Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар ҷаласаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой пешниҳоди ташкили маркази кӯмакрасонӣ ба Афғонистонро кард. Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд аз "маҳви фарҳанг ва арзишҳо " нигаронӣ кард.
Афғонистон ва чолишҳои амниятӣ барои минтақа аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯи роҳбарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе аст.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон зимни суҳбат дар нишасти сарони СҲШ хостори ташкили як марказ барои интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба Афғонистон шуд. Тоқаев гуфт, Қазоқистон омода аст, ки ин марказро дар шаҳри Алмато ташкил кунад.
Раиси ҷумҳури Қазоқистон вазъияти Афғонистон кишварҳои минтақаро дар баробари хатари ҷиддӣ қарор додааст ва онҳо бояд ба ин вазъи тағййирёбанда омода бошанд.
“Қазоқистон ояндаи Афғонистонро ҳамчун кишвари воҳид ва мустақил мебинад, ки дар сулҳ зиндагӣ кунад. Дар ин замони тақдирсоз созмони ҳамкориҳои Шонгҳой метавонад барои ба даст овардани сулҳ дар Афғонистон нақши бисёр фаъолона дошта бошад. Мо бар ин назар ҳастем, ки барои аз байн бурдани маводи мухаддир ва ҳамчунин муҳоҷирати беназорат аз Афғонистон бояд кор кунем. Бояд ба мардуми Афғонистон, ки ҳоло ба мушкилот рубарӯ шудаанд, кӯмак расонем,”--гуфт Тоқаев.
Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд, ки дар ин нишаст маҷозӣ ширкат дошт гуфт, ифротгароӣ яке аз мушкилиҳои асосии минтақа аст ва шароити пешомада дар Афғонистон, ин мушкилро вазнинтар кардааст. Нахуствазири Ҳинд таъкид кард, ки кишварҳои узви СҲШ дар масъалаи Афғонистон дастабакор шаванд. Моди ҳамчунин гуфт, “мо дар минтақа шоҳиди маҳви фарҳанг ва арзишҳо ҳастем.”
Дар нишасти якҷояи роҳбарони кишварҳои узви СПАД ва СҲШ кишвари Ҳиндустон бо Тоҷикистон мавқеи тақрибан яксон доштанд.
Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд дар ҳузури роҳбарони ду созмони минтақавӣ аз Толибон ҳамчун гуруҳи ифротгароӣ ном бурда гуфт, ба расмият шинохтани давлати онҳо "мавзуи баъдӣ аст". Мод гуфт, бояд дар Афғонистон бо ҳузури намояндагони ҳамаи ақалиятҳо давлат ташкил шавад ва набояд Афғонистон дигар барои содироти терроризм истифода шавад.
Нахуствазири Ҳинд аз “терроризми фаромарзӣ” ном бурд, ки ба гуфтаи он бояд ба он таваҷҷуҳ шавад.
Дар Душанбе нишасти роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой идома дорад, ки мавзуи аслии он вазъи Афғонистон аст.