Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Имрон Хон, сарвазири Покистон вазъ дар Афғонистонро бо ҳам баҳс кардаанд.
Тоҷикистон ва Покистон дар нисбат ба ҳукумати Толибон дар Афғонистон назари хилофи ҳам доранд.
Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон шоми 17‑уми сентябр эълон кард, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар шаҳри Душанбе миёни “Толибон ва тоҷикон” гуфтушунидро ба роҳ мемонанд.
Ба навиштаи сомонаи президент, Тоҷикистон ва Покистон барои хатми низоъ, “ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа” ба мувофиқа расидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон дар ҳукумати ояндаи Афғонистон таъкид кардааст.
Покистон аз кишварҳои ҳомии Толибон ном бурда мешавад. Ҳарчанд, мақомоти Покистон инро эътироф намекунанд, вале ҳамвора ба ҷонибдорӣ аз ин гуруҳ суҳбат мекунанд.
Аз ин пеш, Имрон Хон ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи СҲШ дар Душанбе гуфт, суқути режими гузашта дар Афғонистон, омадани Толибон ва хуруҷи неруҳои хориҷӣ дигар як воқеият аст. Имрон Хон дар як вақт “шукргузорӣ” кард, ки ин ҳама “бидуни хунрезӣ, ҷанги дохилӣ ва ихроҷи густурдаи оворагон” сурат гирифт. Нахуствазири Покистон афзуд, дар шароити феълӣ ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки итминон дошта бошанд, аз Афғонистон дубора ба сулҳу амнияти онҳо таҳдид сурат намегирад.
“Яке аз авлавиятҳо буҳрони инсонӣ ва вазъияти иқтисоди дар ин кишвар ҳаст. Хатари фурӯпошии иқтисодии Афғонистон пойбарҷост. Аз ҳама мехоҳем, ки ҳамаи ҳимояти байналалмилалиро басиҷ кунем, ки ба кӯмаки инсондӯстона дар Афғонистон пардозем. Покистон аз ҳеч гуна кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон худдорӣ намекунад.”,--гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон борҳо Толибонро танқид кард ва эълон кард, ки ҳукумати онҳоро ба чунин шакл ба расмият нахоҳад шинохт.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар назди роҳбарони СҲШ, аз вазъият дар дараи Панҷшер нигаронӣ кард ва гуфт, “дар ҳоли ҳозир Панҷшер дар муҳосираи комил аст.” Ӯ аз роҳбарони Созмони миллал ва Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дархост кард, ки ба мардуми Афғонистон кӯмак кунанд. Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи Толибонро ба бастани роҳи кӯмакҳои башардӯстона ба дараи Панҷшер танқид кард, ҳарчанд ин гуруҳ чунин даъвоҳоро рад мекунад.
“Низоми сиёсӣ дар Афғонистон бояд бар асоси майли мардум бошад, бидуни ягон дахолат аз ягон кишвар ва дикта кардани навъи сохтори сиёсӣ. Бидуни ҳузури ҳамаи гуруҳҳо ташкил кардани ҳукумат дар Афғонистон метавонад вазъиятро бадтар кунад. Бинобар ин дар назар бигирем, ки ҳаққи мардуми Афғонистон аст, ки ҳукуматро таин кунанд,"-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Толибон рӯзи 15-уми август пас аз фирори Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон Кобулро тасарруф карданд. Бад ин тартиб, ба ҷуз вилояти Панҷер тамоми манотиқи Афғонистон таҳти тасарруфи онҳо даромад. Ҳукумати ташкилкардаашонро “Аморати исломии Афғонистон” номидаанд. Дар ин ҳукумат ҳеҷ зане мақом надорад ва Толибон дар нахустин иқдом ҳуқуқи занро ба кору таҳсил маҳдуд карданд. Ин амал боиси эътирози афғонистониҳо дар дохил ва хориҷ аз кишвар шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Гуфтугӯҳои душвор. Сарони СҲШ дар талоши ҳамназарӣ ба Толибон. ВИДЕОНишасти СҲШ дар Душанбе. Тоқаев пешниҳод кард ва Моди нигаронӣ намудПутин иваз шудани қудрат дар Афғонистонро “мусбат” номидСин Ҷин Пин гуфт, бояд барои сулҳ дар Афғонистон талош кунемОғози нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе бе ҳузури намояндаи Афғонистон Дар Душанбе ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД пушти дарҳои баста оғоз шудШавкат Мирзиёев аз гуфтугӯ бо Толибон ҳимоят кардИмрон Хон даъвати кумак ба Афғонистонро кард