Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) Станислав Зас рӯзи 22-юми октябр бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон меравад. Ӯ омодагии сарбозонро ба марҳилаи ниҳоии тамринҳои неруҳои кишварҳои узви СПАД дар Тоҷикистон месанҷад. Бо афзоиши нигаронӣ аз вазъи амниятӣ дар Афғонистон, дар Тоҷикистон нерӯҳои СПАД машқҳои васеъмиқёси низомиашонро идома медиҳанд. Вазоратҳои дифои Тоҷикистону Русия гуфтанд, ки дар машқҳои низомӣ бештар аз 4 ҳазор сарбоз аз Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳои узв ширкат меварзанд. Размоишҳо дар майдонҳои Мумирак ва Ҳарбмайдон дар ҷануби кишвар доир мешаванд. Тамринҳо дар остонаи гуфтугуҳои «Толибон» ва раҳбарони минтақавӣ сурат мегирад, ки қарор аст, имрӯз дар Маскав баргузор гардад. Ин аввалин сафари намояндагони «Толибон» ба Русия аз замони ба қудрат расидани онҳо дар Афғонистон дар моҳи августи имсол мебошад. Ба ҳайати «Толибон» муовини дувуми сарвазир Абдул Салом Ҳанафӣ раҳбарӣ менамояд. Ҷаласаро вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ифтитоҳ хоҳад кард. Сергей Лавров рӯзи 19-уми октябр дар ҳошияи нишасти гурӯҳи мубоҳисавии Валдай дар Маскав гуфт, масъалаи ба расмият шинохтани «Толибон» баррасӣ нашудааст. Дар ин байн Тоҷикистон, баръакси кишварҳои дигари минтақа гуфтааст, ки ҳукумати «Толибон»-ро ба расмият намешиносад ва неруҳои изофиро барои тақвияти посбонии марзи 1400-километрии Тоҷикистону Афғонистон фиристодааст.