Русия рӯзи 20-уми октябр мизбони нишасте бо ҳузури "Толибон" аст, ки дар он мақомоти Чину Покистон ва ҳашт кишвари дигар иштирок мекунанд. Маълум нест, оё Тоҷикистон ҳам ба нишаст намояндаҳои худро фиристодааст ё на. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳанӯз ба ин суоли Радиои Озодӣ посух надод.
Як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия 20-уми октябр ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, дар нишаст намояндагони Ҳинду Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон низ иштирок мекунанд.
Русия, ки аз эҳтимоли бесуботӣ ва афзоиши хушунат аз Афғонистон ба марзи кишварҳои ҳамсояаш нигарон аст, ин ҷаласаро барои тавсеаи нуфузаш дар минтақа истифода мекунад. Баъди дар миёнаҳои моҳи август аз ҷониби "Толибон" ишғол шудани Кобул ва аксар минтақаҳои Афғонистон, ҷаласаи Маскав маъракаи калони байнулмилалист, ки дар он намондагони ин гурӯҳ иштирок мекунанд.
Лавров: "Ҳукумати воқеан фарогир" роҳи расидан ба "сулҳи пойдор"
Вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров, дар муроҷиат ба иштирокдорон гуфт, дар шароите, ки гурӯҳҳои террористии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) ва "Ал-Қоида" дар фикри бесубот кардани вазъ дар Афғонистон ҳастанд, Маскав "талошҳои "Толибон"-ро барои эҷоди эътидоли низомиву сиёсӣ ва ташкили идораи давлатӣ" эътироф мекунад.
Лавров афзуд, Маскав ташкили як "ҳукумати воқеан фарогир"-ро дар Кобул ягона роҳи расидан ба "сулҳи пойдор" дар кишвар арзёбӣ мекунад.
Дар ин нишаст, ки бе ҳузури намояндагони Амрико мегузарад, ҳайати "Толибон"-ро иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири ин гуруҳ дар Афғонистон Абдусалом Ҳанафӣ ва сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии "Толибон" Амирхон Муттақӣ раҳбарӣ мекунанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, яке аз ҳадафҳои нишаст талоши роҳ надодан ба як "буҳрони башарӣ" дар Афғонистон мебошад. Лавров афзуд, дар ҷаласа ташкили "ҳукумати фарогир" дар Кобул мавриди баррасӣ хоҳад буд.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи "Толибон", гуфт, ин гурӯҳ аз иштирокдорони нишаст дархости ёрии иқтисодиву сиёсӣ хоҳад кард. Муҷоҳид гуфт, "табиатан, конфронс сари масоили иқтисодиву сиёсӣ ва ҳам мушкилоти амниятӣ дар минтақа ва Афғонистон тамаркуз хоҳад кард."
Сафир: Масъалаи эътирофи "Толибон" нест
Дар ҳамин ҳол, сафири Русия дар Афғонистон Дмитрий Жирнов ба журналистон дар Кобул гуфт, дар ин ҷаласа мавзӯи эътироф кардани ҳукумати "Толибон" баррасӣ намешавад.
Маскав пеш аз ин давоми чанд соли гузашта бо ширкати "Толибон" муколамаву музокироти зиёде барпо карда, вале ҳоло ба эътирофи ҳукумати ин гурӯҳ дар Афғонистон шитоб намекунад. "Толибон" дар Русия як созмони мамнуъ ва террористӣ аст.
Русияву ҳамсояҳои Афғонистон дар Осиёи Марказӣ аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидҳои амниятӣ аз ин кишвари ҷангзада ва эҳтимоли аз марз гузаштани даҳҳо ҳазор паноҳҷӯ нигарон ҳастанд.
Дар вокуниш ба ин таҳдидҳои эҳтимолӣ Русияву кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар хоки ҳамсояҳои Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон, машқҳои низомӣ барпо мекунанд.
Ҳафтаи гузашта президенти Русия, Владимир Путин, ҳушдор дод, ки гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар хатҳои шимолии марзи Афғонистон тахминан 2 ҳазор ҷангҷӯро ҷойгир кардааст. Вай ҳамзамон иддао кард, ки ҷангҷӯёни ДОИШ дар фикри гузаштан аз марзҳои Осиёи Марказӣ буда, паноҳҷӯён боис ба эҷоди бесуботии диниву қавмӣ мешаванд.
Маскав солҳои 80-ум дар Афғонистон ҷанг кардааст, ки боиси кушта шудани 2 миллион афғонистонӣ шуда, зиёда аз 7 миллион касро ба тарки хонаҳояшон маҷбур кардааст. Дар ин ҷанг, ки даҳ сол тӯл кашид, 14 ҳазор сарбози Шӯравӣ ҳам кушта шуданд.