев ва Искандаров афв намешаванд"