Намояндагони гуруҳи "Толибон" дар нишасти Маскав талош карданд, ҷомеаи ҷаҳониро бовар диҳанд, ки ҳукумати онҳо дар Афғонистон ҷавобгӯйи меъёрҳост ва бояд ба таври расмӣ шинохта шавад. Бисёре аз кишварҳо ташкили ҳукумати фарогир, риояи ҳуқуқи одамон, иҷозаи таҳсил ба духтарону иҷозаи кор ба занон, озодии баён ва амнияти комил дар Афғонистонро аз шартҳои эътирофи "Толибон" номидаанд. Чизе, ки ба гуфтаи онҳо ҳанӯз иттифоқ науфтодааст.
Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси ҳукумати "Толибон", рӯзи 20-уми октябр дар Маскав гуфт, ҳукумати нави Афғонистон таъмини амниятро ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа кафолат медиҳад. "Агар ҳукумати "Толибон" эътироф нашавад ва аз он пуштибонӣ сурат нагирад, бешубҳа, нуфузи гурӯҳҳои таҳдидкунанда ба амнияти Афғонистон боло меравад", -- афзуд ӯ.
Намояндаи баландпояи ҳукумати "Толибон", инчунин, аз Амрико хост, дороиҳои Афғонистонро аз банд озод кунад. Вазорати молияи Амрико гуфтааст, таҳрими иқтисодӣ ба зидди "Толибон" бояд идома ёбад ва ба ин гуруҳ иҷоза дода нахоҳад шуд, ки ба пулҳои давлати пешинаи Афғонистон дастрасӣ пайдо кунад.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, дар нишасти Маскав гуфт, бо гузашти ҳар рӯз бадтар шудани вазъи иҷтимоии Афғонистон мояи нигаронӣ аст. Ӯ афзуд, вазъи иҷтимоии Афғонистон пойдор нест ва ҳар лаҳза эҳтимоли як таҳдид вуҷуд дорад.
Барои иштирок дар нишасти Маскав намояндагони даҳ кишвар, аз ҷумла Чину Покистон, Эрон, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Узбекистон даъват шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман нагуфтаанд, ки дар нишасти Маскав иштирок карданд ё не. Матбуоти русӣ навишт, ки дар нишаст намояндагони Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Нишасти Маскав дар ҳоле баргузор шуд, ки ҳамлаҳои гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст. Русия нигарон аст, ки нооромӣ дар Афғонистон метавонад, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ "сироят" кунад.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Толибон", ки фаъолияташ дар аксар кишварҳо мамнуъст, ду моҳ пеш назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт ва дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон "аморати исломӣ" ташкил дод. То ин дам ҳеч кишвар ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст.
Дар нишасти Маскав ин талаб садо дод, ки ҳукумати нави Афғонистон бояд "иборат аз намояндагони ҳама гурӯҳҳои қавмиву динӣ ва сиёсӣ" бошад. Ин андешаро аз оғоз мақомот дар Тоҷикистон ҳам баён карда буданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Абдуллоҳи Раҳнамо. Таъсири ҳодисаҳои ахири Афғонистон ва вокуниши ҷомеаи Тоҷикистон"Нома ба Панҷшер" аз чоп баромад Нишасти Маскав. Баҳси "ҳукумати фарогир" ё эътирофи "Толибон"?Машқҳои СПАД дар Тоҷикистон ва сафари "Толибон" ба Маскав