Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни афв. Киҳо бахшида мешаванд, киҳо не? ВИДЕО


Чанд соат пас аз тасвиб шудани "Қонуни афв" аз сӯи порлумони Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон ба он имзо гузошт. Қонун ҳудуди 20 ҳазор нафарро фаро хоҳад гирифт, вале ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, зидди амнияти давлат, зиндониёни якумрӣ, онҳое, ки барои таҳқири намояндаи давлат ва истифодаи зӯроварӣ нисбати онҳо маҳкум шудаанд, афв нахоҳанд ​шуд.​ Марҳилаи иҷрои қонуни афв акнун пас аз нашр шудани он дар нашрияҳои давлатӣ, шуруъ мешавад.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон шомгоҳи 25-уми октябр хабар дод, ки мақомоти дахлдор бояд дар мӯҳлати ду моҳ қонунро пурра татбиқ намоянд.

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 25-уми октябр зимни муаррифии тарҳи "Қонуни афв" дар Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ҳадафи аслии он, ба ҳаёти осоишта баргардонидани зиндониён мебошад. Ба гуфтаи ӯ, 4 ҳазору 500 нафар, ки ба корҳои ислоҳӣ ва ҷазоҳои ғайризиндонӣ маҳкум шудаанд, афв мешаванд. Наздик ба 7 ҳазор нафар ҳам аз зиндонҳо озод мешаванд ва аз ҷумла, аз 300 зани зиндонӣ 165 тани онҳо ба озодӣ мебароянд. Ӯ ҳамчунин гуфт, он занҳое, ки то 12 сол дар зиндон буданд, сарфи назар аз маҳдудиятҳои қонун, озод хоҳанд гашт. Афв ҳамчунин нисбати ноболиғон, маълулон ва шаҳрвандони хориҷӣ низ татбиқ хоҳад шуд

Ба гуфтаи Додситони кулли Тоҷикистон, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, зидди амнияти давлат, зиндониёни якумрӣ, онҳое, ки барои таҳқири намояндаи давлат ва истифодаи зӯроварӣ нисбати онҳо маҳкум шудаанд, афв нахоҳанд шуд. Юсуф Раҳмон афзуд, татбиқи афв доғи судиро аз номи шахс намебардорад ва ӯро аз ҷуброни зарари расондааш озод намекунад.

Бахтовар Сафаров, вакили порлумони Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр зимни баррасии ин тарҳ дар порлумон гуфт, ки фарқияти қонуни афви феълӣ аз қонунҳои қаблӣ ин аст, ки онҳое "гумроҳ" шудаанд ва дар зери маводҳои дорои вижагии экстремистӣ "лайк" гузоштаад, афв хоҳанд шуд. Ин вакили порлумони Тоҷикистон шумораи ин қабил зиндониёнро 500 нафар гуфт.

Аксарияти ин афрод, бар асоси моддаи 307, (иловаи се, қисми 2)-и Кодекси ҷиноятӣ зиндонӣ шудаанд, ки аз 5 то 8 сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон Қонуни авф қабул шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон ҳам мегӯянд, солҳои охир бандҳои Кодекси ҷиноӣ сахттар шуда, бисёре аз ҷавонон танҳо ба хотири пахши тугмаи "лайк" ва ё "класс" дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ифротгароӣ ва ё ҷонибдорӣ аз он гунаҳкор ва зиндонӣ шудаанд.

Аз ҷумла дар Тоҷикистон соли 2016 ба Кодекси ҷиноӣ мафҳуми "сафедкунии оммавии экстремизм ва терроризм, аз ҷумла тавассути интернет" ворид шуд ва гузоштани лайкро ҳам дар аксар ҳолатҳо тафтишот ба маънои сафедкунӣ ва ё тарғиби ғояҳои ифротӣ қаламдод мекунанд.

"Бино бар ин қонуни нав онҳоеро озод хоҳанд кард, ки айбномаро пазируфтаанд. Агар шахси маҳкумшуда иттиҳомотро қабул накарда, вале нисбати ӯ ҳукми суд баромада бошад, афв нисбати ӯ татбиқ нахоҳад шуд," – мегӯяд ҳуқуқшинос Абдуқаюм Юсуфов.

Афв ҳамчунин ба маҳбусоне, ки умдатан ҳамчун "зиндонии сиёсӣ" ном бурда мешаванд ва аксари онҳо бо иттиҳомоти ҷиноӣ адои ҷазо мекунанд, рабт намегирад. Барои намуна, ба вакили машҳур Бузургмеҳр Ёров ё соҳибкор Зайд Саидов, ки парвандааш пурсарусадо буд. Ҳамчунин онҳое, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, монанди яке аз раҳбарони пешини Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ Муҳаммадалии Ҳайит низ аз ин қонун берун мемонанд. "Афв нисбати онҳое, ки ба иттиҳоми тундгароӣ ё терроризм маҳкум шудаанд, низ тибқи ин қонун истифода намешавад", – гуфт вакили мудофеъ.

Дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлол 15 дафъа қонуни афви маҳбусону боздоштшудаҳо қабул шудааст. Охирини онҳо дар моҳи августи соли 2016 ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон қабул шуда буд, ки бар асоси он 12 ҳазор маҳбусу афроди гумонбар ба содир кардани ҷиноятҳои мухталиф ба назди пайвандонашон баргаштанд.

Соли 2012 мақомоти Оҷонси зиддифасод дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки ҳангоми татбиқи афви ҳамон сол беш аз 100 маҳбус "бо истифода аз асноди қалбакии бемории сил афв шудаву аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод гаштаанд". Бархе аз сокинон мегӯянд, ин хавф ҳанӯз ҳам ҳаст, вале мақомот мегӯянд, ин ҷараёнро ҷиддӣ назорат мекунанд. Ҳамчунин расонаҳо борҳо аз тамаъҷӯӣ ё порадиҳӣ ҳангоми татбиқи қонунҳои афв хабар додаанд.

Рӯзи 25-уми октябр вакилони Маҷлиси намояндагон низ аз мақомот хостанд дар иҷроиши қонуни афв аз фасод ҷилавгирӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG