Гурӯҳи аввали зиндониёни тоҷик дар пайи тасвиби "Қонуни афв", ба озодӣ баромаданд. Порлумони Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр ин қонунро тасвиб намуд ва раиси ҷумҳур ҳамон рӯз онро имзо кард.
Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, рӯзи якшанбеи 27-уми октябр 1064 нафар аз чаҳор зиндон -- маҳбаси Ёвон, зиндони занонаи Норак, Муассисаи нигаҳдории ноболиғон ва маҳбаси махсус воқеъ дар маҳаллаи 33-и пойтахт, раҳо шуданд. Аз ин шумор 165 тани онҳоро занон, 60 нафари дигарро ноболиғон, 793 танро зиндониёни маҳбаси Ёвон ва 40 нафари дигарро маҳбусони зиндони махсус воқеъ дар маҳаллаи 33-и пойтахт, ташкил медиҳанд.
Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 28-уми октябр дар хузури хабарнигорон ва наздикони маҳбусон дар саҳни зиндони маҳаллаи маъруф ба "Якум советский" гуфт, ки имрӯз 558 маҳбус аз ин зиндон ба озодӣ мебароянд. Вай афзуд, ки маҳбусони боқимондаи ин зиндон пас аз бозбинии ҳуҷҷатҳои онҳо, рӯзҳои оянда раҳо хоҳанд шуд.
Қонуни афв ҳудуди 20 ҳазор нафарро фаро хоҳад гирифт, вале ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, зидди амнияти давлат, зиндониёни якумрӣ, онҳое, ки барои таҳқири намояндаи давлат ва истифодаи зӯроварӣ нисбати онҳо маҳкум шудаанд, афв нахоҳанд шуд.
Ин афв ба муносибати ҷашни 25-уми солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки рӯзи шашуми ноябр таҷлил мешавад, эълон шудааст. Дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки мақомоти дахлдор бояд дар мӯҳлати ду моҳ қонунро пурра татбиқ намоянд.
Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 25-уми октябр зимни муаррифии тарҳи "Қонуни афв" дар Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ҳадафи аслии он, ба ҳаёти осоишта баргардонидани зиндониён мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, 4 ҳазору 500 нафар, ки ба корҳои ислоҳӣ ва ҷазоҳои ғайризиндонӣ маҳкум шудаанд, афв мешаванд. Наздик ба 7 ҳазор нафар ҳам аз зиндонҳо озод мешаванд ва аз ҷумла, аз 300 зани зиндонӣ 165 тани онҳо ба озодӣ мебароянд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, он занҳое, ки то 12 сол дар зиндон буданд, сарфи назар аз маҳдудиятҳои қонун, озод хоҳанд гашт. Афв ҳамчунин нисбати ноболиғон, маълулон ва шаҳрвандони хориҷӣ низ татбиқ хоҳад шуд.
"Бино бар ин қонуни нав онҳоеро озод хоҳанд кард, ки айбномаро пазируфтаанд. Агар шахси маҳкумшуда иттиҳомотро қабул накарда, вале нисбати ӯ ҳукми суд баромада бошад, афв нисбати ӯ татбиқ нахоҳад шуд",-мегӯяд ҳуқуқшинос Абдуқаюм Юсуфов.
Дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлол 15 дафъа қонуни афви маҳбусону боздоштшудаҳо қабул шудааст. Охирини онҳо дар моҳи августи соли 2016 ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон қабул шуда буд, ки бар асоси он 12 ҳазор маҳбусу афроди гумонбар ба содир кардани ҷиноятҳои мухталиф ба назди пайвандонашон баргаштанд.
Агар аз ҷараёни озодсозии зиндониён акс ё видеое дошта бошед, фиристодани онро фаромӯш накунед. Ба ин рақамҳо:
- +420 607 900 808;
- +992 980 15 10 10,
- +420 724 056 681;
- +420 724 053 959.
ИМО-ву Вайбер ва Вотсапу Телеграм дорем.