Бархе аз ҳуқуқдонҳои тоҷик шанси соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов ва, ҳамин тавр, генерал Ғаффор Мирзоеву Маҳмадрӯзӣ Искандаровро барои афв шудан ба сифр баробар донистанд. Вакили дифоъ Абдуқаюм Юсуфов, ки бо тарҳи қонуни афв ошно шудааст, рӯзи 18-уми август гуфт, "ин қонун нисбат ба гунаҳкорони таҷовуз ба номус, терроризм ва онҳое, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, татбиқ нахоҳад шуд". Вай афзуд, "то ҷое огоҳем, Ғаффор Мирзоев ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст. Зайд Саидов дар баробари баҳсҳои иқтисодӣ барои таҷовуз ба номус гунаҳкор дониста шудааст ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров - ба терроризм."
Зайд Саидов моҳи майи соли 2013, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсие бо номи “Тоҷикистони нав” боздошт ва дар моҳи декабри ҳамон сол аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон бо иттиҳомоте, чун сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Дар моҳи июли соли 2015 Додгоҳи олӣ ба ҳукми ӯ 3 соли дигар афзуд. Зайд Саидов ва тарафдоронаш иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо рад мекунанд ва онро сиёсӣ меноманд.
Аммо дар афви соли 2011-ум аз 15 сол ҳукми Ёқуб Салимов ва 23 сол ҳукми Маҳмадрӯзӣ Искандаров дусолиашро кам кардаа буданд. Бо ин ҳол, лоиҳаи қонуни афв, ки ба муносибати 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон омода шудааст, наздикону вакилони дифои бархе аз чеҳраҳоро барои авфи онҳо умедвор кардааст. Ин тарҳ 24 август дар нишасти якҷояи вакилони ду палатаи порлумони Тоҷикистон баррасӣ ва қабул хоҳад шуд.
"Зарафо Раҳмонӣ афв мешавад"
Рӯзи 18-уми август дар Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Зарафо Раҳмонӣ – узви зиндонии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ – бар асоси қонуни афв озод хоҳад шуд. Мусоҳиби мо гуфт, Зарафо Раҳмонӣ ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуда ва 4 кӯдаки ноболиғ дорад ва барои ҳамин қонуни афв нисбат ба ӯ татбиқ мегардад. "Вай барои ҳамагӣ ду соли зиндон маҳкум шудааст ва новобаста аз ҷинояташ афв хоҳад шуд. Метавонед, ин хабарро бирасонед," – афзуд манбаъ.
Ҳуқуқшиноси тоҷик Абдуқаюм Юсуфов низ мегӯяд, ҳукми Зарафо Раҳмонӣ вазнин нест ва ҷазои ӯ ба талаботи моддаи 1 ва 7-и қонуни афв мутобиқ буда, Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ метавонад ӯро аз зиндон раҳо кунад.
Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, соли гузашта боздошт шуд. Мақомот ӯву 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҲНИТ-ро барои ҳамкорӣ бо гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ва даст доштан дар ошӯби моҳи сентбяри соли гузашта муттаҳам карда, моҳи июн ба муддатҳои тӯлонӣ ба зиндон фиристоданд. Раҳмонӣ танҳо зан дар ҳайати ин гуруҳ буд, ки ба ду соли зиндон маҳкум шуд.
Абдуқаюм Юсуфов дар бораи кӣ афв мешаваду кӣ не:
"Вале вакили мудофеъ Шуҳрат Қудратов, ки давраи ҷазоро сипарӣ мекунад ва Бузугмеҳр Ёров, ки дар курсии айбдорӣ нишастааст, шонсишомил шудан ба афвро доранд," – шарҳ дод Юсуфов.
Додгоҳи шаҳри Душанбе адвокат Шӯҳрат Қудратовро ба нӯҳ соли зиндон маҳкум карда буд. Аммо Додгоҳи олии Тоҷикистон дар пайи шикояти вакили мудофеи Қудратов ин ҳукмро тағйир дода то 3 солу 8 моҳ поин овард. Абдуқаюм Юсуфов мегӯяд, бар асоси лоиҳаи қонуни нави афв Шӯҳрат Қудратов метавонад, бо пардохти ҷарима аз идомаи адои ҷазо раҳо шавад.
Хоҳари Бузургмеҳр Ёров дар бораи қонуни афв:
Вале гуфт ӯ, "Бузургмеҳр Ёров бояд аввал бегуноҳии худро дар мавриди моддаи 307 (Даъвати оммавӣ барои дар амал баровардани фаъолияти экстремистӣ) ва моддаи 189 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ) собит кунад. Он гоҳ тибқи ин лоиҳа бо пардохти ҷарима аз муҳокима озод хоҳад шуд."
Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров, бо изҳори умедворӣ аз “объективона” идома ёфтани ҷараёни мурофиаи додгоҳии бародараш гуфт, "бегуноҳии ӯ нисбат ба ду моддаи вазнин собит хоҳад шуд ва баъд имкон дорад, бар асоси моддаи “қаллобӣ” ҷарима пардозаду озод шавад."
Аммо Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби мамънӯи наҳзати исломӣ, аз қонуни нави афв чандон умед надорад. Ӯ гуфт, шавҳараш ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст ва шояд соле аз ин ҳукм камтар шавад, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ бар асоси ин қонун шавҳараш аз зиндон раҳо нахоҳад шуд. "Худам дар бораи ин авф хабар ёфтам, аммо касе дар бораи кам шудани ҳукми шавҳарам чизе нагуфтааст. Марди 60-сола агар як сол ҳам кам шавад, вале 28 сол ин кам нест," - афзуд ӯ.
Назари ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб:
Зимнан, тарҳи қонуни афв рӯзи 17-уми август аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод шуд. Бар асоси ин тарҳ, интизор меравад, 12 ҳазор, аз ҷумла 3 ҳазор зиндонӣ аз идомаи адои ҷазо озод шаванд.