Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД пушти дарҳои баста оғоз шуд


Кохи Сомон.
Кохи Сомон.

Дар Душанбе ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) оғоз шуд. Дар ин ҷаласа президентҳо Тоҷикистон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, нахуствазири Арманистон ва Вазири корҳои хориҷии Русия ширкат доранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар оғози ҷаласа суҳбати муқаддимавии кутоҳе дошт ва аз рушди ҳамкориҳо дар доираи СПАД суҳбат кард. Баъди суханронии кутоҳи Эмомалӣ Раҳмон хабарнигоронро аз толори ҷаласа берун карданд.

Вохӯрии роҳбарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ пушти дарҳои баста сурат мегирад. Тибқи иттилои дарёфтӣ, вазъи Афғонистон яке аз мавзуъҳои асосии ин нишаст мебошад.

Дар назар аст, ки ҷаласаи роҳбарони кишварҳои узви СПАД то нисфирӯзи 16-уми сентябр давом кунад ва дар охир, хулосаи вохӯрӣ бо хабарнигорон дар миён гузошта шавад.

Нишасти СПАД дар шароите баргузор мешавад, ки баъди ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон нигарониҳо аз ин кишвар бештар шудааст. Дар назар аст, ки фардо 17-уми сентябр ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе баргузор шавад. Инчунин як ҷаласаи вижа бо ширкати роҳбарони СПАД ва СҲШ дар бораи вазъи Афғонистон дар назар аст.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро соли 1992 таъсис доданд ва феълан Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви онанд. СПАД бо ҳадафи "тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст", вале онро як созмони зери нуфузи Русия меноманд.

XS
SM
MD
LG