Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нома ба Панҷшер" аз чоп баромад


Аҳмадшоҳ Масъуд, пешвои Эътилофи шимол рамзи муқовимат бо Толибон буд. Ӯ соли 2001 дар ҳамлаи маргталабони "Ал-Қоида" кушта шуд
Аҳмадшоҳ Масъуд, пешвои Эътилофи шимол рамзи муқовимат бо Толибон буд. Ӯ соли 2001 дар ҳамлаи маргталабони "Ал-Қоида" кушта шуд

Дар Душанбе зери унвони "Нома ба Панҷшер" китобе дар васфи Аҳмад Масъуд ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба нашр расидааст. Дар ин китоб ашъори шоирони маъруфи Тоҷикистон ва ҳамчунин мақолаҳои донишмандону журналистон гирдоварӣ шудааст. Интизор меравад, ки ба зудӣ дар як маросим "Нома ба Панҷшер" муаррифӣ шуда, шакли электронии он ҳам дар интернет дастраси хонандагон гардад. Ҳамчунин ду рӯз пеш нашриёти "Адиб"-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маҷмуаи ашъори шоирони форсизабонро дар ситоиши Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо номи “Ҳамосаи Панҷшер” аз чоп баровард. Панҷшер ягона минтақаи Афғонистон аст, ки то ҳол бо нерӯҳои “Толибон” таслим нашудааст.

XS
SM
MD
LG